Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ з 31 майи соли 2012, № 285

Санаи амалкуни: 30.05.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, № 285

Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

§1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд - Қоидаҳо) ташкил ва пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд - Феҳрист)-ро муайян намуда, маҷмӯи маълумот оид ба ҳучҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда, аз нав ба расмият даровардашуда, боздошташуда, азнавбарқароршуда ва бекор кардашударо, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда (минбаъд - мақоми иҷозатдиҳанда) амалӣ гардонида шудаанд, дар бар мегирад.

2. Феҳрист аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда ташкил карда шуда, дар шакли чопӣ ва шакли электронӣ пеш бурда мешавад.

3. Ҳангоми номутобиқати маълумоти шакли чопӣ ба маълумоти шакли электронӣ, бартарият ба маълумоти шакли чопии Феҳрист дода мешавад.

4. Вазифаҳои асосии пешбурди Феҳрист:

- ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистои ба соҳибкорӣ машғул мешаванд;

- риоя намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва Қоидаҳои мазкур аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;

- пешбурди тартиби ягонаи коргузорӣ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- ошкорсозӣ, пешгирӣ ва решакан намудани саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми пешбурди Феҳрист, ки ба манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои соҳибкорон, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар мерасонанд, инчунин муайян намудани сабаб ва ҳолати ба вуҷуд омадани ҳуқуқвайронкуниҳо.

5. Қоидаҳои мазкур ягона буда, талаботи он барои ҳамаи мақомоти иҷозатдиҳанда ҳатмӣ мебошад.

6. Шахсони мансабдори мақомоти иҷозатдиҳанда ҳангоми пешбурди Феҳрист ӯҳдадоранд, ки талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ", "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва Қоидаҳои мазкурро мавриди роҳбарӣ қарор диҳанд.

7. Маълумоте, ки дар Феҳрист ҷойгир карда шудааст, ошкор буда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дастрас мебошад.

§2. Тартиби ташаккули шакли чопии Феҳрист

8. Мақомоти иҷозатдиҳанда вазифадоранд Феҳристро мутобиқи намунаҳо (замимаҳои 2-5) ташкил намояд.

9. Феҳрист аз қисми асосӣ ва бойгонӣ иборат мебошад:

а) қисми асосӣ дар асоси принсипи тақсимшавӣ ба қисмҳо мувофиқи ҳар як ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ки барои додани онҳо мақомоти иҷозатдиҳанда тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ваколат доранд, ташкил карда мешавад. Дар ҳар як қисми Феҳрист варақаҳои маълумоти бо ишораи ному насаби шахси дорои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ташкил карда шуда, аз рӯи алифбо ба тартиб дароварда мешаванд;

б) қисми бойгонии Феҳрист аз дафтари бақайдгирии иқтибосҳо аз Феҳрист (замимаи 6) ва ҷузъдони замимаҳои бойгонӣ (танҳо барои шакли чопии Феҳрист) иборат аст.

10. Мақоми иҷозатдиҳанда вазифадор аст, ки аз ҳайати кормандони зерсохтори мақомоти иҷозатдиҳанда (бахш, шӯъба ва ё раёсат, ки барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ӯҳдадор мебошанд), ду нафар корманди худро барои пешбурди Феҳрист тибқи тартиби муқарраргардида муайян ва таъин намояд.

11. Хизматчиёни давлатии муайян ва таъингардида (минбаъд - масъулин) бояд аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурин Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" пурра хабардор буда, принсипҳои пешбурди Феҳристи мазкурро омӯхта бошанд.

