Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77 "Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷчатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии "асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" банди 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Арзиши 1 адад бланки ҳисоботи қатъии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба андозаи 20 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шуда, маблағи он ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол карда шавад.".
2. Банди 3 банди 4 ҳисобида шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2012, №213
ш. Душанбе