Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2012, №339
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2012, №339
тасдиқ шудааст
Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112)
1. Тартиби мазкур мутобики моддаҳои 3 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" таҳия гардида, тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақтаро ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ (минбаъд - шахси ҳимояшаванда) ҳангоми ба онҳо расонидани зарари ҷисмонӣ, гирифтани маъюбӣ ва ё дар сурати ба ҳалокат расидани (вафоти) шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ - ба аъзои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, муайян менамояд.
2. Асос барои пардохти ёрдампулии яквақта ба шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоии мақомоте мебошад, ки дар бораи муқаррар намудани ҳимояи давлатии шахси ҳимояшаванда қарор қабул мекунад: суд (судя), прокурор, сардори мақомоти таҳқиқ ё тафтишот, роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар истеҳсолоти онҳо ариза (маълумот) дар бораи ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, агар аз ҷониби қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад ().
3. Ҳангоми баровардани қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби мақоме, ки оид ба муқаррар намудани ҳимояи давлатӣ нисбати шахси ҳимояшаванда қарор қабул мекунад, хоҳиши шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) ҷиҳати интихоби ёрдампулиҳои яквақтаи андозаи муқарраргардида, ҳангоми мавҷудияти ҳуқуқ ба ёрдампулиҳои яквақтаи гуногун, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд, ба инобат гирифта мешавад.
4. Дар қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ асосҳои пардохти ёрдампулии яквақта ба андозаи муқарраршуда, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсияти гирандаро тасдиқ мекунад, ҳамчунин маълумоти ҳуқуқии (реквизити) ҳисобе, ки аз ҷониби шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсони дар таъминоти ӯ қарордошта) дар ташкилотҳои қарздиҳӣ кушода шудаанд ё номгӯ ва суроғаи бонки маҳалли зист ва ё манзили таъиннамудаи ӯ (ё аз рӯи интихоби шахсони мазкур) қайд карда мешаванд.
5. Қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақоми ваколатдор) барои иҷро ва ҳамчунин ба шахсоне, ки нисбати онҳо қарори (таъиноти) мазкур бароварда шудааст, фиристода мешавад.
6. Ҳангоми ҳалокати (вафоти) шахси ҳимояшаванда, ки дар робита бо иштироки ӯ дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ ба вуқӯъ омадааст, ба аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда), ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, ёрдампулии яквақта дар ҳаҷми 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
7. Ҳангоми ба шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноӣ расондани зарари ҷисмонӣ (маъюбӣ) ё расондани дигар намуди зарар ба саломатии ӯ (ҷароҳат, осеб, контузия), ки боиси маъюбият гардидааст ва аз ҷониби мақомоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ гурӯҳи маъюбӣ муайян карда шудааст, чунин ёрдампулии яквақта пардохт карда мешавад:
...