12. Шахсони мансабдори масъули мақомоти иҷозатдиҳандае, ки барои ташаккули Феҳрист монеа эҷод мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

§3. Тартиби пешбурди ҳомили коғазии (чопии) Феҳрист

13. Дар ҳолати қабул гардидани қарори мусбӣ оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дархостшуда ва додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба аризадиҳанда, масъулини мақоми иҷозатдиҳанда ӯҳдадоранд:

а) дар қисми асосии ҳуҷҷати иҷозатдиҳии додашуда, вобаста аз намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба номи аризадиҳанда варақаи маълумотӣ тартиб диҳанд;

б) дар варақаи маълумотии соҳиби ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маълумоти зеринро ифода намоянд:

- маълумот оид ба аризадиҳанда (номи шахси ҳуқуқӣ, барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном ва номи падар, маълумоти тамосӣ);

- намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- силсила, рақам ва санаи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ.

14. Дар ҳолати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии қаблан ба аризадиҳанда додашуда, масъулин ӯҳдадоранд, ки маълумоти дахлдорро оид ба тағйироти воридшуда, ки дар натиҷаи аз нав барасмиятдарорӣ ба вуҷуд омадаанд, ба сатри мувофиқи Феҳрист (маълумот оид ба аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми аз нав барасмиятдарорӣ, пешниҳоди нусхаҳо ва нусхаҳои дуюми ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ) на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз баромадани қарор ворид намоянд.

15. Дар ҳолати қабул шудани қарор оид ба катъ гардонидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии қаблан додашуда, масъулин ӯҳдадоранд, ки маълумоти дахлдорро оид ба тағйироти воридшуда, ба сатри мувофиқи Феҳрист (асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бартарафкунии камбудиҳои шартҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ) на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз баромадани қарор ворид намоянд.

16. Дар ҳолати қабул шудани қарор дар бораи аз нав барқароркунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳии қаблан қатъгардонидашуда, масъулин ӯҳдадоранд, ки маълумоти дахлдорро ба сатри мувофиқи Феҳрист (асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) оид ба катъгардонӣ ва азнавбарқароркунии амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ) на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз баромадани қарор ворид намоянд.

17. Дар ҳолати қабул шудани қарор (амр, фармон, фармоиш) оид ба бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии қаблан қатъгардонидашуда, масъулин ӯҳдадоранд, ки маълумоти дахлдорро оид ба бекоркунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба сатри мувофиқи Феҳрист (асос, сана ва рақами қарор оид ба бекоркунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ) на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз баромадани қарор ворид намоянд.

18. Дар ҳолати қабул шудани қарор оид ба бекоркунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳии қаблан қатъгардонидашуда, масъулин ӯҳдадоранд, ки маълумоти дахлдорро оид ба бекоркунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба сатри мувофиқи Феҳрист (асос, сана ва рақами қарор оид ба беъэтибор донистани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ) на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз баромадани қарор ворид намоянд.

19. Дар ҳолати дархост намудани маълумоти оморӣ аз ҷониби мақомот ва идораҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақоми иҷозатдиҳанда маълумоти дархостшударо дар мӯҳлати понздаҳ рӯз пешниҳод менамояд. Пас аз пешниҳоди маълумоти дархостшуда масъулин ӯҳдадоранд, ки маълумоти дахлдорро мувофиқи замимаи 3 Қоидаҳои мазкур ба дафтари бақайдгирии иқтибосҳо, на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз пешниҳоди маълумот аз ҷои талабкардашуда ворид намоянд.

§4. Тартиби пешбурди шакли электронии Феҳрист

20. Шакли электронии Феҳрист дар компютери кории зерсохтори мақоми иҷозатдиҳанда ташкил карда шуда, дар асоси шакли чопӣ, ки дар бандҳои 14-20 Қоидаҳои мазкур муайян карда шудааст, мувофиқан пеш бурда мешавад.

21. Лифофаи барномавии шакли электронии Феҳрист бо заминаи маълумоти барномаи Мicrosoft Ассеss аз рӯи намунае, ки дар замимаи 3 оварда шудааст, ташкил карда мешавад.

