Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002, № 482 "Дар бораи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни қарор калимаҳои "Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Точикистон", "Академияи илмҳои педагогӣ" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар матни қарор калимаҳои "Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ" ба калимаҳои "Пажӯҳишгоҳи рушди маориф" ва калимаҳои "Донишкадаи марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф" ба калимаҳои "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" иваз карда шавад.
2. Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ", "Музеи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "Пажӯҳишгоҳи рушди маориф", "Музеи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" иваз карда шавад.
3. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2012, № 714
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2002, №482 "Об Академии педагогических наук при Министерстве образования Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
- в названии и тексте постановления слова "Академия педагогических наук при Министерстве образования Республики Таджикистан", "Академия педагогических наук" заменить словами "Государственное учреждение "Академия образования Таджикистана";
- в тексте постановления слова "Научно-исследовательского института педагогических наук" заменить словами "Института развития образования" и слова "Центрального института усовершенствования работников образования" словами "Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников системы образования".
2. В Перечне образовательных учреждений системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594 слова "Научно-исследовательский институт педагогических наук", "Музей Академии педагогических наук при Министерстве образования Республики Таджикистан" заменить соответственно словами "Институт развития образования", "Музей Академии образования Таджикистана".
3. Академии образования Таджикистан, Институту развития образования и Республиканскому институту повышения квалификации и переподготовки работников системы образования привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 декабря 2012 года, № 714