Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 аз 3 декабри соли 2012, № 678

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012,

№ 678 тасдиқ шудааст

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаддима

Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маданияти баланди ҳуқуқиро талаб менамояд, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2001 "Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардида буд. Он бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои Даҳсолаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 1995-2004, ки бо қатъномаи 49/184 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) эълон гаштааст, таҳия шуда буд. Барномаи мазкур доираи васеи ҳадафҳоро муқаррар намуда, шаклҳои гуногуни таълими ҳуқуқи инсонро барои тамоми қишрҳои ҷомеа фаро мегирифт.

Бинобар ба анҷом расидани вазифаҳои асосии Барномаи зикргардида ва бо мақсади такмили низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон зарурати таҳия ва қабули Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон пеш омадааст.

Барномаи мазкур мутобиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд ва бо дарназардошти принсипҳо, мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2010-2014 таҳия гардидааст.

Барнома тавсеа ва такмили марҳилавии низоми иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба сатҳи сифатан нави тайёр кардани кадрҳо мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ равона гаштааст.

Доираи амали Барномаи мазкур таълими (омӯзишӣ) соҳаи ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, курсҳои омӯзишӣ ва азнавтайёркунии омӯзгорон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиро фаро мегирад.

2. Мақсадҳои асосии Барнома

1. Мақсадҳои асосии татбиқи Барнома аз мусоидат ба инҳо иборатанд:

а) баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон;

б) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

в) ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

г) ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ;

д) тавсеаи доираи татбиқи арзишҳо ва стандартҳои ҳуқуқи инсон бо дарназардошти иқдомҳои амалишуда дар низоми таҳсилоти миёна, махсус ва олӣ барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ;

е) таъмини принсипҳои роҳбарикунандаи қисмҳои асосии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми маориф ва дар барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ;

ё) муттаҳид ва равона намудани саъю кӯшишҳои якҷоя барои амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

ж) мусоидат ба фаъолият ҷиҳати таъсис додани шабакаҳо ва ба танзим даровардани ҳамкориҳо байни ташкилотҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;

з) таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои дурнамои дарозмӯҳлат ва тайёр кардани кадрҳо барои ҷорӣ намудани низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон.

3. Самтҳои асосии Барнома

2. Барои системаи маориф:

а) шарҳи маводи мавҷудаи таълимӣ ва методӣ барои муайян намудани мувофиқати онҳо ба стандартҳои ҳуқуқи инсон, инчунин банақшагирии таҷдиди назари мунтазами онҳо;

б) ҷорӣ намудани фанни таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар нақшаҳои таълимии ҳамаи тахассусҳои омузишӣ бо тамоюли касбӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

в) таҳияи барномаи намунавӣ ва ё стандартҳои кӯтоҳтарини нақшаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

г) бо дарназардошти самтҳои тахассусӣ таълиф намудани китобҳои дарсӣ ва дигар мавод оид ба ҳуқуқи инсон;

д) дастгирии нашр ва паҳни дубораи китобу брошюраҳо доир ба ҳуқуқи инсон;

е) мусоидат намудан ба таъсиси шабакаи байни мактабҳои олии таълимӣ вобаста ба мубодилаи доимии таҷриба дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

ё) фаъолгардонии муассисаҳои олии таълимӣ ҷиҳати истифодаи васоити ахбори омма дар ҷараёни таълим;

ж) дастгирии ташкилӣ- маҳфилҳо, клубҳои музокиравӣ, марказҳои машваратӣ, курсҳои тобистонаи донишҷӯён ва талабагон, гузаронидани олимпиадаҳо, озмунҳо, конференсияҳои илмию амалӣ оид ба ҳуқуқи инсон;

з) таъминоти мунтазами китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотии муассисаҳои олии таълимӣ бо маводи вобаста ба ҳуқуқи инсон;

и) мусоидат ба баланд бардоштани сифати усул (метод) ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон;

й) таҳия ва нашри фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи инсон бо забони давлатӣ;

к) мусоидат намудан ба таъсиси грантҳои давлатӣ ва банақшагирии ҷалби грантҳои хориҷӣ барои тадқиқот дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

л) ҷорӣ намудани курси таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои ҳамаи омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ дар сохторҳои такмили тахассуси омӯзгорон;

м) таъмини баҳодиҳии даврии сифати таълим ва сифати такмили ихтисос оид ба ҳуқуқи инсон.

