ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи стандартонӣ, принсипҳои асосии стандартонӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни корҳо оид ба стандартониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини сиёсати ягона дар ин соҳа равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- стандартонӣ - фаъолият доир ба қабули стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ, инчунин муқаррар намудани талаботи техникӣ (меъёр, қоида, тавсифҳо ва талаботи дигар нисбат ба объектҳои стандартонӣ) бо мақсади татбиқи умумӣ ва бисёркаратаи онҳо нисбат ба масъалаҳои доимо такроршаванда, ки барои ба даст овардани дараҷаи муносибтарини тартиб дар соҳаи коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мебошад;
- стандарт - ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ бо мақсади татбиқи умумӣ ва истифодаи бисёркарата тасдиқ гардида, қоидаҳо, дастурҳо ва ё тавсифҳои ба маҳсулот дахлдошта, аз ҷумла ҷараёну усулҳои истеҳсолотро дар бар мегирад, ки интихоби онҳо бо мақсади истифода ихтиёрӣ мебошад. Инчунин он метавонад танҳо талабот ба истилоҳот, ишора, борҷома, тамғагузорӣ ва бастабандиро дар дараҷае, ки онҳо ба маҳсулот, ҷараён ва ё усулҳои истеҳсолот истифода мешаванд, дар бар гирад;
- объектҳои стандартонӣ - маҳсулот, ҷараёнҳои коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - стандарти давлатӣ) - стандарте, ки мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартонӣ тасдиқ (қабул) намудааст;
- стандарти миллии дигар мамлакат - стандарти давлатие, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонии дигар давлати мушаххас тасдиқ (қабул) кардааст;
- стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ) - стандарте, ки ташкилоти минтақавии (байнидавлатии) стандартонӣ тасдиқ (қабул) кардааст;
- стандарти байналмилалӣ - стандарте, ки ташкилоти байналмилалии стандартонӣ тасдиқ (қабул) кардааст;
- ба қайд гирифтани стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ - аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ додани рақамҳои бақайдгирӣ ба стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва ҳаммонандкунии онҳо;
- ҳуҷҷатҳои стандартонӣ - ҳуҷҷатҳои (қоида ва тавсияҳои стандартонӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳо, стандартҳои соҳаҳо ва корхонаҳо, шартҳои техникӣ) аз тарафи ташкилотҳои стандартонии байналмилалӣ ё минтақавӣ, мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо қабулшаванда;
- тарафи манфиатдор - мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти стандартонӣ манфиатдоранд (№ 2068);
- консенсус - розигии умум доир ба масъалаи муайян, ки бо дастгирии тарафҳои манфиатдор, аз он ҷумла бо дарназардошти ҳамаи фикрҳои мухолиф ба даст омадааст, гарчанде консенсус ҳамфикрии куллро дар бар намегирад;
- кумитаи техникӣ оид ба стандартонӣ - гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳо, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ таъсис дода шудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (№ 2068).
Моддаи 2(1). Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳо вобаста ба таҳия, қабул ва татбиқи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба стандартонӣ, инчунин амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ татбиқ мегардад (№ 2068).
Моддаи 3. Мақсадҳо ва принсипҳои асосии стандартонӣ
1. Мақсадҳои стандартонӣ аз инҳо иборатанд:
- таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии инсон ва шаҳрванд, ҳайвонот, растанӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- таъмини сифату бехатарии маҳсулот ва ҷараёнҳои ба он вобаста, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- таъмини мувофиқат ва якдигаривазкунии маҳсулот ва ҷараёнҳои ба он вобаста, инчунин иҷрои кор;
- рушди истеҳсолот ва савдои мол бо роҳи таҳияи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонии бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанггардида;
- мусоидат намудан ба баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ;
- мусоидат намудан ба пешрафти илмӣ - техникӣ;
- бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо;
- ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон.
2. Стандартонӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ошкоро будани раванди таҳияи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ;
- таъмини ҳуқуқи иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар таҳияи стандартҳо;
- консенсуси ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳангоми таҳия ва тасдиқи стандартҳо;
- ҳамоҳангсозии стандартҳои давлатӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ);
- мувофиқатии ҳуҷҷатҳои стандартонӣ ба стандартҳои давлатӣ;
- ба ҳамаи шахсони манфиатдор дастрас будани маълумот дар бораи стандартҳо;
- роҳ надодан ба монеаҳои зиёдатӣ дар савдои байналмилалӣ, ки ба таври минималӣ барои иҷрои мақсадҳои стандартонӣ зарур аст;
- интихоби ихтиёрии стандартҳо;
- иҷрои ҳатмии талаботҳои стандартҳои интихобшуда;
- истифодабарии стандартҳои байналмилалӣ ва ё фаслҳои дахлдори онҳо, дар мавриде, ки онҳо амал мекунанд ё ин, ки таҳияи онҳо ба анҷом мерасад, ҳамчун асос барои таҳияи стандартҳои давлатӣ, ба истиснои мавридҳое, ки ин гуна стандартҳои байналмилалӣ ва фаслҳои дахлдори онҳо ба ноил гардидани мақсадҳои Қонуни мазкур номувофиқ ва бесамар бошанд, масалан, бинобар сабаби омилҳои муҳими иқлимӣ ё ҷуғрофӣ ва ё норасоиҳои муҳими техникӣ;
- ба назар гирифтани марҳилаҳои рушди технологӣ ва қоидаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ доир ба стандартонӣ ва дигар созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ ҳангоми таҳияи стандартҳо;
- вобаста ба имконият, дар таҳияи стандартҳо, назар ба талаботҳои таркибӣ ва тасвирӣ ба инобат гирифтани талаботҳои истифодабарии маҳсулот;
- муқаррар намудани тартиби якхела барои маҳсулоти воридоти ва маҳсулоти ватании ҳаммонанд дар асоси созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартонӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартонӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:
- пешбурди сиёсати давлатиро таъмин менамояд (№ 2068);
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартониро муайян менамояд;
- барномаҳои давлатиро дар соҳаи стандартонӣ тасдиқ менамояд (№ 2068);
- системаи давлатии стандартониро таъсис медиҳад ва фаъолияти онро таъмин менамояд;
- мубодилаи иттилоот доир ба соҳаи стандартонӣ дар сатҳи байниҳукуматӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва миллиро дастгирӣ менамояд (№ 2068);
- ҳалли моддию молиявии масъалаҳои давлатиро дар соҳаи стандартонӣ таъмин менамояд;
- тартиби таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳоро муқаррар менамояд
БОБИ 2. ТАШКИЛИ СТАНДАРТОНӢ
Моддаи 5. Системаи давлатии стандартонӣ
1. Системаи давлатии стандартонӣ маҷмӯи иштирокчиёни корҳо оид ба стандартонӣ, стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ, инчунин дар маҷмӯъ қоидаю расмиёти фаъолияти системаро дар бар мегирад.
2. Иштирокчиени корҳо оид ба стандартонӣ инҳо мебошанд:
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ дар соҳаи стандартонӣ;
- ташкилот ва муассисаҳои илмӣ;
- кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
- субъектҳои дигаре, ки фаъолияташон бо корҳои соҳаи стандартонӣ алоқаманд мебошанд.
Моддаи 6. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ
Ба ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ (№ 2068);
- ҳамоҳангсозии кори мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ (№ 2068);
- таҳия ва тасдиқи барномаҳо оид ба таҳияи стандартҳои давлатӣ дар асоси пешниҳоди кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ ва тарафҳои манфиатдор ва ҳамоҳангсозии иҷрои онҳо;
- таҳия, тасдиқ, аз нав дида баромадан, ворид намудани тағйирот ва бекор намудани стандартҳои давлатӣ;
- муайян намудани тартиби тасдиқ ва бекор намудани стандартҳои давлатӣ;
- таъмини мутобиқати стандартҳои давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ);
- муқаррар намудани қоидаҳои умумии гузарондани корҳо оид ба стандартонӣ, шаклу усулҳои ҳамкории иштирокчиёни системаи давлатии стандартонӣ;
- ба роҳ мондани корҳо оид ба стандартонии давлатӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва байналмилалӣ, гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба стандартонӣ, ба иҷрои ин корҳо ҷалб намудани кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ;
- гузаронидани экспертиза ва бақайдгирии лоиҳаи стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонии бақайдгирифташаванда ва муайян намудани мӯҳлати мавриди амал қарор додани онҳо;
- пешбурди феҳристи стандартҳои давлатии тасдиқшуда (бекор карда шуда) ва ҳуҷҷатҳои стандартонии бақайдгирифташаванда;
- ба имзо расонидани созишномаҳо бо ташкилотҳои стандартонии байналмилалию минтақавӣ ва мақомоти миллии стандартонии мамлакатҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани бақайдгирии стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллии мамлакатҳои дигар ва муайян намудани тартиби истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте дар шартномаҳои (созишномаҳои) байналмилалӣ тартиби дигаре муқаррар карда нашуда бошад (№ 2068);
- амалӣ намудани баҳисобгирӣ ва нигоҳдории стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ), давлатӣ, қоидаю тавсияҳои стандартонӣ ва таъмини дастрасии онҳо ба шахсони манфиатдор;
- ташаккул ва пешбурди фонди стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ), давлатӣ ва қоидаю тавсияҳои стандартонӣ;
- паҳн кардани стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ), давлатӣ, қоидаю тавсияҳои стандартонӣ ва ҳамасола омода сохтани рӯйхати стандартҳои давлатӣ;
- таъсис намудани фонди давлатии иттилоотии стандартҳо ва системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ;
- қабул намудани қарор дар бораи ташкили кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ;
- тасдиқ намудани низомномаҳои кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо;
- намояндагӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба стандартонӣ;
- иштирок дар таҳияи стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва таъмини баҳисобгирии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабули онҳо;
- тасдиқ намудани тасвири нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва муайян намудани тартиби истифодаи он;
- таъмин намудани мубодилаи иттилоот дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва миллӣ оид ба стандартонӣ;
- омода намудани таклифҳо оид ба таъминоти моддию молиявии ҳалли вазифаҳои давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ;
- иҷро намудани вазифаҳои маркази иттилоотӣ доир ба стандартонӣ дар асоси талаботи шартномаҳои муҳими байналмилалӣ ва ӯҳдадориҳое, ки аз аъзогӣ дар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бармеоянд;
- амалӣ намудани фаъолияти дигар дар асоси вазифаҳои ҳатмии ба зима доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалии соҳаи стандартонӣ бармеоянд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2068).
