Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2012, № 387
тасдиқ шудааст
Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 700)
Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)" ва дигар санадҳои қонунгузорӣ таҳия гардидааст.
1. Муқаррароти умумӣ
1. Меъёрҳои Тартиб барои муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, амволе, ки дар моликияти давлатӣ мебошад ва саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ дар ҳолатҳои зерин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад:
- дар мавриди фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ ва саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ дар музояда ва тендерҳо;
- дар мавриди ворид намудани саҳми давлат ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидори муштарак;
- дар мавриди ба гарав гузоштани моликияти давлатӣ;
- дар мавриди ба иҷора супоридани амволи давлатӣ.
2. Мафҳумҳои асосӣ
2. Дар Тартиб мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- нархгузор - Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома доранд;
- фармоишгар - мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавриди моликияти коммуналӣ, ки аз хизмати нархгузор истифода мебаранд;
- объекти нархгузорӣ - объектҳои моликияти давлатӣ, ки нисбати онҳо фаъолияти нархгузорӣ татбиқ шуданаш мумкин аст;
- ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои нархгузорӣ - ҳисоботи хаттии ба фармоишгар супоридашавандаи нархгузор дар бораи натиҷаи кори нархгузорӣ дар шакл ва мазмуне, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва ба талаботи конунгузорӣ мувофиқат менамояд.
3. Объектҳои нархгузорӣ
3. Ба объектҳои тибқи ин Тартиб нархгузоришаванда, ки аз дороиҳои муомилотӣ ва ғайримуомилотӣ иборатанд, инҳо дохил мешаванд:
- воситаҳоп асосӣ (биноҳо, иншоот, воситаҳои муомилотӣ таҷҳизот, воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳо, техникаи ҳисоббарор, асбобу дастгоҳҳои андозагирию танзимкунанда, инвентари хоҷагӣ, чорвои корӣ ва маҳсулдеҳ, дарахтони бисёрсола ва дигар олоти меҳнат);
- захира ва хароҷот, маблағҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва дигар дороиҳо;
- таҷҳизоти васлнагардида, сармоягузориҳои нотамом ва пешпардохтҳо, аз ҷумла арзиши сохтмони нотамом:
- дороиҳои ғайримоддии дар тавозун инъикосшуда;
- маблағгузориҳои дарозмӯҳлат (зиёда аз 1 сол), аз ҷумла ҳиссаи корхонаҳо ба дороиҳои даромадноки (сахмияҳо, вомбаргҳо ва коғазҳои қимматнок) дигар корхонаҳо, ба вомбаргҳои фоизии заёмҳои дохилии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин вомбаргҳои ба дигар корхонаҳо додашуда;
- маблағҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва дигар дороиҳо; маблағҳо дар хазина, дар суратҳисобҳои бонкӣ, дигар маблағҳо, маблағгузориҳои кӯтоҳмуддат (ба мӯҳлати на зиёда аз 1 сол), кору хизматрасонӣ, қарзи дебиторӣ, сармояи худӣ ва захираҳои дар оянда чуброншаванда, ки дар қисми фаъоли тавозун инъикос ёфтаанд;
- захираҳо ва хароҷот (маҳсулот, ашёи хом, масолеҳ, сохтмони нотамом, маҳсулоти тайёр, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ёрирасон, асбобҳои камнарху зудфарсудашаванда, хароҷоти давраҳои оянда ва дигар арзишҳои моддӣ);
- объектҳои алоҳидаи моддӣ (ашё), аз он ҷумла объектҳои бесоҳиб;
- маҷмӯи ашёи ташкилдиҳандаи амволи давлатӣ, аз ҷумла намуди мушаххаси амвол (манқул ё ғайриманқул, аз ҷумла корхонаҳо);
- амволи дигари дар боби 1 тавозуни фаъол дарҷгардида.
4. Муайян намудани нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ
4. Нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ, ки аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ ба фурӯш бароварда мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
5. Нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ, ки дар музояда ва тендер хусусӣ гардонида мешавад, дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди моликияти коммуналӣ аз тарафи маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.