3. Барои судяҳо:

а) аз ҷониби Маркази таълимии судяҳои назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии мақсадҳои асосии Барномаи ислоҳоти судии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ шудааст;

б) тақвияти сатҳи тахассусии судяҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон;

в) бо мақсади татбиқи якхелаи стандартҳои ҳифз дар амалияи судӣ ворид намудани ҳамаи стандартҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон дар барномаҳои таълимии мавҷудаи судяҳо дар барномаҳои таълимӣ барои дигар гурӯҳҳои мақсаднок (системаи маориф, хизмати давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ).

4. Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ:

а) дар сатҳи касбӣ тайёр намудани мураббиҳо ва устодон оид ба ҳуқуқи инсон аз доираи васеи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва сохторҳои ҳарбӣ, ки барои риоя, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқи инсон масъулияти хос доранд;

б) омодагии ибтидоии омӯзгорон дар ҳамаи сатҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ;

в) омодагии ибтидоӣ ва муттасили касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, системаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ;

г) тартиб додани барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шарҳи мухтасари масъалаҳои асосии дар ҷараёни таълим баррасишаванда.

5. Барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ:

а) тафсири методҳои таълимӣ бо мақсади ҷорӣ намудани курсҳои махсусгардонидашуда оид ба ҳуқуқи инсон барои шунавандагони мушаххас;

б) таҷдиди назари барномаҳои мавҷудаи таълимӣ бо мақсади муайяни якҷоя кардани принсипҳо ва меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳама фанҳои дахлдор;

в) таҳияи курсҳои махсусгардонидашудаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос оид ба ҳуқуқи инсон;

г) расонидани ёрии методӣ ва амалӣ ба мақоми ваколатдори хизмати давлатии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

д) муносибати дақиқ дар омодасозии дастурдиҳандаҳо, ки баъди баргаштан ба муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ё ҷои хизмат барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсеаи маводи дахлдор ва дониш ваколатдор мебошанд;

е) андешидани тадбирҳо оид ба тайёр кардани шахсони мансабдоре, ки қобилияти муносибат кардан бо гурӯҳҳои мақсаднокро доранд;

ё) ниҳодикунонии омодагирӣ оид ба ҳуқуқи инсон тавассути таъсиси сохтори устувори омодагирӣ, ки ба таркиби он ҳам бахши хизмати давлатӣ ва ҳам гурӯҳҳои мақсадноке, ки барои таълими ҳуқуқи инсон пешбинӣ щудаанд, шомиланд;

ж) таъсиси механизми мониторинг, таҳлил ва арзёбии таълим оид ба ҳуқуқи инсон дар бахши хизмати давлатӣ.

4. Воситаҳои татбиқи Барнома

6. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва таҳкими он истифодаи муносибати томро ба омӯзиш ва андӯхтани донишҳо тавассути муттаҳидсозии маҷмӯи мақсадҳо ва мундариҷаи барномаҳо, захираҳо, методологияҳо, арзёбии миқдорӣ ва сифатӣ, баҳисобгирии омилҳои ҷамъиятии берун аз синфҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои шарикиро байни иштирокчиёни гуногун ҳам дар дохили ҷомеаҳои таълимӣ (академикӣ) ва ҳам берун аз он талаб менамояд.

7. Ҳар як мақомот ва воҳидҳои сохтории он барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсонро, аз ҷумла шарҳи масъалаҳои асосии дар рафти омӯзиш баррасишаванда ва иттилоотонии талабагон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, судяҳо, кормандони дастгоҳҳои судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбиро тартиб медиҳад.

8. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо роҳи ташкили семинару курсҳои кӯтоҳмуддат бо истифодаи филмҳо, мубоҳисаҳо, брошюраҳо ва бо муҳокимаи мисолҳои таҷрибавӣ гузаронида мешавад.

9. Низоми таълим ва иттилоотонии ҳама мақомот бояд назорати сатҳи дониш ва истифодаи донишҳои андӯхтаро дар амалия пешбинӣ намояд. Шакли назорати сатҳи донишҳо дар охири ҳар курси таҳсил бо роҳи тестӣ ва дар амалия бо роҳи санҷиш (мониторингҳо) аз ҷониби роҳбарияти ҳар як мақомот муайян карда мешавад.