Моддаи 7. Ваколати мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ
Ба ваколати мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ дохил мешаванд:
- амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ;
- тайёр намудани пешниҳодҳо ба барномаҳо оид ба стандартонӣ бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур;
- дар доираи ваколатҳои худ ташкили таҳия, тасдиқ, пешбурд, истифода, баҳисобгирӣ, нашри расмӣ, паҳнкунӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои стандартонӣ (№ 2068);
- иштирок намудан дар кори кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ;
- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи ташкили кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани иштироки коршиносон дар соҳаи стандартонии байналмилалӣ ва минтақавӣ (№ 2068);
- дар доираи ваколатҳои худ таъсис ва пешбурди фонди ҳуҷҷатҳои стандартонӣ.
Моддаи 8. Вазифаҳои ташкилот ва муассисаҳои илмӣ дар соҳаи стандартонӣ
Ташкилот ва муассисаҳои илмӣ:
- ба инкишоф додан ва амалӣ гардондани самтҳои афзалиятноки стандартонӣ ҷалб карда мешаванд;
- фонди амалкунандаи стандартҳоро мутобиқи сатҳи муосири рушди иқтисоди миллӣ, инкишофи заминаҳои моддию техникӣ, инчунин сатҳи рушди илмию техникӣ таҳлил менамоянд (№ 2068);
- дар кори кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ иштирок мекунанд;
- дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ пешбурди фаъолияти котиботи кумитаҳои техникӣ оид ба стандартониро ташкил менамоянд (№ 2068);
- ҳамасола дар бораи вазъ ва рушди корҳо оид ба стандартонӣ маърӯзаҳо тайёр мекунанд (№ 2068);
- дар соҳаи стандартонӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ мегузаронанд;
- системаи тайёрӣ ва аттестатсияи коршиносони соҳаи стандартониро ташаккул медиҳанд (№ 2068);
- барномаҳои таълимиеро, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи стандартонӣ равона гардидаанд, таҳия ва амалӣ менамоянд.
Моддаи 9. Кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ
1. Кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ бо мақсади ташкил кардан ва гузарондани корҳо оид ба стандартонии давлатӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва байналмилалӣ вобаста ба соҳаи фаъолият таъсис дода мешаванд (№ 2068).
2. Тартиби ташкил ва фаъолияти кумитаҳои техникӣ оид ба стандартониро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муайян мекунад.
3. Ба ҳайати кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ метавонанд намояндагони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳои илмӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорон ва истеъмолкунандагон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин шахсони воқеӣ ба таври ихтиёрӣ дохил шаванд (№ 2068).
4. Кумитаи техникӣ оид ба стандартонӣ ваколатдор аст:
- стандартҳои давлатиро бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин хусусиятҳои давлат, омилҳои муҳими ҷуғрофӣ ва иқлимии мамлакат ва сатҳи рушди иқтисодии он таҳия намуда, оид ба бекор кардани онҳо таклифҳо омода намояд (№ 2068);
- экспертизаи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои стандартонии ба соҳаи фаъолияташ дахлдорро гузаронад;
- оид ба таҳияи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ) пешниҳод омода намояд;
- ташаккул ва пешбурди махзани иттилоотии стандартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриро вобаста ба соҳаи фаъолият амалӣ намояд;
- дар корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи стандартонӣ иштирок намояд (№ 2068).
5. Хароҷот вобаста ба фаъолияти кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ аз ҳисоби субъектҳои ташаббускори таҳияи стандартҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои дигари барои қабул ва истифодаи стандартҳо манфиатдор амалӣ карда мешаванд (№ 2068).
БОБИ 3. ТАҲИЯ, ТАСДИҚ ВА ИСТИФОДАБАРИИ СТАНДАРТҲО
Моддаи 10. Тасдиқи стандартҳои давлатӣ
1. Стандартҳои давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва қоидаҳои системаи давлатии стандартонӣ, ки бояд ба қоидаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии стандартонӣ мутобиқат намоянд, тасдиқ карда мешаванд.
2. Стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ дар асоси дастовардҳои илмию техникии муосир таҳия гардида, набояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намоянд (№ 2068).
3. Стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ метавонанд дар асоси стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонии байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ё стандартҳои миллии дигар давлатҳо қабул гарданд.
4. Огоҳинома дар бораи тасдиқ ё бекор намудани стандартҳои давлатӣ бояд дар нашрияи расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ интишор гардад .
5. Хориҷ карда шуд .
Моддаи 11. Тартиби таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатӣ
1. Стандартҳои давлатиро метавонанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳо, инчунин дигарон тибқи барнома оид ба таҳияи стандартҳои давлатӣ, таҳия намоянд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ то тасдиқ намудани стандарти давлатӣ дар давоми 60 рӯз тафсирҳои тарафҳои манфиатдорро қабул намуда, баррасӣ менамояд. Дар мавриди ба вуҷуд омадани хавфи фавқулодда ба амният, саломатӣ ё муҳити атроф, мӯҳлати мазкур соқит карда мешавад.
3. Тибқи дархости тарафҳои манфиатдор мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ бояд лоиҳаи стандарти давлатии баррасишавандаро ба онҳо пешниҳод намояд. Маблағи пардохт барои дастрас намудани лоиҳаи стандарти давлатӣ, ба истиснои хароҷоти вобаста ба дастраскунӣ, барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ягона мебошад.
