Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии кормандон ва бехатарии шароити меҳнат, ҷалб намудани диққати васеи корфармоён оид ба ташкили фаъолияти ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият барои татбиқи максаду вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Барномаи ҳифзи меҳнат барои солҳои 2013-2016-ро таъмин намуда, аз натиҷаи татбиқи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 10 феврал ахбор пешниҳод намояд
.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2012, № 684
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии кормандон ва бехатарии шароити меҳнат, ҷалб намудани диққати васеи корфармоён оид ба ташкили фаъолияти ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият барои татбиқи максаду вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Барномаи ҳифзи меҳнат барои солҳои 2013-2016 - ро таъмин намуда, аз натиҷаи татбиқи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 10 феврал ахбор пешниҳод намояд.