×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 859 "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"

Санаи амалкуни: 18.03.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МОРАТОРИЯИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 709)

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва (ё) техникаю технологияи навро барои васеъ кардани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мораторияи санҷишҳо - муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва (ё) техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд;

- корхонаи истеҳсолӣ - шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ, ки ҳамчун субъекти соҳибкории хурд, миёна ва калон фаъолият намуда, ба истеҳсоли мол, таҷҳизот ва маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192);

- молу маҳсулот - натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки талаботи истеъмоли истеҳсолӣ ё шахсиро таъмин мекунад;

- корхонаи нави истеҳсоли молу маҳсулот - шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар давраи мораторияи санҷишҳо ба шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ таъсис ёфта, молу маҳсулот истеҳсол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192);

- санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ - шакли фаъолияти мақоми санҷишкунанда оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор мутобиқи талаботи қонунгузорӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192);

- субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки дорои шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ мебошад;

- шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣҳуҷҷате, ки субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ будани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродиро тасдиқ мекунад ва дар асоси Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192);

- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторияи санҷишҳо масъул мебошад;

- давраи мораторияи санҷишҳо - мӯҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудааст;

- азназаргузаронии профилактикӣ - таҳқиқ ва таҳлили вазъи иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш дар давраи мораторияи санҷишҳо амалӣ мегардад;

- мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш - мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти ваколатдори давлатие, ки номгӯи онҳо дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ карда шудааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаьолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъд - Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория) мақоми доимоамалкунанда буда, аз намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, андоз, гумрук, сертификатсия, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва намояндагони бахши хусусӣ иборат буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192).

2. Ҳайати Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ва низомномаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- мониторинги татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- додани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- ба рӯйхат гирифтани субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ.

Моддаи 5. Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои гирифтани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ бо аризаи хаттӣ ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория муроҷиат намоянд. Номгӯи ин ҳуҷҷатҳоро Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория тасдиқ мекунад.

2. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз рӯи меъёрҳои зерин муайян мекунад:

- истеҳсоли молу маҳсулоти таъиноти истеъмоли истеҳсолӣ ё шахсӣ;

- таъминоти моддию техникии истеҳсоли молу маҳсулот;

- ҷалби техникаю технологияи нав дар таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот (барои субъектҳое, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулотро таъсис додаанд ва ё татбиқи техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот дар корхонаи истеҳсолӣ ҷалб намудаанд).

3. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория аризаро дар мӯҳлати ду моҳ баррасӣ карда, барои додани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қарор қабул мекунад.

4. Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи қабули қарор ройгон дода мешавад.

5. Агар Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория дар давоми 2 моҳ аризаро баррасӣ накарда бошад ва аз рӯи он қарор қабул накарда бошад, аризадиҳанда субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ҳисобида шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ ба ӯ на дертар аз се рӯзи гузаштани мӯҳлати баррасии ариза ройгон шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолиро медиҳад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192).

6. Тартиби муайянсозии мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, бо назардошти талаботи қисми 2 моддаи мазкур дар низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Истисноҳо аз татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад:

- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбати фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;

- агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;

- дар ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

- санҷиши объектҳое, ки тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун объекти сатҳи хавфнокиашон баланд муайян шудаанд.

2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- ҳангоми аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (андозсупорандагон) иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои андоз;

- тибқи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192).

3. Мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш мувофиқи талаботи моддаи мазкур ӯҳдадоранд, ки аз натиҷаи санҷиш ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намоянд.

Моддаи 7. Азназаргузаронии профилактикӣ дар давраи амали татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш дар давраи амали татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ санҷишҳоеро, ки мӯҳлаташон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидааст, ба азназаргузаронии профилактикӣ иваз менамоянд.

2. Азназаргузаронии профилактикӣ бо огоҳонидани мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон;

- таъмини бехатарии молу мулки субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- пешгирии риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби истеҳсолкунандагони молҳои зераксизӣ ва истифодабарандагони қаъри замин.

3. Огоҳонидани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи азназаргузарониҳои профилактикӣ бо пешниҳоди мактуби мақоми ваколатдори давлатии санҷиш амалӣ карда мешавад.

4. Аз натиҷаи азназаргузаронии профилактикӣ шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ӯҳдадоранд тавсиянома таҳия намуда, онро ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ барои бартараф намудани камбудиҳо ва нусхаи онро ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория барои маълумот пешниҳод намоянд.

5. Азназаргузаронии профилактикӣ дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мешавад. Аз рӯи натиҷаи азназаргузаронии профилактикӣ ҷарима таъин карда намешавад.

Моддаи 8. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур, вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо боздошта мешаванд:

- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист";

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1192)

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият".

2. Баъди анҷоми мораторияи санҷишҳо фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторияи санҷишҳо тибқи моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур мумкин аст мавриди санҷиш ва азназаргузаронии профилактикӣ қарор дода шавад. Дар дигар ҳолатҳо фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо мавриди санҷиш ва азназаргузаронии профилактикӣ қарор дода намешавад.