4. Тартиби нашри огоҳинома оид ба таҳияи лоиҳаи стандарти давлатӣ ва огоҳинома доир ба хотима ёфтани муҳокимаи оммавии онро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муайян менамояд.
5. Дар таҳияи минбаъдаи стандарти давлатӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ бояд тафсирҳои пешниҳодкардаи тарафҳои манфиатдорро дар давраи баррасӣ ба инобат гирад. Дар ҳолати мавҷуд будани мухолифати тафсирҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ хулосаҳои худро бо шарҳи муфассал дар мӯҳлати муайяншуда ба тарафҳои манфиатдор ирсол менамояд.
6. Ворид намудани тағйирот ба стандарти давлатӣ бо тартиби барои таҳия ва тасдиқи стандарти давлатӣ муайяншуда амалӣ мегардад.
Моддаи 12. Санҷиши стандартҳои давлатӣ
1. Санҷиши мутобиқати стандартҳои давлатии амалкунанда бо қонунгузорӣ, талаботи истеъмолкунандагон, сатҳи рушди илм ва техника, талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ) аз тарафи кумитаҳои дахлдори техникӣ оид ба стандартонӣ ба амал бароварда мешавад.
2. Стандартҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол санҷида мешаванд.
3. Тартиби гузарондани кор оид ба санҷиши стандартҳои давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муқаррар мекунад.
Моддаи 13. Истифодабарии стандартҳо
1. Интихоби стандартҳо ихтиёрӣ мебошад. Дар ҳолате, ки регламенти техникӣ ба стандарт ишора намояд ва ягона роҳи таъмини мутобиқат ба регламенти техникӣ ин риояи стандарт мебошад, дар чунин ҳолат ин гуна стандарт ҳамчун регламенти техникӣ истифода мешавад .
2. Стандартҳои минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва давлатӣ бевосита, инчунин бо роҳи ишора ба онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои бо тартиби муайян қабулгардида, истифода мешаванд.
3. Стандартҳои минтақавӣ (байнидавлатӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накардан, бевосита пас аз шаш моҳи дастрас шудани нашри расмии онҳо (стандартҳои бе санаи мавриди амал қабулшуда) мавриди амал қарор мегиранд.
4. Стандартҳои байналмилалӣ ва стандартҳои миллии дигар мамлакатҳо дар асоси созишномаҳои (шартномаҳои) байналмилалӣ дар бораи ҳамкорӣ ва ё шартномаҳои (созишномаҳо) мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ бо ташкилотҳои стандартонии байналмилалӣ, минтақавии дахлдор ва мақомоти миллии стандартонии дигар мамлакатҳо қабул мешаванд.
5. Тартиби истифодаи стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва стандартҳои миллии дигар давлатҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 14. Нашр ва паҳн намудани стандартҳо
1. Ҳуқуқи истисноии нашри расмӣ ва аз рӯи тартиби муқарраршуда паҳн намудани стандартҳои давлатӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ тааллуқ дорад (№ 2068).
2. Стандартҳои давлатӣ бояд бо забони давлатӣ, инчунин бо яке аз забонҳои расмии байналмилалӣ нашр гарданд.
3. Нашр ва паҳн намудани стандартҳои миллии мамлакатҳои дигарро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ тибқи шартномаҳо ва созишномаҳо бо мақомоти миллии стандартонии мамлакатҳои дигар ташкил ва амалӣ менамояд.
4. Нашр ва паҳн намудани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии стандартониро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ мувофиқи тартиб ва шартҳое, ки ташкилотҳои байналмилалӣ ё минтақавии дахлдор муайян намудаанд, ба амал мебарорад.
5. Нашр ва паҳн намудани ҳуҷҷатҳои стандартонӣ аз тарафи ташкилотҳое, ки онҳоро тасдиқ намуданд, амалӣ мегардад.
6. Стандартҳои давлатӣ ба тариқи озод, баъди пардохти арзиши он тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ, дастрас мегарданд.
Моддаи 15. Таъминоти иттилоотии фаъолияти соҳаи стандартонӣ
Таъминоти иттилоотии системаи давлатии стандартонӣ тавассути корҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- фонди давлатии иттилоотии стандартҳо;
- системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ;
- нашри расмии стандартҳо (№ 2068).
Моддаи 16. Нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ
1. Нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ин нишонаест, ки дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона буда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимоя қарор дорад ва дар бораи ба талаботи стандартҳои давлатӣ мутобиқ будани объектҳои стандартонии тамғагузоштаи онҳо шаҳодат медиҳад (№ 2068).
2. Тавсиф ва тартиби истифодаи нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муқаррар мекунад. Дар қоидаҳои истифодаи нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ бояд принсипи ихтиёрӣ будани истифодаи он пешбинӣ карда шавад.
3. Ҳуқуқи истифодаи нишонаи мутобиқати маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ ба стандартҳои давлатӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ дода мешавад.
4. Ба талаботи стандартҳои давлатӣ мутобиқат доштани объектҳои стандартонии бо нишонаи мутобиқат тамғагузоришуда, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Барои истеҳсолкунандаи (таъминкунандаи) объектҳои стандартонии бо нишонаи мутобиқат тамғагузоришуда, инчунин дар ҳолати дар борҷомаи маҳсулот ё ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшаванда дарҷ намудани рақами стандартҳои минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва давлатӣ ҷиҳати риоя намудани талаботи стандартҳои дахлдор ҳатмӣ мебошад.