22. Дастрасӣ ба шакли электронии Феҳрист тавассути рамз (парол), ки аз ҷониби масъулин оид ба пешбурди Феҳрист муқаррар мегардад, амалӣ гардонида мешавад. Рамз танҳо барои масъулин (ду нафар) оид ба пешбурди Феҳрист буда, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

23. Ворид намудани маълумоти шакли электронии Феҳрист, пас аз ворид намудани ҳар як маълумоти нав ва ё тағйиротҳо ба шакли чопии Феҳрист на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз интишори қарор нисбат ба ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, амалӣ гардонида мешавад.

24. Дар ҳолати зарурияти пешниҳод намудани маълумоти оморӣ (дархост оид ба миқдори ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда, аз нав ба расмият даровардашуда, боздошташуда ва бекор карда шуда ва ғайра) бо мақсади сарфаи вақти корӣ, мақомоти иҷозатдиҳанда шакли электронии Феҳристро истифода мебаранд.

25. Бо мақсади таъмин намудани бехатарии иттилоотӣ (шикастани низоми компютер тавассути интернет) ва пешгирии нобудшавии маълумот (дар натиҷаи вайроншавии системаи оператсионии компютер) аввали моҳи марти ҳар сол, масъулин оид ба пешбурди Феҳрист ӯҳдадоранд, ки шакли электронии Феҳристро дар шакли рақамии электронии алоҳида омода намуда, барои нигоҳдорӣ дар ҷузъдони замимаҳои бойгонии шакли чопии Феҳрист диҳанд.

§5. Вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳӣ

26. Вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ инҳоянд:

- ба масъулин вобаста ба пешбурди Феҳрист ёрии машваратӣ, амалӣ ва дастури усулӣ мерасонад;

- масъулинро ба таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос, ки ба низоми иҷозатдиҳӣ алоқаманданд, ҷалб менамояд:

- риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла Қоидаҳои мазкурро назорат мекунад;

- фаъолияти мақомоти иҷозатдиҳандаро оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими низоми иҷозатдиҳӣ на кам аз як маротиба дар як сол мавриди санҷиш қарор медиҳад;

- аз натиҷаи санҷиш санад тартиб дода, барои бартараф кардани камбудиҳо ё барои маълумот онро ба мақомоти иҷозатдиҳанда ирсол менамояд;

- ҳар сол дар моҳи январ оид ба Феҳрист ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамояд.

27. Вазифаҳои мақомоти иҷозатдиҳанда:

- риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими низоми иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла Қоидаҳои мазкурро дар мақомот таъмин мекунанд;

- барои ба таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос, ки ба низоми иҷозатдиҳӣ алоқаманданд ҷалб намудани масъулин ва ҳангоми санҷиши фаъолияти мақомот оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими низоми иҷозатдиҳӣ мусоидат мекунанд;

- камбудиҳои дар натиҷаи санҷиш ошкор шударо бартараф намуда, аз натиҷаи он ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ахборот ирсол менамоянд;

- вобаста ба пешбурди Феҳрист ҳар сол дар моҳи декабр ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ маълумоти хаттӣ пешниҳод менамоянд.

28. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ихтилофи манфиатҳо ва гуногунфаҳмӣ нисбат ба вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва вазифаҳои мақомоти иҷозатдиҳанда баҳсҳо аз ҷониби роҳбарияти ҳарду мақомот ҳал карда мешаванд. Дар ҳолати ба мувофиқа наомадани тарафҳо баҳс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

§6. Муқаррароти хотимавӣ

29. Хароҷоти пешбурди Феҳрист, барои ба таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос ҷалб намудани масъулин аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ки барои мақомоти иҷозатдиҳанда пешбинӣ карда шудаанд, ва ё аз ҳисоби дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешаванд.

30. Соҳибкорон, масъулини мақомоти иҷозатдиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд оид ба Қоидаҳо, Феҳрист ва беамалии масъулин ба роҳбари мақоми давлатӣ, мақоми болоӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва суд муроҷиат намоянд.

31. Бахсҳои вобаста ба Қоидаҳо, Феҳрист ва беамалии масъулин аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ, мақоми болоӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ё суд ҳал карда мешаванд.

Ниг. ба замимаҳои 1-6