Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017-ро таъмин карда, ҳар се моҳ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд .
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаш моҳ оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ҳисобот пешниҳод намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2012, № 382
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе воспитания молодого поколения в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепций, стратегий и программ социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу воспитания молодого поколения в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы и План мероприятий по её реализации (прилагаются).
2. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение требований Государственной программы воспитания молодого поколения в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы и каждые три месяца предоставлять информацию в Министерство образования и науки Республики Таджикистан
3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан каждые шесть месяцев представлять отчет в Правительство Республики Таджикистан о ходе реализации Государственной программы воспитания молодого поколения в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 августа 2012 года, № 382