6. Ҳангоми муайян намудани нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад коэффитсиентҳои иловагии баландкунандаро истифода намояд.
5. Арзёбии моликияти давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ
7. Моликияти давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ мувофиқи маълумоти ҳисоби муҳосибӣ аз рӯи арзиши боқимондаи тавозунӣ бо роҳи аз арзиши барқароркардашудаи тавозунӣ кам кардани арзиши фарсудашавӣ дар тамоми давраи истифодабари арзёбӣ карда мешавад ва аз андозаҳои дар банди 12 Тартиб нишондодашуда кам буда наметавонад.
8. Арзиши барқароркунии амволи давлатӣ бо роҳи истифода намудани коэффитсиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи арзёбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
9. Азнавнархгузории амволи давлатии бо асъори хориҷӣ харидашуда, бо дарназардошти қурби асъори хориҷӣ нисбати асъори миллӣ дар санаи хариди амвол, бо истифодаи коэффитсиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи арзёбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
10. Арзиши нархгузории иншооти сохтмонаш нотамом вобаста аз ҳаҷми корҳои дар солҳои дахлдор иҷрогардида бо истифода намудани коэффисиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи нархгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи арзёбӣ тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
11. Арзиши нархгузории таҷҳизоти васлнагардида вобаста аз соли хариди он бо истифода намудани коэффисиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи арзёбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
12. Арзиши нархгузори амволи давлатии ғайриманқули 100% фарсудашуда ба андозаи 25% аз арзиши барқароркунӣ муайян карда мешавад.
Арзиши нархгузории амволи давлатии манқули 100% фарсудашуда ба андозаи 10% аз арзиши барқароркунӣ муайян карда мешавад.
Арзиши нархгузории воситаи нақлиёти мӯҳлати истифодабариаш зиёда аз 12 сол, ки фарсудашавии он 100%-ро ташкил медиҳад, ба андозаи 5% аз арзиши барқароркунӣ муайян карда мешавад .
13. Арзиши амволи ба манфиати давлат мусодирашуда ва барои эҳтиёҷоти давлат харидоришаванда амволи ба ҳабс гирифташуда ва бесоҳиб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)" муайян карда мешавад.
14. Ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, ки объекти хусусигардида дар он ҷо ҷойгир аст, ба харидор мегузарад.
15. Нархи ниҳоии амволи давлатӣ дар савдоҳои музоядавию тендерӣ ва озмунӣ муқаррар мегардад.
16. Арзиши амволи давлатии ба иҷора додашуда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян карда мешавад.
6. Арзиши амволи корхонаҳои давлатие, ки ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода табдил дода мешаванд
17. Арзёбии амволи корхонаи давлатие, ки ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода мешавад, дар асоси маълумоти тавозуни охирини ҳисоботӣ, ки аз ҷониби мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии корхона тасдиҳ шудааст, бо замимаи рӯйхати тасдиқгардидаи воситаҳои асосӣ, иншооти сохтмонаш нотамом, таҷҳизоти васлнагардида ва маблағгузориҳои дарозмӯҳлат (зиёда аз 1 сол), воситаҳои гардишӣ, қарзҳои дебиторӣ, кредиторӣ ва дигар ӯҳдадориҳои дар тавозуни охирини ҳисоботии корхона инъикосгардида муайян карда мешавад.
18. Фармоишгар ба нархгузор тавозуни корхона, ки онро мақоми андоз тасдиқ кардааст ва номгӯи воситаҳои асосӣ, иншооти сохтмонашон нотамом, таҷҳизоти васлнагардида, қарзҳои дебиторӣ ва кредиториро пешниҳод менамояд.
19. Арзиши амволи корхона (Аак) аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Аак=Дк - ӯк, дар ин ҷо:
- Дк - дороиҳои корхона - арзиши умумии дороиҳои корхона бо кам кардани арзиши фарсудашудаи воситаҳои асосӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- ӯк - ӯҳдадориҳои корхона.
20. Арзиши амволи корхона аз сифр кам шуда наметавонад.
21. ӯҳдадории корхона аз вомбаргҳо ва кредитҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва пешпардохтҳои аз харидорон ва фармоишгарон гирифташуда иборат аст.