6. Назорати давлатӣ оид ба иҷрои ҳатмии стандартҳои интихобшуда аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии масъули ташкили корҳои бамеъёрдарории техникӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 17. Маблағгузории корҳо оид ба стандартонӣ
1. Манбаъҳои маблағгузории корҳо оид ба стандартонӣ инҳоянд:
- маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фурӯши стандартҳо;
- хизматрасонӣ дар соҳаи стандартонӣ;
- дигар манбаъҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Тартиби маблағгузории корҳо оид ба стандартонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи стандартонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод. 358; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 230) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
29 декабри соли 2010 № 668
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996, №334 "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №23,мод.359) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 8 декабри соли 2010, № 252
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи стандартонӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010 № 102
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О СТАНДАРТИЗАЦИИ
(в редакции Закона РТ от 16.04.2012г.№814, от 20.06.2024 №2068)
Настоящий Закон регулирует правовые и организационные отношения в области стандартизации, основные принципы стандартизации, права и обязанности участников работ по стандартизации в Республике Таджикистан и направлен на обеспечение единой политики в этой области.
ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 1. Основные понятия
В настоящем Законе используются следующие основные понятия:
- стандартизация - деятельность, направленная на принятие стандартов и документов по стандартизации, а также по установлению технических требований (нормы, правила, характеристики и иные требования к объектам стандартизации) в целях их всеобщего и многократного применения в отношении постоянно повторяющихся задач, направленная на достижение оптимальной степени упорядочения в области разработки, производства, эксплуатации, хранения, перевозки и утилизации продукции, выполнения работ и оказания услуг;
- стандарт - документ, утвержденный уполномоченным органом по стандартизации, который содержит предназначенные для общего и многократного использования правила, руководства или характеристики применительно к товарам или связанным с ними процессами и методами производства, выбор которых в целях использования является добровольным. Он может также включать или исключительно содержать требования к терминологии, обозначениям, упаковке, маркировке и этикетированию в той степени, в которой они применяются к товару, процессу или методу производства;
- объекты стандартизации - продукция, процессы ее разработки, производства, эксплуатации, хранения, перевозки и утилизации, выполнение работ и оказания услуг;
- государственный стандарт Республики Таджикистан (далеегосударственный стандарт) - стандарт, утвержденный уполномоченным государственным органом по стандартизации Республики Таджикистан;
- национальный стандарт другой страны - стандарт, утвержденный (принятый) уполномоченным государственным органом по стандартизации другого государства:
- региональный (межгосударственный) стандарт - стандарт, утвержденный (принятый) региональной (межгосударственной) организацией по стандартизации;
- международный стандарт - стандарт, утвержденный (принятый) международной организацией по стандартизации;
- регистрация стандартов и документов по стандартизации присвоение уполномоченным органом по стандартизации регистрационных номеров стандартам и документам в области стандартизации с целью их учета и идентификации;
- документы по стандартизации - документы (правила и рекомендации по стандартизации, своды норм и правил, технические условия), принимаемые международной или региональной организацией по стандартизации, уполномоченным органом по стандартизации, другими государственными органами управления, организациями и предприятиями;
- заинтересованная сторона - центральные исполнительных органов государственной власти, физические и юридические лица, заинтересованные в деятельности по стандартизации №2068
- консенсус - общее согласие по определенному вопросу, достигнутое с учетом мнений всех заинтересованных сторон, в том числе и всех противоречивых мнений, хотя консенсус не должен означать полное единодушие;
- технический комитет по стандартизации - рабочая группа по разработке стандартов, созданная уполномоченным органом по стандартизации.
Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о стандартизации
Законодательство Республики Таджикистан о стандартизации основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.
Статья 2(1). Сфера действия настоящего Закона
Настоящий Закон применяется на отношения, связанные с разработкой, принятием и внедрением стандартов и соответствующих документов по стандартизации, а также осуществлением государственного контроля в области стандартизации №2068
Статья 3. Цели и основные принципы стандартизации
1. Целями стандартизации являются:
- обеспечение защиты жизни, здоровья и безопасности человека и гражданина, животных, растений и защиты окружающей среды;
- обеспечение качества и безопасности продукции и связанных с ней процессов, а также выполнения работ и оказания услуг;
- обеспечение совместимости и взаимозаменяемости продукции и связанных с ней процессов, выполнения работ;
- развитие производства и торговли товарами путем разработки стандартов и документов по стандартизации, гармонизированных с международными стандартами;
- содействие повышению конкурентоспособности отечественной продукции;
- содействие научно-техническому прогрессу;
- устранение технических барьеров в торговле;
- защита интересов потребителей.