Моддаи 9. Ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳо оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳо аз ҷониби Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ва ё суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 10. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 11. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1.Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Сархати понздаҳуми қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

3 июли соли 2012, № 859

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, №783

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №342

Сархати понздаҳуми қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МОРАТОРИЯИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва (ё) техникаю технологияи навро барои васеъ кардани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мораторияи санҷишҳо - муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва (ё) техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд;

- корхонаи истеҳсолӣ - шахси ҳуқуқии шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ, ки ҳамчун субъекти соҳибкории хурд, миёна ва калон фаъолият намуда, ба истеҳсоли мол, таҷҳизот ва маҳсулоти ниёзи мардум машғул аст;

- молу маҳсулот - натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки талаботи истеъмоли истеҳсолӣ ё шахсиро таъмин мекунад;

- корхонаи нави истеҳсоли молу маҳсулот - шахси ҳуқуқие, ки дар давраи мораторияи санҷишҳо ба шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ таъсис ёфта, молу маҳсулот истеҳсол мекунад;

- субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки дорои шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ мебошад;

- шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ - ҳуҷҷате, ки дар соҳаҳои истеҳсолӣ субъекти соҳибкорӣ будани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродиро тасдиқ мекунад ва дар асоси қарори Комиссия давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторияи санҷишҳо масъул мебошад;

- давраи мораторияи санҷишҳо - мӯҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудааст;

- азназаргузаронии профилактикӣ - таҳқиқ ва таҳлили вазъи иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш дар давраи мораторияи санҷишҳо амалӣ мегардад;

- мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш - мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти ваколатдори давлатие, ки номгӯи онҳо дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ карда шудааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаьолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъдКомиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория) мақоми доимоамалкунанда буда, аз намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, андоз, гумрук, сертификатсия, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва намояндагони бахши хусусӣ иборат буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо таъсис дода мешавад.

2. Ҳайати Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ва низомномаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- мониторинги татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- додани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- ба рӯйхат гирифтани субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ.

Моддаи 5. Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои гирифтани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ бо аризаи хаттӣ ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория муроҷиат намоянд. Номгӯи ин ҳуҷҷатҳоро Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория тасдиқ мекунад.

2. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз рӯи меъёрҳои зерин муайян мекунад:

- истеҳсоли молу маҳсулоти таъиноти истеъмоли истеҳсолӣ ё шахсӣ;

- таъминоти моддию техникии истеҳсоли молу маҳсулот;

- ҷалби техникаю технологияи нав дар таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот (барои субъектҳое, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулотро таъсис додаанд ва ё татбиқи техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот дар корхонаи истеҳсолӣ ҷалб намудаанд).

3. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория аризаро дар мӯҳлати ду моҳ баррасӣ карда, барои додани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қарор қабул мекунад.

4. Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи қабули қарор ройгон дода мешавад.

5. Агар Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория дар давоми 2 моҳ аризаро баррасӣ накарда бошад ва аз рӯи он қарор қабул накарда бошад, аризадиҳанда субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ҳисобида шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ ба ӯ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолиро медиҳад.

6. Тартиби муайянсозии мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, бо назардошти талаботи қисми 2 моддаи мазкур дар низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Истисноҳо аз татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад:

- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбати фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;

- агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;

- дар ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

- санҷиши объектҳое, ки тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун объекти сатҳи хавфнокиашон баланд муайян шудаанд.

2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- ҳангоми аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (андозсупорандагон) иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои андоз;

- тибқи қисми 6 моддаи 48 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш мувофиқи талаботи моддаи мазкур ӯҳдадоранд, ки аз натиҷаи санҷиш ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намоянд.

Моддаи 7. Азназаргузаронии профилактикӣ дар давраи амали татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш дар давраи амали татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ санҷишҳоеро, ки мӯҳлаташон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидааст, ба азназаргузаронии профилактикӣ иваз менамоянд.

2. Азназаргузаронии профилактикӣ бо огоҳонидани мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон;

- таъмини бехатарии молу мулки субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- пешгирии риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби истеҳсолкунандагони молҳои зераксизӣ ва истифодабарандагони қаъри замин.

3. Огоҳонидани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи азназаргузарониҳои профилактикӣ бо пешниҳоди мактуби мақоми ваколатдори давлатии санҷиш амалӣ карда мешавад.

4. Аз натиҷаи азназаргузаронии профилактикӣ шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ӯҳдадоранд тавсиянома таҳия намуда, онро ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ барои бартараф намудани камбудиҳо ва нусхаи онро ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория барои маълумот пешниҳод намоянд.

5. Азназаргузаронии профилактикӣ дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мешавад. Аз рӯи натиҷаи азназаргузаронии профилактикӣ ҷарима таъин карда намешавад.

Моддаи 8. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур, вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо боздошта мешаванд:

- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ";