Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012, № 498 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар банди 2 қарор баъд аз калимаҳои "индексатсия карда мешаванд" калимаҳои "(ба истиснои гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар), ки дар зербанди 1.2 замимаи 13 қарори мазкур нишон дода шуда аст)" илова карда шавад.

2. Дар зербанди 1.2 Номгӯи объектҳои олами ҳайвонот ва меъёрҳои пардохт барои гирифтани онҳо, ки бо замимаи 13 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 тасдиқ карда шудааст, рақами "40000" ба рақами "45000" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 17 сентябри соли 2012, № 498

ш. Душанбе