Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 аз 3 декабри соли 2012, № 685

Санаи амалкуни: 29.12.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012,

№ 685 тасдиқ шудааст

Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2015 № 764)

Муқаддима

1. Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мониторинги экологӣ" таҳия шудааст, ки ба рушди мониторинги экологӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда, ба мустаҳкам намудани заминаҳои техникӣ ва барқарор намудани озмоишгоҳҳо ва нуқтаҳои ташхиси оби дарёҳо, ҳавои атмосфера, хок ва афканишоти ионофар дар дохили кишвар ва минтақаҳои наздисарҳадӣ дар давраи солҳои 2013-2017 равона гардидааст.

2. Таъмини амнияти экологӣ бо маълумоти боэътимоди обуҳавошиносӣ, манбаъҳои об ва хизматрасонии иқлимӣ шарти асосии рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки ба солимии ҷомеаи инсонӣ зич алоқаманд аст.

Ҳамзамон, масъалаи мазкур мавзӯи таҳлилу натиҷагирии як қатор конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аксари онҳо шомил мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифадор аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи умумибашариро риоя намуда, ҷиҳати устувори ҷомеа қонунҳои амалкунандаро дар ин бахш мутобиқ гардонад.

3. Таъсири байнимарзии кишварҳои ҳамсоя мунтазам дар доираи як қатор конвенсия ва созишномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, ки мутобиқи онҳо заминаи моддию техникии нуқтаҳои мушоҳидавӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таҳким карда шаванд, баррасӣ карда мешавад.

4. Шабакаҳои мушоҳидавии ифлосшавии муҳити зист ба мақсади мушоҳида ва арзёбии ҳолати муҳити табиӣ, аз ҷумла об, ҳавои атмосфера, хок ва ҳолати радиоактивӣ бо дарназардошти шиддати таъсири антропогенӣ ва зуҳуроти фавқулоддаи гидрометеорологӣ, дар шаҳрҳои калони саноатӣ Душанбе (7 дидбонгоҳ), Қӯрғонтеппа (3 дидбонгоҳ), Кӯлоб (2 дидбонгоҳ), Хуҷанд (3 дидбонгоҳ), Турсунзода (3 дидбонгоҳ), Сарбанд (1 дидбонгоҳ) ва ноҳияи Ёвон (2 дидбонгоҳ) ҷойгир шуда буданд.

Айни замон дар шаҳрҳои Душанбе (5 дидбонгоҳ), Кӯлоб (2 дидбонгоҳ), Қӯрғонтеппа (2 дидбонгоҳ), Сарбанд (1 дидбонгоҳ) ва Турсунзода (2 дидбонгоҳ) тамоман фаъолият намекунад.

Бинобар сабаби корношоям гардидани таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ ё тамоман нобуд шудани нуқтаҳои мушоҳидавӣ, на дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ташхиси ҳавои атмосфера, обҳои рӯизаминӣ, қабати хок гузаронида мешавад ва ба ҷойи 21 нишондиҳандаи ифлоскунанда 6 ифлоскунандаи ҳаво ташхис мегардад.

Дар 25 ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои омӯзиши нурафканӣ амал менамуд, ки айни ҳол 11 - тои он фаъолият намуда, боқимонда бо сабаби аз кор баромадани таҷҳизот аз кор бозмондаанд. Бо сабаби корношоям гардидани таҷҳизот аз соли 1992 то инҷониб ташхиси қабати хок умуман гузаронида намешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

5. Мақсади асосии Барномаи мазкур аз гузаронидани мониторинги экологӣ оид ба мушоҳидаи ҳолати муҳити зист, аз ҷумла мушоҳидаи ҳолати муҳити зист дар минтақаҳои воқеъ дар манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист, огоҳсозӣ ва пешгӯии тағйирёбии ҳолати муҳити зист, ки зери таъсири омилҳои антропогенӣ ва табиӣ қарор доранд, инчунин таъмини иттилооти дастрас ва эътимоднок ба давлат, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бораи ҳолати муҳити зист ва тағйирёбии он, бо мақсади пешгирӣ ё кам намудани оқибатҳои ногувор вобаста ба тағйирёбии муҳити зист мебошад.