2. Стандартизация основывается на принципах:
- открытости процессов разработки стандартов и документов по стандартизации;
- обеспечения права участия всех заинтересованных сторон в разработке стандартов;
- достижения консенсуса всех заинтересованных сторон при разработке и утверждении стандартов;
- гармонизации государственных стандартов с международными и региональными (межгосударственными) стандартами;
- согласованности документов по стандартизации государственным стандартам;
- доступности информации о стандартах всем заинтересованным лицам;
- недопустимости излишних препятствий для международной торговли, чем это минимально необходимо для выполнения целей стандартизации;
- добровольного выбора стандартов;
- обязательного выполнения требований выбранных стандартов;
- использования международных стандартов или их соответствующих разделов, когда они существуют или когда завершается их разработка, в качестве основы для разработки государственных стандартов, за исключением случаев, когда подобные международные стандарты или их соответствующие разделы были бы не эффективными или не подходящими средствами для достижения поставленных настоящим Законом целей, например, вследствие существенных климатических или географических факторов, или существенных технических проблем;
- принятия во внимание этапа развития технологии и правил международных и региональных организаций по стандартизации и иных соответствующих международных соглашений при разработке стандартов;
- по мере возможности разрабатывать стандарты на требования к эксплуатационным характеристикам продукции, а не на требования к ее конструктивным или описательным характеристикам;
- определения одинакового режима, который применяется на импортную продукцию и идентичную или подобную отечественную продукцию в соответствии с международными соглашениями, признанными Республикой Таджикистан.
Статья 4. Полномочия Правительства Республики Таджикистан в области стандартизации
Правительство Республики Таджикистан в области стандартизации имеет следующие полномочия:
- обеспечивает ведения государственной политики №2068
- определяет уполномоченный государственный орган по стандартизации;
- утверждает государственные программы в области стандартизации №2068
- создает государственную систему стандартизации и обеспечивает ее деятельность;
- поддерживает на межправительственном, международном, региональном (межгосударственном) и национальном уровне обмен информацией по стандартизации;
- обеспечивает материальное и финансовое решение государственных задач в области стандартизации;
- устанавливает порядок создания и ведения государственного фонда стандартов ();
- осуществляет другие полномочия, установленные законодательством Республики Таджикистан №2068
ГЛАВА 2. ОРГАНИЗАЦИЯ СТАНДАРТИЗАЦИИ
Статья 5. Государственная система стандартизации
1. Государственная система стандартизации это совокупность участников работ по стандартизации, стандартов и документов по стандартизации, а также правил и процедур функционирования системы в целом.
2. Участниками работ по стандартизации являются:
- уполномоченный государственный орган по стандартизации;
- другие государственные органы в пределах их полномочий в области стандартизации;
- научные организации и учреждения;
- технические комитеты по стандартизации;
- физические и юридические лица Республики Таджикистан;
- иностранные граждане, лица без гражданства, иностранные юридические лица;
- иные субъекты, деятельность которых связана с работами в области стандартизации.
Статья 6. Компетенция уполномоченного государственного органа по стандартизации
В компетенцию уполномоченного государственного органа по стандартизации входит:
- реализация государственной политики в области стандартизации №2068
- координация работ центральных исполнительных органов государственной власти в области стандартизации №2068;
- разработка и утверждение программ разработки государственных стандартов на основе предложений технических комитетов по стандартизации и заинтересованных сторон и координация их реализации;
- разработка, утверждение, пересмотр, внесение изменений и отмена государственных стандартов;
- устанавливание порядка утверждения и отмены государственных стандартов;
- обеспечение соответствия государственных стандартов международным и региональным (межгосударственным) стандартам;
- установление общих правил проведения работ по стандартизации, форм и методов взаимодействия участников государственной системы стандартизации;
- организация работы по государственной, региональной (межгосударственной) и международной стандартизации, проведение научно-исследовательских работ по стандартизации с привлечением для выполнения этих работ технических комитетов по стандартизации, отраслевых научно-исследовательских институтов;
- проведение экспертизы и регистрации проектов государственных стандартов и документов по стандартизации, подлежащих регистрации, и определение срока вступления их в силу;
- ведение реестра утвержденных (отмененных) государственных стандартов и документов по стандартизации, подлежащих регистрации;
- заключение соглашений с международными, региональными организациями по стандартизации и национальными органами по стандартизации других стран в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;
- осуществление регистрации и установление порядка применения международных, региональных и национальных стандартов других стран на территории Республики Таджикистан, при условии если иной порядок не установлен международными договорами (соглашениями);
- осуществление учета и хранения международных, региональных, (межгосударственных), государственных стандартов, правил и рекомендаций по стандартизации, обеспечение их доступности заинтересованным лицам;
- формирование и ведения фонда международных, региональных (межгосударственных) и государственных стандартов, правил и рекомендаций по стандартизации;
- осуществление распространения международных, региональных (межгосударственных) и государственных стандартов, правил и рекомендаций по стандартизации, ежегодной подготовки каталога государственных стандартов;
- создание государственного информационного фонда стандартов и единой информационной системы по стандартизации;
- принятие решения о создании технических комитетов по стандартизации;
- утверждение положений о технических комитетах по стандартизации и осуществление координации их деятельности;
- представление Республики Таджикистан в международных и региональных организациях по стандартизации;
- участие в разработке международных и региональных стандартов и обеспечение учета интересов Республики Таджикистан при их принятии;
- утверждение изображения знака соответствия государственным стандартам и определение порядка его использования;
- обеспечение на международном, региональном (межгосударственном) и национальном уровне обмена информацией по стандартизации;
- формирование предложений по материальному и финансовому обеспечению решения государственных задач в области стандартизации;
- исполнение роли информационного центра по стандартизации в соответствии с требованиями значимых международных договоров и обязательств, вытекающих из членства в региональных и международных организациях;
- осуществление иной деятельности в соответствии с обязательствами, вытекающими из международных договоров, относящихся к стандартизации, обязательных для Республики Таджикистан;
- осуществляет другие полномочия, установленные законодательством Республики Таджикистан№2068.