22. ӯҳдадории корхона дар асоси маълумоти фасли IIА "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат" ва фасли IIIб "ӯҳдадориҳои дарозмуддат" аз ҳисоби ӯҳдадориҳои тавозун бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти зерин муайян мегардад:
- Моддаи "ӯҳдадориҳои дарозмуддат, моддаи "Вомбаргҳо барои пардохт", моддаи "Қарзҳои бонкӣ", моддаи "Дигар қарзҳо", моддаи "Васикаҳо (векселҳо) барои пардохт", моддаи "ӯҳдадориҳо аз рӯи иҷораи молиявӣ", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои дарозмуддат", моддаи "Хароҷоти мавқуфгузошта", моддаи "ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда", моддаи "Ҳисобҳо барои пардохт аз рӯи молу хизматҳо", моддаи "Дигар ҳисобҳо барои пардохт", моддаи "Васиқаҳои кӯтоҳмуддат барои пардохт", моддаи "Пешпардохтҳои харидорон ва супоришдиҳандагон ва қарздорӣ аз супоришдиҳандагон аз рӯи шартномаи сохтмон", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат", моддаи "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ", аз он ҷумла "Қарзҳои бонкӣ", "Дигар қарзҳо", "Қисми ҷории ӯҳдадориҳои қарзии дарозмуддат", моддаи "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати ҳисобкардашуда", аз он ҷумла; "ӯҳдадориҳои ҳисобкардашуда аз рӯи пардохти мол ва хизмат", "Музди меҳнат барои пардохт", "Ҳиссаҷудокуниҳои ҳисобкардашуда ба фондҳои иҷтимоӣ", "Ҳаққу саҳм барои пардохт", "Фоизҳо барои пардохт", "Дигар хароҷоти ҳисобкардашуда", моддаи "Андозҳо барои пардохт" аз он ҷумла: "Андоз аз фоида барои пардохт", "Андоз аз даромади шахсони воқеӣ", "ААИ барои пардохт", "Аксизҳо барои пардохт", "Дигар андозҳо барои пардохт".
23. Дар ӯҳдадориҳои корхонаҳо ӯҳдадориҳо оид ба иҷораи биноҳо, иншоот, таҷҳизот ва дигар объектҳои ба воситаҳои меҳнат дахлдошта ба ҳисоб гирифта мешаванд.
7. Муайян намудани арзиши амволи воҳиди сохтории корхонаи давлатие, ки ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад
24. Воҳиди сохтории корхонаи давлатӣ, ки ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад, бояд дар асоси тавозуни тақсимот ва номгӯи тасдиқгардидаи амвол ҷудо карда шавад.
25. Арзиши амволи воҳиди сохтории корхонаи давлатӣ, ки ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад, дар асоси номгӯи тасдиқгардидаи амвол ва тавозуни тақсимотии воҳиди сохтории ҷудокардашуда муайян карда мешавад.
26. Фармоишгар ба нархгузор тавозуни тақсимотии воҳиди сохтории корхонаи давлатӣ ва номгӯи воситаҳои асосӣ, иншооти сохтмонашон нотамом ва таҷҳизоти васлнагардидаро пешниҳод менамояд.
27. Арзиши амволи воҳиди сохтории корхона (Авс) аз рӯи формулаи зерин муайян мегардад:
Аавс = Двк - ӯвк, дар ин ҷо:
- Двк - арзиши умумии дороиҳои воҳиди сохтории корхона бо кам кардани арзиши воқеии фарсудашудаи воситаҳои асосӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- ӯвк - ӯҳдадориҳои воҳиди корхона.
28. Арзиши умумии амволи воҳиди сохтории корхона аз сифр кам шуда наметавонад.
29. ӯҳдадории воҳиди сохтории корхона аз воситаҳои вомбаргӣ ва кредитҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва пешпардохтҳои аз харидорон ва фармоишгарон гирифташуда ва инчунин фонди ҳавасмандсозии иқтисодӣ иборат аст.
30. ӯҳдадории воҳиди сохтории корхона дар асоси маълумоти фасли IIА тавозун "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат" ва фасли IIб "ӯҳдадориҳои дарозмӯддат" аз ҳисоби ӯҳдадориҳои тавозун бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти зерин муайян мегардад:
- Моддаи "ӯҳдадориҳои дарозмуддат, моддаи "Вомбаргҳо барои пардохт", моддаи "Қарзҳои бонкӣ", моддаи "Дигар карзҳо", моддаи "Васиқахо барои пардохт (векселҳо)", моддаи "ӯҳдадориҳо аз рӯи иҷораи молиявӣ", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои дарозмуддат", моддаи "Хароҷотҳои мавқуфгузошта", моддаи "ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда", моддаи "Ҳисобҳо барои пардохт аз рӯи молу хизматҳо", моддаи "Дигар ҳисобҳо барои пардохт", моддаи "Васиқаҳои кӯтоҳмуддат барои пардохт", моддаи "Пешпардохтҳои харидорон ва супоришдиҳандагон ва қарздори аз супоришдиҳандагон аз рӯи шартномаи сохтмон", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат", моддаи "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ" аз он ҷумла, "Қарзҳои бонкӣ", "Дигар қарзҳо", "Қисми ҷории ӯҳдадориҳои қарзии дарозмуддат", моддаи "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати ҳисобкардашуда", аз он ҷумла; "ӯҳдадориҳои ҳисобкардашуда аз рӯи пардохти мол ва хизмат", "Музди меҳнат барои пардохт", "Ҳиссаҷудокуниҳои ҳисобкардашуда ба фондҳои иҷтимоӣ", "Ҳаққу саҳм барои пардохт", "Фоизҳо барои пардохт", "Дигар хароҷоти ҳисобкардашуда", моддаи "Андозҳо барои пардохт", аз он ҷумла: "Андоз аз фоида барои пардохт", "Андоз аз даромади шахсони воқеӣ", "ААИ барои пардохт", "Аксизҳо барои пардохт", "Дигар андозҳо барои пардохт".
8. Муайян кардани арзиши саҳмияҳои давлатӣ дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ
31. Арзиши саҳмияҳои давлатӣ дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ бо усулҳои зерин муайян карда мешаванд:
- бо усули муайян намудани арзиши маҷмӯи саҳмияҳо;
- бо усули муайян намудани арзиши як дона саҳмия;
- бо усули муайян намудани арзиши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта.
32. Арзиши маҷмӯи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Амс = Дҷс - Ҳӯ- Оси, дар ин ҷо:
- Амс - арзиши маҷмӯи саҳмияҳо;
- Дҷс - дороии ҷамъияти саҳомӣ;
- Ҳӯ - ҳисоббаробаркуниҳо ва ӯҳдадориҳо;
- Оси - объектҳои соҳаи иҷтимоӣ.
33. Арзиши маҷмӯи саҳмияҳо аз сифр кам шуда наметавонад.
34. Арзиши умумии дороиҳои ҷамъияти саҳомӣ мувофиқи асъори тавозун бо кам кардани арзиши воқеии фарсудашудаи воситаҳои асосӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ муайян карда мешавад.
