Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 450 "Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020

Мутобиқи моддаи 6 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ, сармоя ва грантҳо, инчунин маблағҳо аз хизматрасонии об ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020-ро таҳти назорат гирифта, оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шашмоҳа маълумот пешниҳод намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, №589 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 августи соли 2012, № 450

 ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе по освоению новых орошаемых земель и восстановлению выбывших из сельскохозяйственного оборота земель в Республике Таджикистан на 2012- 2020 годы

В соответствии со статьёй 6 Водного кодекса Республики Таджикистан, статьёй 51 Закон Республики Таджикистан"О нормативных правовых актах" и в целях повышения эффективности и увеличения производства сельскохозяйственной продукции, Правительство республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемую Государственную программу по освоению новых орошаемых земель и восстановлению выбывших из сельскохозяйственного оборота земель в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы.

2. Министерству мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Государственному комитету по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти в установленном порядке в пределах предусмотренных в Государственном бюджете средств, инвестиций и грантов, а также средств за услуги водоснабжения принять необходимые меры по выполнению указанной Программы.

3. Министерству мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан установить контроль за выполнением Государственной программы по освоению новых орошаемых земель и восстановлению выбывших из сельскохозяйственного оборота земель в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы и о ходе реализации данного постановления каждые шесть месяцев представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 ноября 2007 года, №589"Об утверждении Плана освоения новых орошаемых земель в Республики Таджикистан на 2008-2012 годы".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 31 августа 2012 года, № 450