Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308 тасдик шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати якуми банди 3 пас аз калимаҳои "шаҳрвандони" калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷии" илова карда шаванд:
- сархати дуюм ва сеюми банди 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ба аспирантура аз рӯи ихтисосҳои тибби назариявӣ пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ бо баҳои "хуб" ва "аъло" дохил шудан мумкин аст.
Ба аспирантура аз рӯи ихтисосҳои тибби клиникӣ баъди хатми ординатура, магистратура ва бо доштани на камтар аз се соли собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос дохил шудан мумкин аст";
- ба сархати якуми банди 4 баъд аз калимаи "мутахассис" калимаҳои "бо ду дона расми 4 x 6 см" илова карда шаванд;
- аз сархати ҳафтуми банди 4 калимаҳои "(барои шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро супоридаанд, мӯҳлати супоридани онҳо набояд аз 5 сол зиёд бошад)" хориҷ карда шаванд;
- ба банди 4 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- нусха аз дафтарчаи санҷишӣ (ё ин ки замима ба дипломи таҳсилоти олӣ);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ";
- дар бандҳои 5 ва 6 калимаҳои "таърих ва фалсафаи илм" ба калимаи "фалсафа" иваз карда шавад;
- банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
- "7. Комиссияи қабул дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои озмунии дохилшавӣ нисбат ба ҳар номзад қарор мебарорад. Довталабон имтиҳонҳоро бояд бо баҳои "хуб" ва "аъло" супоранд.
Довталабоне, ки аз имтиҳони ихтисос баҳои "қаноатбахш" гирифтаанд, ба аспирантура қабул карда намешаванд";
- дар сархати дуюми банди 8 пас аз калимаи "аспирантура" калимаҳои "бо сабабҳои объективӣ" илова карда шаванд;
- дар бандҳои 14, 24, 58, 62, 64, 66 ва 68 калимаҳои "таърих ва фалсафа" ба калимаҳои "таърих ва фалсафаи илм" иваз карда шаванд;
- дар банди 15 пас аз калимаи "Аспирантҳо" калимаҳои "(аспирантони хориҷӣ - дар асоси шартнома)" ва пас аз калимаи "ғайрибуҷетӣ" калимаҳои "(ба истиснои аспирантони хориҷӣ)" илова карда шаванд;
- дар банди 31 пас аз калимаҳои "докторанте, ки" калимаҳои "бо сабабҳои объективӣ" илова карда шаванд;
- пас аз банди 48 сарлавҳа дар таҳрири зерин ифода гардад:
"Аз истеҳсолот ҷудо нашуда барои супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр кардани рисолаҳои номзадӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста кардани унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ";
- дар сархати чоруми банди 51 пас аз калимаҳои "шахсоне, ки" калимаҳои "бо сабабҳои объективӣ" илова карда шаванд;
- ба банди 51 сархати нав ба мазмуни зайл илова карда шавад:
- "Тартиби ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста кардани унвонҷӯён барои супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр кардани рисолаҳои номзадӣ мувофиқи ҳамин Низомнома муайян карда мешавад";
- ба банди 52 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
- "Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ мувофиқи шартнома бо унвонҷӯён дар мавриди зарурӣ метавонанд барои унвонҷӯён то 12 моҳ имконияти гузаштани коромӯзии пешакӣ (стажировка)-ро муқаррар намоянд.";
- банди 53 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Унвонҷӯ барои вобаста шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ба номи роҳбари муассиса ариза навишта, ба он ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамояд:
- варақаи шахсӣ бо ду дона расми 4 x 6 см;
- тарҷумаи ҳол;
- тавсифнома-тавсиянома аз ҷойи кор;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- рӯйхати асарҳои чопшуда, ихтироот ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ;
- нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзишии хуҷҷатҳо оид ба таҳсилот);
- шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (агар супорида бошад).
Шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё дипломи таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таълимиро унвонҷӯён шахсан пешниҳод менамоянд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2012, № 265
ш. Душанбе