Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 675 "Дар бораи Барномаи рушди санъати театри дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намояд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2019 дар анҷоми ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Дар банди 19 Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 316 тасдиқ шудааст, калимаҳои "давлатии мақсадноки" хориҷ карда шуда, калимаҳои "театрии Тоҷикистон" ба калимаҳои "театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2012, № 675

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2013-2019 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития в Республике Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2013 - 2019 годы и План мероприятий по ее реализации (прилагаются).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан в сотрудничестве с другими министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти обеспечить выполнение Плана мероприятий по реализации данной Программы в рамках предусмотренных средств.

3. Министерству культуры Республики Таджикистан в конце каждого года представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения Плана мероприятий по реализации Программы развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2013-2019 годы.

4. В пункте 19 Плана работы Правительства Республики Таджикистан на второе полугодие 2012 года, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2012 года,№ 316, исключить слова "государственной целевой" и слово " Таджикистана" заменить словами "в Республике Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 декабря 2012 года, № 675