10. Зимни назорат ва санҷиши (мониторинги) низоми таълим бояд санҷиши (мониторинги) мунтазами риояи меёрҳои конунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гузаронида шуда, дар асоси ин санҷишҳо ба барномаҳои такмили ихтисос, ки мундариҷаи таълим ба онҳо асос ёфтааст, тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

5. Мақомоти роҳбарикунандаи татбиқи Барнома

11. Рафти татбиқи Барнома аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ, ки аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор таъсис дода мешавад, таъмин мегардад.

12. Ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти иҷрокунандагони Барнома ба зиммаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

6. Мақомоти масъули татбиқи Барнома

13. Барои пешбурд ва риояи стандартҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ба таълими мураттабу босифати тахассусӣ оид ба ҳуқуқи инсон фаро гирифтани доираи васеи мутахассисон аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бозомӯзӣ ва донишкадаҳои такмили ихтисоси вазорату идораҳо, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ҳамчун сохторҳои давлатӣ барои риоя, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқи инсон масъуланд, зарур аст.

а) мақомот ва муассисаҳои масъул барои иҷрои Барнома дар соҳаи маориф

Масъулияти асосӣ барои иҷрои Барнома дар соҳаи маориф ба зиммаи муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон вогузор карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

б) мақомот ва муассисаҳои масъул барои иҷрои Барнома дар соҳаи таълими судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ

Таҳияи тавсияҳои илмию методӣ ва воситаҳои таълимӣ оид ба истифодаи шакл ва методҳои фаъоли таълим ва иттилоотонӣ, тартиб додани барномаҳои ягона оид ба ҳуқуқи инсонро дар соҳаи таълими судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ таъмин менамоянд.

Кормандон дар доираи машғулиятҳои мунтазами такмили ихтисос ва тайёрии ҳуқуқӣ бо ҷалби профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии (Маркази таълимии судяҳои назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо) ин мақомот, ҷалби ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон таълим дода мешаванд.

Муассисаҳои таълимии ин мақомот манбаи асосии таълими соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд.

в) мақомот ва муассисаҳои масъул барои иҷрои Барнома дар соҳаи таълими хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ

Иҷрои Барномаро дар соҳаи таълими хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Таҳия ва татбиқи Барномаи давлатии таълим дар соҳаи хуқуқи инсон барои хизматчиёни давлатӣ ба зиммаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Ҳайати омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои Барнома модулҳои таълимӣ таҳия менамоянд.

Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зичро бо мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ба монанди марказҳои бозомӯзӣ ва донишкадаҳои такмили ихтисоси вазоратҳо ва идораҳо, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахш оид ба корҳои занон ва оила, бахш оид ба корҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра), кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воситаҳои ахбори омма ба роҳ мемонад.

7. Чорабиниҳои иттилоотӣ

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ба тариқи доимӣ барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавониро оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ менамоянд.

8. Марҳилаҳои татбиқи Барнома

Марҳилаи якум (солҳои 2013-2014):

а) таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ;

б) тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барнома;

в) таҳия ва тасдиқи барномаҳои мақсаднок оид ба самтҳои асосии иҷрои Барнома;

г) таҳия ва тасдиқи дастурҳои методӣ оид ба иҷрои Барнома;

д) тайёр кардани кадрҳо барои амалӣ намудани низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

е) мусоидат дар ташкили шабакаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни ташкилоту идораҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ. Марҳилаи дуюм (солҳои 2015-2018):

а) татбиқи самтҳои асосии Барнома;

б) таҳлили ҳарсолаи кори анҷомдода ва ҳангоми зарурат таҷдиди назар намудани чорабиниҳои дар Барнома пешбинигардида. Марҳилаи сеюм (солҳои 2019-2020):

а) ба анҷом расонидани чорабиниҳои нақшавӣ ва барномавӣ оид ба самтҳои асосии пешбиникардаи Барнома;

б) таҳлили арзёбии татбиқи Барнома.

9. Идоракунӣ ва ташкили таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон

Ҳамоҳангсозии умумии Барномаро Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ аз ҷумлаи роҳбарони сохторҳои таълимии вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар ташкилотҳо, ки дар банди 11 Барномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, таъсис дода мешавад.

Таҳияи Низомнома дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ва Нақшаи муфассали татбиқи Барнома, инчунин санҷиши иҷрои Барнома ба зиммаи гурӯҳҳои кории таъсисдодаи Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ва дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маърӯзаи ҳарсолаи худ оид ба рафти татбиқи Барномаи мазкур низ маълумот пешниҳод менамояд.

Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ маълумотро дар бораи ҳолати иҷрои Барнома ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешниҳод менамояд.

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2012 года, №678

Программа образования в области прав человека на 2013-2020

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Введение

Формирование правового государства и гражданского общества требует высокую правовую культуру, без которой не могут быть в полной мере реализованы такие базовые ценности и принципы общества, как верховенство закона, приоритетность прав и свобод человека и защита законных интересов граждан.

Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 12 июня 2001 года была утверждена "Программа Государственная система образования в области прав человека в Республике Таджикистан". Она разрабатывалась, исходя из принципов, целей и задач Десятилетия образования в области прав человека (1995-2004 годы), провозглашенного резолюцией Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций (ООН) 49/184. Программа определила широкий круг целей, направленных на обеспечение различных форм обучения правам человека практически всех слоев населения.

В связи с завершением основных задач, закрепленных в названный Программе, и с целью совершенствования системы образования в области прав человека, назрела необходимость в разработке и принятии новой Программы образования в области прав человека.

Настоящая Программа разработана в соответствии с требованиями Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан, международных правовых актов в области прав человека, признанных Таджикистаном, и исходя из принципов, целей и задач второго этапа Всемирной Программы образования в области прав человека на 2010-2014 годы.

Программа направлена на поэтапное расширение и совершенствование системы информирования, просвещения и обучения в области прав человека, переход на качественно новый уровень подготовки кадров в соответствии с требованиями национального законодательства и международных стандартов.

Действие настоящей Программы распространяется на преподавание (изучение) прав человека в системе образования, на курсы подготовки и переподготовки учителей, судей, гражданских государственных служащих, сотрудников правоохранительных органов и военнослужащих на всех уровнях.

2. Основные цели Программы

1. Основными целями реализации Программы являются содействие:

а) повышению культуры прав человека;

б) соблюдению прав и свобод человека и гражданина;

в) взаимодействию государственных органов по защите прав и свобод человека и гражданина;

г) введению предмета по изучения правам человека в систему образования, программы подготовки судей и в систему государственной службы;

д) расширению сферы внедрения ценностей и стандартов прав человека с учетом осуществленных шагов, в систему среднего, специального и высшего образования, в программы подготовки судей и системы государственной службы;

е) обеспечению руководящих принципов в отношении ключевых компонентов образования в области прав человека системы образования, в программах подготовки судей и систему государственной службы;

ё) объединению и консолидации предпринятых совместных усилий в осуществлении государственной политики в области прав человека;

ж) деятельности по созданию сетей и налаживанию сотрудничества между местными, национальными, региональными и международными организациями;

з) подготовке и реализации образовательным программ в области прав человека на долгосрочную перспективу и подготовке кадров для внедрения системы образования в этой сфере прав человека.

3. Основные направления Программы

2. Для системы образования:

а) проведение обзора существующих учебных и методических материалов для определения их соответствия стандартам прав человека, а также планирование их регулярного пересмотра;

б) введение предмета по правам человека в учебные планы всех специализаций обучения с профессиональным уклоном со стараний Министерством образования и науки Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66);

в) разработка Министерством образования и науки Республики Таджикистан типовой программы и/или минимальных стандартов учебных планов по образованию в области прав человека (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66);

г) подготовка учебников и других материалов по правам человека с учетом направлений специализации;

д) поддержание издания и переиздание книг и брошюр, посвященных правам человека;

е) способствование созданию межвузовской сети по постоянному обмену опытом в образовании в области прав человека;

ё) активизация высших учебных заведений в использовании средств массовой информации в образовательном процессе;

ж) поддержка создания кружков, дебатных клубов, консультативных центров, летних курсов студентов и учащихся, проведение олимпиад, конкурсов, научно-практических конференций по правам человека;

з) обеспечение регулярного снабжения и пополнения библиотек и информационных центров высших учебных заведений материалами по правам человека;

и) содействие повышению качества методов и методик преподавания прав человека;

й) разработка и издание словаря терминологии прав человека на государственном языке;

к) содействие учреждению правительственных грантов, планирование привлечения иностранных грантов на исследования в области прав человека;

л) введение в структурах повышения квалификации преподавателей образовательный курс по правам человека для всех преподавателей гуманитарных предметов;

м) обеспечение периодической оценки качества преподавания и качества повышения квалификации по правам человека.

