Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2012,
№ 626 тасдиқ шудааст
Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб
1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 4(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ", ки хусусиятҳои идоракунии партовҳои бесоҳибро муайян мекунад, таҳия шудааст.
2. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" соҳибони партовҳои бесоҳибе, ки дар ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгиранд, то муайян шудани соҳиби воқеиашон мақомоти мазкур ҳисобида мешаванд.
3. Заминистифодабарандагоне, ки дар ҳудуди қитъаи замини онҳо партовҳои бесоҳиб ошкор карда шудаанд, ӯҳдадоранд сари вақт ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи онҳо хабар диҳанд.
4. Асос барои иҷрои расмиёти муайян намудани партовҳои бесоҳиб ва ҳисоби минбаъдаи онҳо муроҷиати шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, воситаҳои ахбори омма инчунин натиҷаи санҷиши нозирони "мақомоти ҳифзи муҳити зист, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, дигар мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шуда метавонад.
5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои муайян, ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб комиссияи доимоамалкунанда (минбаъд - Комиссия) таъсис медиҳад. Ба ҳайати Комиссия муовини раиси шаҳр, ноҳия, намояндагони сохторҳои минтақавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳадамоти давлатии оташнишонӣ ва сохторҳои дигар шомил мешаванд.
6. Ҷаласаҳои навбатии Комиссия на камтар аз як маротиба дар як моҳ баргузор мегарданд. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Комиссия дар ҳолати зарурати андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати муомилот бо партовҳои бесоҳиб гузаронида мешаванд.
7. Муроҷиатҳо оид ба далелҳои ошкор кардани партовҳои бесоҳиб дар маҷлисҳои навбатии (ғайринавбатии) Комиссия баррасӣ карда мешаванд.
8. Комиссия миқдор, таркиб, хусусият, арзиши партовҳои бесоҳиб, дараҷаи хатари таъсири онҳоро ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ муайян мекунад ва барои ошкор намудани соҳиби партовҳои бесоҳиб чораҳо меандешад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои муайян намудани соҳиби партовҳои бесоҳиб ва арзёбии онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мутахассисон ва нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ ҷалб карда мешаванд.
9. Комиссия аз рӯи натиҷаҳои кори ҳуд санад тартиб дода, онро барои ҳалли масъалаи муомилоти минбаъда бо партовҳои бесоҳиб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ирсол менамояд.
10. Дар асоси санади Комиссия мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нисбати муомилоти минбаъда бо партовҳои бесоҳиб қарор мебароранд ва дар сурати ҷой доштани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсони гунаҳкор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ҳолати ошкор намудани дигар намудҳои қонуншиканӣ, санадҳои тартибшуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида мешаванд.
11. Дар сурати муайян намудани соҳиби партовҳои бесоҳиб, ҷавобгарӣ барои муомилот бо ин партовҳо ва пешгирии таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" пурра ба дӯши ӯ вогузор мегардад.
12. Дар сурати муайян накардани соҳиби партовҳои бесоҳиб, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кашонидан, ҷойгир кардан ва безарар гардонидани ин партовҳоро амалӣ мегардонад ва ё барои ин кор маблағҳои заруриро ҷудо менамояд.
13. Барои ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва бақайдгирии ҷараёни муомилот бо онҳо дар асоси хулоса ва маълумотҳои Комиссия дар зерсохторҳои минтақавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби бақайдгирӣ ташкил дода мешавад.
14. Баҳисобгирии партовҳои соҳибашон ошкоргардида мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Порядок выявления и учета бесхозных отходов
1. Настоящий Порядок разработан в соответствии со статьей 4(2) Закона Республики Таджикистана "Об отходах производства и потребления", которым определяются особенности управления бесхозными отходами.
2. В соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об отходах производства и потребления" владельцами бесхозных отходов, расположенных на административной территории местных органов исполнительной государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл до определения истинного собственника этих отходов являются указанные органы.
3. Землепользователи, на территории земельных участков которых обнаружены бесхозные отходы, обязаны своевременно сообщить о них местным исполнительным органам государственной власти или органам самоуправления посёлков и сёл.
4. Основанием для осуществления процедур определения бесхозных отходов и последующего их учета, могут быть обращения граждан, предприятий, учреждений и организаций, средств массовой информации, а также результаты проверок органов охраны окружающей среды, самоуправления посёлков и сёл, санитарно-эпидемиологической службы, других государственных органов, юридических и физических лиц.
5. Местные исполнительные органы государственной власти и органы самоуправления посёлков и сел для выявления, определения бесхозных отходов и их учёта создают постоянно действующие комиссии (далее - Комиссия). В состав Комиссии входят заместители председателей городов или районов, органов самоуправления посёлков и сёл, представители региональных структур Комитета охраны окружающей среды при правительстве Республики Таджикистан, Службы государственного санитарно - эпидемиологического надзора Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, штабов" Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Главного управления государственной противопожарной службы и другие органы.
6. Очередные заседания Комиссии проводятся не реже одного раза в месяц. Внеочередные заседания комиссии проводятся в случае необходимости принятия срочных мер по отношению к обращению с бесхозными отходами.
7. Обращения о фактах обнаружения бесхозных отходов рассматривается на очередных (внеочередных) заседаниях Комиссии.
8. Комиссия определяет количество, состав, свойства, стоимость бесхозных отходов, степень опасности их воздействия на окружающую среду и здоровья населения и принимает меры по выявлению владельца бесхозных отходов. В случае необходимости для определения собственника бесхозных отходов и их оценки привлекаются правоохранительные органы, специалисты и инспектора органов охраны окружающей среды, санитарно - эпидемиологической службы.
9. Комиссия по результатам своей работы составляет акт, который передается в местный исполнительный орган государственной власти, орган самоуправления посёлков и сёл, специально уполномоченным государственным органам по обращению с отходами для решения вопроса дальнейшего обращения с бесхозными отходами.
10. На основании акта Комиссии местные исполнительные органы государственной власти и органы самоуправления посёлков и сёл принимают решения относительно последующего обращения ;с, бесхозными отходами и при наличии административного правонарушения виновные привлекаются к ответственности в порядке установленном законодательством Республики Таджикистан. В случаях выявления других видов правонарушений, составленные акты передаются в правоохранительные органы.
11. При определении владельца бесхозных отходов ответственность за обращение с этими отходами и предотвращение отрицательного воздействия отходов на окружающую среду на основе требований Закона Республики Таджикистан "Об отходах производства и потребления"возлагается полностью на его владельца.
12. В случае невыявления владельца бесхозных отходов, местный исполнительный орган государственной власти осуществляет транспортировку, размещение и обезвреживание этих отходов или выделяет необходимые денежные средства для этого.
13. Для учета бесхозных, отходов и регистрации процесса обращения с ними на основании заключений и сведений Комиссии в местными структурными подразделениями Комитета по охране -окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан ведется учетная книга.
14. Учёт отходов, владельцы которых установлены, осуществляется в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке.