ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 428)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 428)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳоеро, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бо мақсади муқаррар намудани арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба миён меоянд, ба танзим дароварда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) новобаста аз шакли моликияташон муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - фаъолияти соҳибкорие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) барои муайян намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) -(минбаъд -нархгузорӣ) дар санаи муқарраргардида анҷом дода мешавад, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
-нархгузор -шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома дорад;
-объекти нархгузорӣ - объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки нисбати онҳо фаъолияти нархгузорӣ баргузор шуданаш мумкин аст;
-усули нархгузорӣ - маҷмӯи амалиёти характери ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ, ташкилию техникӣ дошта, ки барои муайян намудани арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объектҳои нархгузорӣ истифода мешаванд;
-нархгузории такрорӣ - муайян намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои нархгузорӣ дар натиҷаи пайдоиши баҳс байни нархгузору фармоишгар аз як тараф ва шахсони сеюм аз тарафи дигар;
-нархи бозории объекти нархгузорӣ - нархи тахминие, ки бо он объекти мазкур дар бозори кушод дар шароити мавҷудияти рақобат харида ва ё фурӯхта шуда метавонад ва дар ҳолате, ки иштирокчиёни муомилот (харидору фурӯшанда) барои хулосабарорӣ ҳамаи маълумоти дастрасбударо доранд ва ба андозаи нархи муомилот ягон ҳолати фавқулодда таъсир намерасонад, дар ҳолатҳое,ки:
...