3. Для судей:

а) осуществление Центром обучения судей при Совет юстиции Республики Таджикистан основных целей Программы судебно-правовой реформы Республики Таджикистан на 2011-2013 годы утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 3 января 2011 года, №976

б) повышение уровня профессионализма судей относительно прав и свобод человека;

в) включение всех стандартов защиты прав и свобод человека, содержащиеся в учебных программах для судей, в учебных программах для других целевых групп (система образования, государственные служащие, правоохранительные органы, военные ведомства) в целях единообразного применения стандартов защиты в судебной практике.

4. Для правоохранительных органов и военнослужащих:

а) осуществление профессиональной подготовки тренеров, инструкторов, наставников по правам человека из широкого круга сотрудников правоохранительных органов, системы исполнения уголовного наказания и военных структур, несущих ответственность за соблюдение, защиту и осуществление прав человека;

б) первоначальная подготовка преподавателей на всех уровнях правоохранительных органов и военных структур;

в) начальная и непрерывная профессиональная подготовка сотрудников правоохранительных органов, системы исполнения уголовного наказания и военнослужащих;

г) составление образовательным программ образовательным в области прав человека, включая краткий обзор ключевых вопросов, рассматриваемых в процессе обучения.

5. Для гражданских государственных служащих

а) проведение обзора методов подготовки с целью введения специализированных курсов по правам человека для конкретной аудитории;

б) пересмотр существующих образовательным программ подготовки с целью конкретной интеграции правозащитных принципов и норм во все соответствующие предметы;

в) разработка специализированных курсов переподготовки и повышения квалификации по правам человека;

г) оказание методической и практической помощи уполномоченному органу государственной службы Таджикистана в разработке программы образования в области прав человека;

д) внимательное отношение к подготовке инструкторов, уполномоченных проводить подготовку специалистов по правам человека и заниматься распространением соответствующих материалов и знаний после возвращения в свои учреждения, организации или места службы;

е) принятие мер по подготовке должностных лиц, способных обращаться с целевыми группами;

ё)институционализация подготовки по правам человека путём создания прочной структуры подготовки, включающей как сектор государственной службы, так и те целевые группы, которые предназначены для преподавания прав человека;

ж) создание механизма мониторинга, анализа и оценки обучения по правам человека в секторе государственной службы.

4. Способы реализация Программы

6. Образование в области прав человека и его укрепление требует применения целостного подхода к преподаванию, а также приобретению знаний путем комплексного объединения целей и содержания программ, ресурсов, методологий, количественной и качественной оценки; учета общественных факторов, выходящих за рамки учебных классов и учебных заведений; а также установления партнерских связей между различными участниками как внутри академического сообщества, так и за его пределами.

7. Каждый орган и его структурные подразделения составляют программу образования в области прав человека, включая краткий обзор ключевых вопросов, рассматриваемых в процессе обучения и информирования учеников, студентов, гражданских государственных служащих, судей, сотрудников аппаратов судов, правоохранительных органов и военнослужащих.

8. Образование в области прав человека проводится путём организации семинаров и краткосрочных курсов с использованием фильмов, дискуссий, брошюр и с обсуждением практических примеров.

9. Система обучения и информирования всех органов должна предусматривать контроль знаний и применение полученных знаний на практике. Форма контроля знаний определяется путем тестирования в конце каждого курса обучения и на практике путем мониторинга со стороны руководства каждого органа.

10. При осуществлении контроля и мониторинга системы обучения должны проводиться регулярные мониторинга относительно соблюдения норм национального законодательства и международных стандартов защиты прав и свобод, на основании этих мониторингов внести изменения в программы повышения квалификаций, на которых будет основываться содержание обучения.

5. Органы, руководящие реализацией Программы

11. Процесс реализации Программы обеспечиваются Межведомственным координационным советом, созданным из числа представителей министерств, ведомств, соответствующих учебных заведений и других организаций.

12. Общая координация деятельности исполнителей Программы возлагается на Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан.

6. Ответственные органы за реализацию программы

13. Для продвижения и соблюдения стандартов защиты прав человека необходима планомерная качественная профессиональная подготовка по правам человека широкого круга специалистов из числа преподавателей учебных заведений, центров переподготовки и институтов повышения квалификации министерств и ведомств, сотрудников местных исполнительных органов государственной власти и местного самоуправления, которые несут ответственность за соблюдение, защиту и осуществление прав человека.