Статья 7. Компетенция других государственных органов в области стандартизации
В компетенцию других государственных органов в области стандартизации входит:
- реализация государственной политики в пределах своих полномочий;
- подготовка предложений в программы по стандартизации с учетом положений настоящего Закона;
- организация разработки, утверждения, ведения, применения, учета, официального опубликования, распространения и хранения документов по стандартизации в пределах своих полномочий;
- участие в работе технических комитетов по стандартизации;
- внесение предложений в уполномоченный государственный орган по стандартизации о создании технических комитетов по стандартизации;
- обеспечение участия экспертов в области международной и региональной стандартизации в пределах своих полномочий;
- создание и ведение фонда документов по стандартизации в пределах своих полномочий.
Статья 8. Функции научных организаций и учреждений в области стандартизации
Научные организации и учреждения:
- привлекаются для развития и реализации приоритетных направлений стандартизации;
- проводят анализ действующего фонда стандартов на соответствие современному уровню развития национальной экономики, развития материально-технической базы, а также уровню научно-технического развития;
- участвуют в работе технических комитетов по стандартизации;
- по согласованию с уполномоченным государственным органом по стандартизации обеспечивают ведение деятельности секретариатов технических комитетов по стандартизации №2068
- осуществляют подготовку ежегодного доклада о состоянии и развитии работ в области стандартизации;
- осуществляют научно-исследовательские работы в области стандартизации;
- формируют систему подготовки и аттестации экспертов по стандартизации;
- разрабатывают и реализуют образовательные программы, направленные на подготовку специалистов в области стандартизации.
Статья 9. Технические комитеты по стандартизации
1. Технические комитеты по стандартизации создаются в целях организации и проведения работ по государственной, региональной (межгосударственной) и международной стандартизации в закрепленной области деятельности.
2. Порядок создания и деятельности технических комитетов по стандартизации определяется уполномоченным государственным органом по стандартизации.
3. В состав технических комитетов по стандартизации на паритетных началах и добровольной основе могут входить представители центральных исполнительных органов государственной власти, научных организаций и учреждений, профессиональных союзов, общественных организаций и объединений предпринимателей и потребителей, коммерческих и некоммерческих организаций, а также физические лица №2068.
4. Технический комитет по стандартизации уполномочен:
- разрабатывать государственные стандарты, принимая во внимание действующие международные и региональные стандарты, а также особенности государства, особые географические и климатические характеристики страны и уровень ее экономического развития, а также готовит предложения по их отмене №2068
- проводить экспертизу проектов документов по стандартизации, относящихся к области его деятельности;
- готовить предложения по разработке международных, региональных (межгосударственных) стандартов;
- формировать и осуществлять ведение информационной базы стандартов и других нормативных документов, связанной с сферой деятельности №2068
- участвовать в научно-исследовательской работе в области стандартизации №2068
5. Расходы, связанные с деятельностью технических комитетов по стандартизации, осуществляются за счет инициаторов разработок государственных стандартов, а также иных организаций, заинтересованных в принятии и применении стандартов №2068
ГЛАВА 3. РАЗРАБОТКА, УТВЕРЖДЕНИЕ И ПРИМЕНЕНИЕ СТАНДАРТОВ
Статья 10. Утверждение государственных стандартов
1. Государственные стандарты утверждаются в соответствии с настоящим Законом и правилами государственной системы стандартизации, которые должны соответствовать правилам международных и региональных организаций по стандартизации.
2. Государственные стандарты и документы по стандартизации разрабатываются на основе современных научно-технических достижений и не должны противоречить законодательству Республики Таджикистан, техническим регламентам и иным нормативным правовым актам Республики Таджикистан №2068
3. Государственные стандарты и документы по стандартизации могут быть приняты на основе международных, региональных стандартов и документов по стандартизации или национальных стандартов других стран.
4. Уведомление об утверждении или отмене государственных стандартов должно быть опубликовано в официальном издании государственного уполномоченного органа по стандартизации ().
5. Исключена ().
Статья 11. Разработка и утверждение государственных стандартов
1. Разработчиком государственного стандарта могут быть физические и юридические лица, общественные организации или объединения, а также другие в соответствии с программой разработки государственных стандартов.
2. До утверждения государственного стандарта уполномоченный государственный орган по стандартизации в течение 60 дней принимает и рассматривает комментарии заинтересованных сторон. Данный период может быть исключён по причинам возникновения чрезвычайной угрозы безопасности, здоровью или окружающей среде.
3. По запросу заинтересованных сторон, уполномоченный государственный орган по стандартизации должен предоставить им проект рассматриваемого государственного стандарта. Оплата за предоставление проекта государственного стандарта, помимо расходов по доставке, является одинаковой как для физических и юридических иностранных лиц, так и для физических и юридических лиц Республики Таджикистан.
4. Порядок опубликования уведомления о разработке проекта государственного стандарта и уведомления о завершении его публичного обсуждения определяет уполномоченный государственный орган по стандартизации.
5. В дальнейшей разработке государственного стандарта, уполномоченный государственный орган по стандартизации должен учитывать комментарии, представленные заинтересованными лицами в период рассмотрения. В случае расхождения комментарий с международными стандартами, уполномоченный государственный орган по стандартизации в установленные сроки направляет свои заключения с подробным разъяснением заинтересованным сторонам.
6. Внесение изменений в государственный стандарт осуществляется в порядке, установленном для разработки и утверждения государственного стандарта.
