Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" таъсис дода, Оинномаи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон агентии иҷроияи лоиҳаи мазкур муайян карда шавад.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир намудани Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" бинои зарурӣ ҷудо намояд.
4. Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷотро таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2012, №204
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного учреждения "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ"
В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и с целью реализации проекта "Развитие животноводства и пастбищ", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ" и утвердить его Устав (прилагается).
2. Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан определить исполнительным агентством данного проекта.
3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан выделить, необходимое здание для размещения Государственного учреждения "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ".
4. Государственному учреждению "Центр управления Проектом "Развитие животноводства и пастбищ" по согласованию с Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан. Министерством финансов Республики Таджикистан и Международным фондом развития сельского хозяйства разработать и утвердить штатное расписание и смету расходов.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Paxмои
от 30 апреля 2012 года № 204
г. Душанбе