Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" аз 30 апрели соли 2012, №204

Санаи амалкуни: 31.01.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №204

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45)

I.Муқаррароти умумӣ

1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" (минбаъд-Марказ) сохтори махсусгардонидашуда буда, татбиқи лоиҳаҳои "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" ва "Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон"-ро дар асоси гранти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Фархор, Восеъ ва ноҳияҳои дигаре, ки тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ё дигар созмонҳои байналмилалӣ муайян карда мешаванд, амалӣ менамояд.2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ҷудогона, тавозуни мустақил, дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, инчунин мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

4. Номи Марказ:

бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо";

бо забони русӣ: Государственное учреждение "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ".

5. Марказ фаъолияти худро дар давраи амалишавии лоиҳаҳои "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" ва "Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон" (минбаъд - лоиҳаҳо) анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

6. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

II. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Марказ

7. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ:

- татбиқи саривақтӣ, сифатнок ва самарабахши лоиҳа;

- таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои грантӣ ва қарзии аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудогардида (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

8. Самтҳои фаъолияти Марказ:

- ташкили фаъолияти Марказ якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;

- таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳо ва татбиқи лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ;

- таъмини маблағгузории саривақтии лоиҳа ва пардохти саривақтии иҷрои корҳо ва хизматрасонии мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ;

- хамоҳангсозии фаъолияти кормандони Марказ, мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ;

- хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин ба имзо расонидани шартномаҳо (карордодҳо) вобаста ба лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ;

- мониторинг ва назорати сифати иҷрои корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ;

- дигар намудҳои фаъолият, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ мухолифат намекунанд.

III. Хуқуқ ва ӯхдадориҳои Марказ

9. Марказ ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амволи таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ба он тааллуқдоштаро соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ кунад;

- шартномаҳо (қарордодҳо) ба имзо расонад, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволиро ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок намояд;

- фаъолияти ҷорӣ ва ояндаро мустақилона ба роҳ монад;

- дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ суратҳисобҳо кушояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45);

- мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;

- амалҳои дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва мақсадҳои Марказ мухолифат намекунанд, иҷро намояд.

10. Марказ ӯҳдадораст:

- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои қарзӣ ва грантиро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45);

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ риояи кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;

- ҳисоботи фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро ба амал бароварда, ҳуҷҷатҳои оморӣ ва муҳосибавиро пеш барад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба воридшавӣ ва азхудкунии маблағҳо, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳа ҳисоботимоҳона, семоҳа, нимсола ва солонаро пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

IV. Манбаҳои ташаккули маблағ ва амвол

11. Марказ дар ихтиёри худ бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу олот ва дигар амволеро, ки барои таъмини фаъолияти пешбининамудаи ҳамин Оиннома заруранд, дорад.

12. Маблағҳои Марказ аз ҳисоби зерин ташаккул меёбанд:

- маблағҳои грантие, ки аз ҳисоби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ҷалб карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45);

- маблағҳои грантӣ ва қарзие, ки аз ҳисоби давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ҷалб карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45);

- манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ манъ намекунад.

13. Маблагҳои молиявии Марказ бояд мутобики шартҳое, ки дар Созишномаи грантй пешбинӣ гардидаанд, истифода шаванд.

V. Идоракунии фаъолняти Марказ

14. Роҳбари Марказ директор мебошад, ки бо пешииҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон дар мувофика бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзй аз чониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

15. Директори Марказ дорои салохиятҳои зерин мебошад:

- ташкили рохбарии умумии тамоми фаъолияти Марказ;

- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ;

- тасдиқ намудани сохтор, ҷадвали штатӣ, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Марказ, андозаи музди мехнати кормандон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45);

- аз номи Марказ баимзорасонии шартномаҳо (карордодхо) ва анчом додани амалҳои дигар дар доираи лоиҳа;

- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати кишоварзии Ҷумқурии Точикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ;

- дар доираи салоҳияти худ интишор намудани фармону амрҳое, ки мухолифи қонунгузорӣ набошанд ва иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;

- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагӣ  дар доираи лоиҳа, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ мухолифат намекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45);

- баимзорасонии шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида таъин намудан ва аз вазифа озод намудани кормандони Марказ;

- анҷом додани ваколатҳои дигар мутобиқи ҳамин Оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16. Директори Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома анҷом дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

17. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад, ваколат ва дараҷаи масъулияти кормандони Марказро мувофиқи хамин Оиннома ва ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як корманд муқаррар менамояд.