а) органы и учреждения, ответственные за выполнение Программы в сфере образования

Основная ответственность за выполнение Программы в области образования возлагается на подведомственные учебные заведения Министерства образования и науки  и другие учебные заведения, независимо от их форм собственности и организационно - правовых форм (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

б) органы и учреждения, ответственные за выполнение Программы в области образования судей, работников правоохранительных органов и военнослужащих

Совет юстиции, правоохранительные органы и военные структуры обеспечивают разработку научно - методических рекомендаций и пособий по использованию активных форм и методов обучения и информирования, разрабатывают единые программы по правам человека.

Обучение осуществляется в рамках систематически проводимых занятий по повышению профессиональной и правовой подготовки сотрудников с привлечением профессорско-преподавательского состава учебных заведений (Учебный центр судей при Совете юстиции, Академия Министерства внутренних дел, Военный институт Министерства обороны, Институт повышения квалификации Генеральной прокуратуры, Высшая школа Государственных комитет национальной безопасности и др.) этих органов, юристов и специалистов в области прав человека.

Учебные заведения этих органов являются основной базой по обучению в области прав человека.

в) органы и учреждения, ответственные за выполнение Программы в сфере образования гражданских государственных служащих

Выполнение Программы в области образования гражданских государственных служащих обеспечивает уполномоченный орган в сфере государственной службы - Управление государственной службы при Президенте Республики Таджикистан.

Разработка и реализация Программы образования в области прав человека для государственных служащих возлагается на Институт повышения квалификации государственных служащих Республики Таджикистан. Для реализации Программы преподавательский состав Института повышения квалификации государственных служащих разрабатывает учебные модули.

Управление государственной службы при Президенте Республики Таджикистан осуществляет тесное сотрудничество с центральными, местными органами государственной власти и органами местного самоуправления, а также с учреждениями и организациями, такими как центры переподготовки и институты повышения квалификации министерств и ведомств Республики Таджикистан, соответствующие структуры в местных исполнительных органах государственной власти (например, комиссия по правам ребёнка; сектор по делам женщин и семьи; сектор по делам молодёжи спорта и туризма; отдел социального обеспечения и т.д.), соответствующие- комитеты Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Институт философии, политологии и права Академии наук Республики Таджикистан, Уполномоченный по правам человека в Республики Таджикистан, кафедра прав человека и сравнительной правоведении Таджикского национального университета, неправительственные и международные правозащитные организации, а также средства массовой информации.

7. Информационные мероприятия

Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан и Уполномоченный по правам человека совместно с соответствующими министерствами и ведомствами на постоянной основе проводят телевизионные и радиовещательные программы по правам человека.

8. Этапы реализации Программы

Первый Этап (2013-2014 годы):

а) создание Межведомственного координационного совета;

б) утверждение плана мероприятий по реализации Программы;

в) разработка и утверждение целевых программ по основным направлениям реализации Программы;

г) разработка и утверждение методических пособий по реализации Программы;

д) подготовка кадров для внедрения системы образования в области прав человека;

е) способствование созданию сетей и налаживанию сотрудничества между местными, национальными, региональными и международными организациями и ведомствами. Второй этап (2015-2018 годы):

а) реализация основных направлений Программы;

б) ежегодный анализ проведенной работы и при необходимости корректировка мероприятий, предусмотренных Программой. Третий этап (2019-2020 годы):

а) завершение плановых и программных мероприятий по основным направлениям, предусмотренным Программой;

б) анализ оценок реализации Программы.

9. Управление и организация образования в области прав человека

Общую координацию программы осуществляет Межведомственный координационный совет при Уполномоченном по правам человека. Межведомственный координационный совет будет создан из числа руководителей образовательных структур министерств, ведомств, вузов и других организация указанных в пункт 11 настоящей Программы.

Разработка Положения о Межведомственном координационном совете детального Плана реализации Программы, а также мониторинг реализации Программы возлагается на рабочие группы, созданные Межведомственным координационным советом и аппаратом Уполномоченного по правам человека.

Уполномоченный по правам человека также включает в свой ежегодный доклад информацию о ходе реализации настоящей Программы.

Межведомственный координационный совет представляет информацию о состоянии выполнения Программы в Комиссии при Правительстве Республики Таджикистан по обеспечению международных обязательств в области прав человека.