Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 685 "Дар бораи Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017"

Санаи амалкуни: 29.12.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2015 № 764)

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2015 № 764).

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2012, № 685

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе мониторинга окружающей среды Республики Таджикистан на 2013-2017 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 29.12.2015г.№764)

В соответствии со статьей 18 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

 1. Утвердить    Программу    мониторинга    окружающей    среды Республики Таджикистан на 2013-2017 годы и План мероприятий по её реализации (прилагаются).

2. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан, Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Государственный комитет по земельному управлению и геодезии  Республики Таджикистан, Комитетом по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и председателями Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять необходимые меры для реализации настоящей Программы (в редакции постановления Правительства РТ от 29.12.2015г.№764).

3. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан каждое полугодие представлять в Правительство Республики Таджикистан отчет о ходе реализации данной Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 3 декабря 2012 года, № 685