35. ӯҳдадории корхона дар асоси маълумоти фасли IIА тавозун "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат" ва фасли IIб "ӯҳдадориҳои дарозмӯддат" аз ҳисоби ӯҳдадориҳои тавозун бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти зерин муайян мегардад;
- Моддаи "ӯҳдадориҳои дарозмуддат, моддаи "Вомбаргҳо барои пардохт", моддаи "Қарзҳои бонкӣ", моддаи "Дигар қарзҳо", моддаи "Васиқаҳо барои пардохт (векселҳо)", моддаи "ӯҳдадориҳо аз рӯи иҷораи молиявӣ", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои дарозмуддат", моддаи "Хароҷоти мавқуфгузошта", моддаи "ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда", моддаи "Ҳисобҳо барои пардохт аз рӯи молу хизматҳо", моддаи "Дигар ҳисобҳо барои пардохт", моддаи "Васиқаҳои кӯтоҳмуддат барои пардохт", моддаи "Пешпардохтҳои харидорон ва супоришдиҳандагон ва қарздори аз супоришдиҳандагон аз рӯи шартномаи сохтмон"," моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат", моддаи "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ" аз он ҷумла "Қарзҳои бонкӣ", "Дигар қарзҳо", "Қисми чории ӯҳдадориҳои қарзии дарозмуддат", моддаи "ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати ҳисобкардашуда", аз он чумла: "ӯҳдадориҳои ҳисобкардашуда аз рӯи пардохти мол ва хизмат", "Музди меҳнат барои пардохт", "Ҳиссаҷудокуниҳои ҳисобкардашуда ба фондҳои иҷтимоӣ", "Ҳакқу саҳм барои пардохт", "Фоизҳо барои пардохт", "Дигар хароҷоти ҳисобкардашуда", моддаи "Андозҳо барои пардохт", аз он ҷумла: "Андоз аз фоида барои пардохт", "Андоз аз даромади шахсони воқеӣ", "ААИ барои пардохт", "Аксизҳо барои пардохт", "Дигар андозҳо барои пардохт".
36. Оси - арзиши объектҳои соҳаи иҷтимоии дар тавозуни ҷамъияти саҳомӣ қарордошта ба сармояи оинномавии Ҷамъият дохил намешаванд.
37. Ба объектҳои соҳаи иҷтимоӣ иншооти зерин дохил мешаванд:
- фонди манзилӣ, аз ҷумла манзили истиқоматии хизматӣ ва хобгоҳҳо;
- иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ;
- иншооти соҳаи варзиш ва фарҳангию маданӣ;
- истирохатгоҳҳо, аз ҷумла хона ва истироҳатгоҳҳои наврасону мактаббачагон;
- иншооти мудофиаи гражданӣ.
38. Нархи ниҳоии маҷмӯи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар савдои музоядавию тендерӣ ва озмунӣ муайян мегардад.
39. Арзиши як саҳмияи ҷамъияти саҳомӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Анс - Амс: Мус, дар ин ҷо:
- Анс - арзиши номиналии як саҳмия;
- Амс - арзиши маҷмӯи саҳмияҳо;
- Мус - миқдори умумии саҳмияҳо.
40. Арзиши бастаи саҳмияҳои давлатӣ дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Абсд = Мсд х Анс, дар ин ҷо:
- Абсд - арзиши бастаи саҳмияҳои давлатӣ;
- Мсд - миқдори саҳмияҳои давлатӣ;
- Анс - арзиши номиналии як саҳмия.
9. Арзёбии амволи давлатӣ, ки ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидори муштарак ворид карда мешавад
41. Арзиши амволи давлатии ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидори муштарак воридшаванда бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Аад=Аб - Мф х Кта, дар ин ҷо:
- Аад - арзиши амволи давлатие, ки ҳамчун саҳми давлат ба сармояи оинномавии ҷамъияти хоҷагидори муштарак ворид карда мешавад;
- Аб - арзиши барқароркардашудаи амволи давлатӣ бо истифода намудани коэффитсиентҳои ягонаи афзоишӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд;
- Мф - маблағи фарсудашудаи амволи давлатӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- Кта - коэффитсиенти тағйирёбии қурби асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ дар санаи нархгузорӣ.
10. Арзёбии амволи давлатие, ки ба гарав гузошта мешавад
42. Арзиши амволи давлатии ба гарав гузошташаванда бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Аад=Аб - Мф х Кта, дар ин ҷо:
- Аад - арзиши амволи давлатие, ки ба гарав гузошта мешавад ;
- Аб - арзиши барқароркардашудаи амволи давлатӣ бо истифода намудани коэффитсиентҳои ягонаи афзоишӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд;
- Мф - маблағи фарсудашудаи амволи давлатӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- Кта - коэффитсиенти тағйирёбии қурби асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ дар санаи нархгузорӣ.
11. Муқаррароти хотимавӣ
43. Роҳбарияти корхонаҳои давлатӣ барои дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои пешниҳодгардида, ки барои иҷрои ин Тартиб зарур аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.