Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 611
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 611 тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) ба банди 5 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
- вазифаҳои асосии системаи ягонаи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи расонидани таъсири фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ, геофизикӣ ва ғайраҳоро анҷом медиҳад;
- системаи огоҳсозӣ аз офатҳои табиӣ ва техногениеро, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва хисорот мегардад, такмил медиҳад.
б) ба банди 6 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
- системаи давлатии корҳоро оид ба таъсиррасонии фаъол ба ҷараён ва падидаҳои гидрометеорологӣ ва геофизикӣ амалӣ намояд;
- чорабиниҳоро оид ба таъмини бехатарии аҳолӣ ҳангоми ба кор бурдани таҷҳизоти зидди жола гузаронад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2012, № 632
ш. Душанбе