Инчунин, мақсади Барномаи мазкур аз таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои ташхиси сифати обҳои рӯизаминӣ, хок, нурафканӣ, ҳавои атмосфера, ташкили низоми ягонаи мониторинги муҳити зист ва банақшагирии чорабиниҳои мушаххас барои ташаккули низоми самараноки мониторинги вазъи муҳити зист дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2013-2017 иборат мебошад.

6. Ба нақша гирифтани чорабиниҳои аз ҷиҳати мӯҳтаво ва ҳаҷман мушаххас барои таъсиси низоми самарабахши мониторинги экологии сифати оби дарёҳо, хок, ҳаво ва нурафканӣ, ҷиҳати паст намудани таъсири ифлосшавии муҳити табиӣ ба саломатии одамон ва иқтисодиёти кишвар дар шароити тағйирёбии иқлим зарур мебошад. Дар тӯли солҳои охир таъсири корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист то андозае коҳиш ёфта бошад ҳам, таъсири соҳаи нақлиёт рӯз аз рӯз афзуда истодааст.

7. Ғайр аз ин, хокборишҳои пайдарпай, ки аз тарафи ҷануб ва ғарб ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, миқдори зиёди чангу хок, намак ва зарраҳои дигари ифлоскунандаро ворид намуда, ба хоҷагии халқ ва ҳолати пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад.

8. Бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити табиӣ ва пузӯр намудани назорати давлатӣ, зарурати аз нав таҷҳизонидани Маркази мониторинги муҳити зист ба миён омадааст, ки амалҳои зеринро дар бар мегирад:

- барқарорсозии нуқтаҳои намунагирӣ аз дарёҳои сарҳадгузар;

- барқарорсозии нуқтаҳои мушоҳидаҳои сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ;

- харидории лабораторияҳои сайёр ва нуқтаҳои (маҷмӯи дастгоҳҳои) мушоҳидаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ;

- таҷҳизонидани лабораторияҳои кимиёвӣ бо дастгоҳҳо ва лавозимоти таҳлилии ҳозиразамон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода ва ноҳияи Ёвон;

- харидорӣ намудани таҷҳизот барои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, нурафканӣ ва хок;

- тайёр намудани кадрҳо ва баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисон, ҷавобгӯй ба талаботи муқаррарнамудаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологӣ;

- ҷамъоварии автоматикӣ, таҳлил ва интиқоли маълумот оид ба мониторинги муҳити зист тавассути насбу истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ;

- рушди усулҳои пешгӯии ҳадди ҷоизи консентратсия.

9. Вазифаҳои Барнома чунин аст:

- аз нав таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо, мониторинги ҳолати оби дарёҳо, ҳавои атмосферӣ, хок ва нурафканӣ;

- барқарор намудани нуқтаҳои намунагирии об, ҳавои атмосферӣ, хок ва нурафканӣ;

- ташкили заминаҳои моддӣ ва техникӣ барои гузаронидани экспедитсияҳои мониторинги муҳити зист;

- ташкил намудани махзани иттилоот дар бораи объектҳои мушоҳидашаванда;

- баҳодиҳии нишондиҳандаҳои ҳолат ва мукаммалии функсионалии маҷмааҳои табиӣ, муҳити зист ва вазъи саломатии инсон;

- назорат аз болои омилҳои таъсиррасон ва ҳолати муҳити зист;

- ба таври доимӣ ташкил намудани мониторинги экологӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ;

- ба роҳ мондани истифодаи технологияи муосир ва таҷрибаи пешрафта дар соҳаи мониторинги муҳити зист;

- тайёр намудани кадрҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони соҳаи мониторинги муҳити зист;

- таъсиси Маркази худкори (автоматии) иттилоотии мониторинги муҳити зист.

