Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд
Мутобиқи моддаҳои 3 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дасттирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд (минбаъд-шахсони ҳимояшаванда), тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори татбиқкунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони ҳимояшаванда (минбаъд - мақоми ваколатдор) муқаррар карда шавад.
3. Пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигари молиявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
4. Мақоми ваколатдор ҳамасола дар сметаҳои хароҷоти худ барои чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони ҳимояшаванда маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2012, № 339
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Порядка и размеров выплаты единовременных пособий участникам уголовного судопроизводства, в отношении которых применяются меры социальной поддержки
В соответствии со статьями 3 и 15 Закона Республики Таджикистан "О государственной защите участников уголовного судопроизводства"
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок и размеры выплаты единовременных пособий участникам уголовного судопроизводства, в отношении которых применяются меры социальной поддержки (далее-защищаемые лица) (прилагается).
2. Установить Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан уполномоченным органом, осуществляющим меры социальной поддержки защищаемых лиц (далее-уполномоченный орган).
3. Выплату единовременных пособий участникам уголовного судопроизводства, в отношении которых применяются меры социальной поддержки, осуществить за счет государственного бюджета и других финансовых источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
4. Уполномоченному органу ежегодно в своих расходных сметах предусматривать необходимые средства для мер социальной поддержки защищаемых лиц.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 30 июня 2012 года, №339