Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаҳои 3, 5, 7, 13 ва 21 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
а) дар замимаи 3 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сархати ҳафтум "Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" рақами "8" ба рақами "4" ва дар сархати "Ҳамагӣ" рақами "79" ба рақами "75" иваз карда шаванд;
б) дар замимаи 5 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд:
- сархати дуюм "Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 22" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4";
- дар сархати "Ҳамагӣ" рақами "176" ба рақами "158" иваз карда шавад;
в) дар замимаи 7 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон:
- сархати дуюм "Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

- дар сархати "Ҳамагӣ" рақами "173" ба рақами "156" иваз карда шавад;
г) дар замимаи 13 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сархати дуюм "Раёсати (шӯъбаи) меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ";
д) замимаи 21 Лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз 1 апрели соли 2012 дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2012, №299
ш. Душанбе