Яке аз мақсадҳои Барнома низоми мониторинги муҳити зист мебошад. Низоми мониторинги муҳити зист ҷамъоваорӣ, банизомдарорӣ ва таҳлили иттилоотро:

- оид ба ҳолати муҳити зист;

- оид ба сабабҳои мушоҳидашаванда ва ҳолати воқеии тағйирёбии ҳолати муҳити зист;

- оид ба раванди тағйирёбӣ ва зиёдшавии ифлосшавии муҳити зистро дар маҷмӯъ бояд ба роҳ монад.

Ба низоми мониторинги муҳити зист назорат аз болои ҳолати унсурҳои биосферӣ, сарчашмаҳо ва омилҳои таъсири антропогенӣ дохил мешаванд.

3. Самтҳои Барнома

10. Самти асосии Барнома аз таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аҳолӣ ва соҳаҳои асосии хоҷагии халқ бо маълумоти бонизом, воқеӣ ва пешбинишавандаи вазъи экологӣ ва рух додани офатҳои табиӣ иборат мебошад.

11. Дар таҳияи Барнома принсипҳои зерин ба роҳбарӣ гирифта шудааст:

- таъмини нигоҳдории шабакаҳои мушоҳидавӣ ва минтақаи муҳофизатии онҳо, ҷиҳати дастрас намудани иттилооти саҳеҳ оид ба муҳити зист;

- таҷҳизонидани шабакаҳои мушоҳидавӣ бо асбобу лавозимот, методика ва технологияҳои ҳозиразамон;

- барқарорсозии нуқтаҳои мушоҳидаи ҳавои атмосферӣ ва нуқтаҳои худкор (автоматӣ);

- такмили мақомот ва усулҳои огоҳонӣ аз таҳдиди офатҳои табиӣ;

- такмили системаи худкори (автоматикии) ҷамъоварӣ, интиқол ва коркарди иттилоот;

- таҳия ва нашри маълумотномаҳои илмию таҷрибавӣ;

- ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мониторинги муҳити зист;

- дастаҷамъона қабул намудани қарор оид ба пешгӯии натиҷаҳои мониторинги экологӣ;

- таъмини кафолатноки мониторинги экологӣ аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти ба муҳити зист таъсиррасонандаро амалӣ мегардонанд.

- тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таъминоти техникӣ.

4. Натиҷаҳои ниҳоии Барнома

12. Дар доираи иҷрои Барнома корҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- барқарор ва мустаҳкам гардонидани заминаҳои моддию техникии мақомоти мониторинги муҳити зисти минтақаҳои наздисарҳадӣ;

- бо мутахассисони баландихтисос таъмин гардидани мақомоти мониторинги муҳити зист;

- дастраси истифодабарандагон гардонидани маълумоти саҳеҳ ва саривақтӣ оид ба сифат ва ҳолати об, хок, ҳаво ва нурафканӣ дар ҷумҳурӣ;

- ташкил ва пешбурди Феҳристи муосири мониторинги экологии Тоҷикистон;

- тавсифи мониторинги экологӣ ва сифати ҳолати муҳити зисти ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ;

- пешбурди мониторинги доимӣ, ҷиҳати ба истифода додани усулҳои нави омӯзиши сифати хок, об, ҳаво ва нурафканӣ;

- ташкил ва ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии маълумоти моҳворавӣ ва феҳристи мониторинги экологии Тоҷикистон;

- ба усули худкор (автоматӣ) ташкили озмоишгоҳҳо ва нуқтаҳои назоратӣ дар дарёҳои сарҳадгузар ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ;

- иҷрои корҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ.

5. Механизми татбиқи Барнома

13. Барнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва грантҳо маблағгузорӣ карда мешавад.

14. Асоси молиявии Барномаро маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, маблағгузории ташкилотҳои байналмилалӣ ва грантҳо ташкил медиҳанд.

Ниг. ба Замима