Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаҳои 4, 6, 8, 13 ва 21 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
а) дар замимаи 4 Сохтори намунавии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд сархати сеюм "Муовини раис" рақами "5" ба рақами "4" ва дар сархати "Ҳамагӣ" рақами "53" ба рақами "52" иваз карда шаванд;
б) дар замимаи 6 Сохтори намунавии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон сархати сеюм "Муовини раис" рақами "5" ба рақами "4" ва дар сархати "Ҳамагӣ" рақами "57" ба рақами "56" иваз карда шаванд;
в) дар замимаи 8 Сохтори намунавии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе сархати сеюм "Муовини раис" рақами "5" ба рақами "4" ва дар сархати "Ҳамагӣ" рақами "71" ба рақами "70" иваз карда шаванд;
г) аз замимаи 13 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сархати чорум "Шӯъбаи (бахши) тандурустӣ" хориҷ карда шавад;
д) замимаи 21 Лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз 1 сентябри соли 2012, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 468
ш. Душанбе
Замимаи 21
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012,
№ 468 тасдиқ шудаааст
Лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз 1 сентябри соли 2012
Ниг. ба замима