Статья 12. Проверка государственных стандартов
1. Проверку действующих государственных стандартов на соответствие законодательству, потребностям потребителей, уровню развития науки и техники, требованиям международных и региональных (межгосударственных) стандартов осуществляют соответствующие технические комитеты по стандартизации.
2. Государственные стандарты проверяются не реже одного раза в пять лет.
3. Порядок проведения работ по проверке государственных стандартов устанавливается уполномоченным государственным органом по стандартизации.
Статья 13. Применение стандартов
1. Применение стандартов является добровольным. В случае, если технический регламент ссылается на стандарт и соблюдение стандарта является единственным образом достижения соответствия с техническим регламентом, тогда такой стандарт применяется как технический регламент ().
2. Региональные (межгосударственные) и государственные стандарты применяются непосредственно, а также путем ссылки на них в действующем законодательстве Республики Таджикистан, договорах, контрактах, соглашениях, принятых в установленном порядке.
3 Региональные (межгосударственные) стандарты на территории Республики Таджикистан, в случае соответствия законодательству Республики Таджикистан непосредственно вводятся в действие (стандарты, принятые без даты введения) через шесть месяцев после получения их официального издания.
4. Международные стандарты и национальные стандарты других стран принимаются на основе международных соглашений (договоров) о сотрудничестве или договоров (соглашений) уполномоченного государственного органа по стандартизации с соответствующими международными, региональными организациями по стандартизации и национальными органами по стандартизации других стран.
5. Порядок применения международных, региональных стандартов и национальных стандартов других стран устанавливает уполномоченный государственный орган по стандартизации.
Статья 14. Опубликование и распространение стандартов
1. Исключительное право опубликования и распространения в установленном порядке государственных стандартов принадлежит уполномоченному государственному органу по стандартизации.
2. Государственные стандарты должны быть опубликованы на государственном языке, а также одном из официальных международных языков.
3. Издание и распространение национальных стандартов других стран организует и осуществляет уполномоченный государственный орган по стандартизации в соответствии с договорами и соглашениями с национальными органами по стандартизации других стран.
4. Издание и распространение документов международных и региональных организаций по стандартизации, членом которых является Республика Таджикистан, осуществляет уполномоченный государственный орган по стандартизации в порядке и на условиях, определенных соответствующей международной или региональной организацией по стандартизации.
5. Издание и распространение документов по стандартизации осуществляют утвердившие их организации.
6. Государственные стандарты подлежат открытому доступу и после внесения оплаты предоставляются в соответствии с порядком, установленным уполномоченным государственным органом по стандартизации.
Статья 15. Информационное обеспечение деятельности в области стандартизации
Информационное обеспечение государственной системы стандартизации реализуется посредством:
- государственного информационного фонда стандартов;
- единой информационной системы по стандартизации;
- официального опубликования стандартов.
Статья 16. Знак соответствия государственным стандартам
1. Знак соответствия государственным стандартам - единый на всей территории Республики Таджикистан знак, защищенный в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке и свидетельствующий о соответствии маркированных им объектов стандартизации требованиям государственных стандартов №2068
2. Описание и порядок применения знака соответствия государственным стандартам устанавливается уполномоченным государственным органом по стандартизации. В порядке применения знака соответствия государственным стандартам должен предусматриваться принцип добровольности его применения.
3. Право на использование знака соответствия государственным стандартам продукции или работ предоставляет уполномоченный государственный орган по стандартизации.
4. Соответствие маркированных знаком соответствия объектов стандартизации требованиям государственных стандартов подтверждается в порядке, установленном уполномоченным государственным органом по стандартизации.
5. Производитель (поставщик) объектов стандартизации маркированных знаком соответствия, а также при применение им обозначения регионального (межгосударственного) и государственного стандарта в маркировке и сопроводительной документации, несёт ответственность за исполнение требований соответствующих стандартов.
6. Государственный контроль за обязательным исполнением выбранных стандартов осуществляется уполномоченным государственным органом ответственным за организацию работ по техническому нормированию.
Статья 17. Финансирование работ по стандартизации
1. Источниками финансирования работ по стандартизации являются:
- средства государственного бюджета Республики Таджикистан;
- продажа стандартов;
- предоставление услуг в области стандартизации;
- иные источники в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
2. Порядок финансирования работ по стандартизации определяется Правительством Республики Таджикистан.
ГЛАВА 4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 18. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица, нарушившие требования настоящего Закона, несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 19. О признании утратившим силу Закона Республики Таджикистан "О стандартизации"
Признать утратившим силу Закон Республики Таджикистан от 14 декабря 1996 года "О стандартизации" (Ахбори Маджлиси Олии Республики Таджикистан, 1996 г, № 23, ст. 358; 2002 г., № 4, ч.1, ст. 230).
Статья 20. Порядок введения в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
29 декабря 2010 года № 668
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О стандартизации"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Рсспублики Таджикистан постановляет:
1. Принять Закон Республики Таджикистан "О стандартизации".
2. Признать утратившим силу Постановление Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 14 декабря 1996 года, №334 "0 введении в действие Закона Республики Таджикистан "О стандартизации" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №23, ст.359).
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.Зухуров
г.Душанбе, 8 декабри соли 2010, №252
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О стандартизации"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О стандартизации", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О стандартизации".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 16 декабря 2010 года, №102