VI. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

18. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии Марказ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ анҷом дода мешавад.

19. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаи Муассиса, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ пешниҳод мегарданд, инъикос меёбанд.

20. Аудитҳои молиявӣ ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторҳои мустақил, ки дар асоси талаботи Фонди баймалмилалии рушди кишоварзӣ интихоб шудаанд, гузаронида мешаванд.

VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Марказ

21. Ба Оинномаи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.

VIII. Қатъи фаъолияти Марказ

22. Азнавташкилдиҳӣ (якҷояшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, табдилдиҳӣ, ҷудошавӣ) ва барҳам додани Марказ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Утвержден

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2012 года, №204

Устав Государственного учреждения "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ"

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45)

I. Общие положения

1. Государственное учреждение "Центр управления проектом "Развития животноводства и пастбищ" (далее - Центр), являясь специализированной структурой, осуществляет реализацию проектов "Развитие животноводства и пастбищ" и "Повышение уровня жизни в Хатлоне" на основе гранта Международного фонда развития сельского хозяйства, с целью улучшения уровня жизни населения в Муминабадском, Шуроободском, Ховалингском, Бальджуванском районах, районе Темурмалик, Фархорском, Восейском районах и других районах, определяемых в соответствии с Соглашением между Правительством Республики Таджикистан и Международным фондом развития сельского хозяйства или другими международными о рганиз ациями (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45).

2. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами, международными правовыми актами, ратифицированными Республикой Таджикистан, требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства и настоящим Уставом.

3. Центр является юридическим лицом и в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обладает отдельным имуществом, самостоятельным балансом, расчетными счетами в национальные деньги и иностранной валюте в банковских учреждениях, а также печатью, штампами и бланками со своим названием (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45).

4. Название Центра:

на таджикском языке: Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоихаи "Рушди чорводорй ва чарогоххо";

на русском языке: Государственное учреждение "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ".

5. Центр осуществляет свою деятельность в период выполнения проектов "Развитие животноводства и пастбищ" и "Повышение уровня жизни в Хатлоне" (далее - проекты)(в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45).

6. Юридический адрес Центра: Республика Таджикистан, город Душанбе.

II. Цели и направления деятельности Центра.

7. Основные цели деятельности Центра:

-своевременная, качественная и продуктивная реализация проекта;

- обеспечение целевого использования грантовых и кредитных средств, выделенных Международным фондом развития сельского хозяйства для реализации проектов (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45).

8. Направления деятельности Центра:

-организация деятельности Центра совместно с Министерством сельского хозяйства и другими соответствующими ведомствами;

-обеспечение своевременного выполнения мероприятий и реализации проекта в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства;

-обеспечение своевременного финансирования проекта и своевременной оплаты выполнения работ и услуг международных и местных консультантов в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства;

-координация деятельности сотрудников Центра, международных и местных консультантов;

-закупка товаров, работ и услуг, а также подписание договоров (контрактов) касающихся проекта в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства;

-мониторинг и контроль качества исполнения работ в рамках реализации проекта мероприятии на закупку товаров и услуг по реализации проекта в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства;

-другие виды деятельности, не противоречащие законодательству Республики Таджикистан и требованиям Международного фонда развития сельского хозяйства;

III. Права и обязанности Центра

9. Центр имеет право:

- в установленном законодательством порядке осуществлять владение, пользование и распоряжение имуществом, закрепленным за ним на правах оперативного управления имуществом;

-заключать договора (контракты), приобретать имущественные и неимущественные права, участвовать в суде в качестве истца и ответчика;

-самостоятельно организовывать текущую и перспективную деятельность;

-открывать расчетные счета в национальные деньги  и иностранной валюте в банковских учреждениях Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45);

-обеспечивать мониторинг и оценку хода работ;

-выполнять иные действия, не противоречащие законодательству Республики Таджикистан и требованиям Международного фонда развития сельского хозяйства.

