Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, №626 "Дар бораи Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб

Мутобиқи моддаи 4(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ", бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати се моҳ дар хусуси тасдиқи тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳиб дар қаламрави худ қарорҳои дахлдор қабул намоянд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муддати шаш моҳ комиссияҳои доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳибро таъсис дода, Ҳайат ва Низомномаи онҳоро тасдиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2012, № 626

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке выявления и учета бесхозных отходов

В соответствии со статьей 4 (2) Закона Республики Таджикистана "Об отходах производства и потребления", с целью предотвращения загрязнения окружающей среды и уменьшения объемов образования отходов, совершенствования механизма их учета, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок выявления и учета бесхозных отходов (прилагается).

2. Местным исполнительным органам государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в трехмесячный срок принять соответствующие решения об утверждении порядка обращения с бесхозными отходами на своих территориях.

3. Местным исполнительным органам государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов в шестимесячный срок создать постоянно действующие комиссии по вопросам обращения с бесхозными отходами и утвердить их Состав и Положения.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан              Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 2 ноября 2012 года, № 626