10. Центр обязан:

-обеспечить целевое и эффективное использование грантоных средств кредитных и (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45);

-в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обеспечить для своих работников соблюдение гарантий прав граждан, установленных государством и нести в установленном порядке ответственность за ущерб, нанесенный их здоровью и трудоспособности;

-осуществлять оперативный и бухгалтерский учет финансовохозяйственной деятельности и вести статистическую и бухгалтерскую документацию;

-представлять в Правительство Республики Таджикистан. Министерство финансов Республики Таджикистан, Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Международный фонд развития сельского хозяйства ежеквартальные, полугодовые и годовые месячный отчеты о поступлении и освоении финансовых средств, а также ходе реализации проекта (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45).

IV. Источники создания средств и имущества

11. Центр в своем распоряжении имеет помещения, сооружения, оборудование, инвентарь и другое имущество необходимые для обеспечения деятельности, предусмотренной данным Положением.

12. Средства Центра образуются за счет:

- грантовые средства, привлеченные для реализации проектов за счет Международного фонда развития сельского хозяйства (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45); 

- грантовые и кредитные средства, привлеченные за счет иностранных государств, финансовых и международных организаций для реализации проектов (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45); 

-других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан и требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства.

13. Финансовые средства Центра должны использоваться в соответствии с условиями, предусмотренными в Грантовом соглашении.

V. Управление деятельностью Учреждения

14. Руководителем Центра является директор, назначаемый на должность и освобождаемый от должности по представлению Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан по согласованию с Международным фондом развития сельского хозяйства со стороны Правительства Республики Таджикистан.

15. К компетенции руководителя Центра относятся:

-организация общего руководства всей деятельностью Центра;

-представление интересов Центра в государственных, неправительственных и международных организациях;

-утверждение структуры, штатного расписания, сметы единого дохода и  расходов Центра, размер оплаты труда работников по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан, Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан и Международным фондом развития сельского хозяйства (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45); 

-заключение договоров (контрактов) и совершение иных действий от имени Центра в рамках реализации проекта;

- исключен (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45); 

-в рамках своей компетенции издание приказов и распоряжений, не противоречащих законодательству и обязательных для исполнения всеми работниками Центра;

-распоряжение имуществом и средствами Центра, выдача доверенностей, подписание финансово-хозяйственных документов и совершение  действий в рамках реализации проекта, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан и требованиям Международного фонда развития сельского хозяйства (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45);

-заключение трудовых договоров (контрактов);

-в установленном порядке назначение и освобождение от должностей сотрудников Центра;

-выполнение иных полномочий в соответствии с настоящим Положением и законодательством Республики Таджикистан.

16. Директор Центра осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и настоящим Уставом и подотчетен в своей деятельности Правительству Республики Таджикистан и Международному фонду развития сельского хозяйства.

17. Руководитель Центра несет личную ответственность за выполнение возложенных на Центр задач, устанавливает полномочия и степень ответственности работников Учреждения в соответствии с

настоящим Положением и функциональными обязанностями каждого работника.

VI. Учет и отчетность

18. Бухгалтерский учет и отчетность Центра осуществляется в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан, а также международными стандартами и требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства.

19. Итоги деятельности Центра отражаются в ежемесячных, ежеквартальных, полугодовых и годовых отчетах, предоставляемых в Правительство Республики, Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан, Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Международный фонд развития сельского хозяйства.

20. Финансовые и технические аудиты Центра проводятся независимыми аудиторами, отобранными в соответствии с требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства.

VII. Порядок внесения изменений и дополнений в Устав Центра

21. Изменения и дополнения в настоящий Устав вносятся в соответствии с законодательством Республики Таджикистан со стороны Правительства Республики Таджикистан.

VIII. Ликвидация Учреждения

22. Реорганизация (слияние, присоединение, разделение, преобразование, отделение) и ликвидация Центра осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.