×

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 аз 30 апрели соли 2012, № 201

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи № 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №201

тасдиқ шудааст

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (минбаъд - Барнома) - ин барномаи тадбирҳои дарозмӯҳлат аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва татбиқ карда мешавад.

Барнома барои идома додани корҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти давра ба давраи ва маҷмӯии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содирот нигаронида шудааст.

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ як қатор санадҳои меъёрии қуқуқӣ қабул карда шудаанд, аз он ҷумла:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №46 "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2002, №666 тасдиқ карда шудааст;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004, № 37 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";

-Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №469 тасдиқ карда шудааст;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 194 "Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, №704 тасдиқ карда шудааст;

-Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №505 "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №508 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ";

-Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №386 тасдиқ карда шудааст.

2. Вобаста ба соддагардонии тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, иҷозатномадиҳӣ, гирифтани ҳуҷҷатҳои мухталифи иҷозатномавӣ ислоҳот гузаронида шуда, тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, расмиёти муфлисшавии корхонаҳо содда гардонида шуд, инчунин оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои дигар амалӣ карда шуданд.

3. Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2010 дар ҷумҳурӣ афзоиши устувори субъектҳои соҳибкорӣ мушоҳида карда мешавад.

Нишондиҳандаҳои афзоиши субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2011

Ҷадвали 1.

Ниг. ба Замима

4. Аз маълумоти ҷадвал бармеояд, ки миқдори субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2010 нисбат ба соли 2009 коҳиш ёфтааст, ки ин пеш аз ҳама бо таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баланд шудани нархи маҳсулоти нафтӣ алоқаманд мебошад, ки дар навбати худ ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонида, дигар омилҳои манфиро ба вуҷуд овард.

5. Дар натиҷаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №508 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010, №669 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" тартиби нави бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ҷорӣ карда шуд, ки бақайдгирии такрориро барҳам дода, барои муайян намудани миқдори воқеии соҳибкорон имконият фароҳам овард.

6. Новобаста аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабукгардонии оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ, зарурати андешидани чораҳои мушаххаси иловагӣ оид ба кӯмаки воқеӣ ба соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз бахшҳое, ки ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд, ба миён омадааст.

7. Мувофиқи ҳисоботи ҳарсолаи Бонки Умумичаҳонӣ "Пешбурди тиҷорат" аз рӯи натиҷаҳои ислоҳоти дар солҳои 2009-2010 гузаронидашуда Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои хешро ба 25 банд беҳтар намуда, ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар гузаронидани ислоҳот оид ба фароҳам оварданн шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ пешсаф мебошанд, ворид гардид. Мақсади асосии гузаронидани ислоҳот соддагардонии тартиби таъсис ва фаъолияти корхонаҳо, таҳкими ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва такмили расмиёти муфлисшавӣ, танзими баҳсҳои тиҷоратӣ ва беҳтар намудани шароити бақайдгирии корхонаҳо мебошад.

8. Бо вуҷуди тамоюли мусбати рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳое ба назар мерасанд, ки ба рушди истеҳсолот монеа эҷод мекунанд:

- номукаммалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки рушди соҳибкорӣ, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсиякунонӣ, гузаронидани санҷишҳо, андозбандии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, содирот ва воридоти молҳоро танзим менамоянд;

- норасоии захираҳои молиявӣ ва сармоявӣ;

- сатҳи баланди коррупсия дар мақомоти давлатӣ;

- сатҳи нокифояи омодагии касбии кадрҳои ихтисосманди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорӣ;

- рушди нокифояи инфрасохтори дастгирии соҳибкорон, хусусан соҳибкорони ҷавон;

- ҳамкории сусти давлат ва бахши хусусӣ;

- номукаммалии маҷмӯи карзидиҳиву молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

- сатҳи пасти ҳосилнокии меҳнат.

9. Низоми мавҷудаи қарздиҳиву молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номукаммал буда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намебошад. Хусусан, бобати пешниҳоди қарзҳо ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ меъёрҳои баланди фоизӣ истифода бурда шуда, қарзҳо нисбатан ба мӯҳлати кӯтоҳ дода мешаванд. Аз ин рӯ, дастрасии субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба воситаҳои молиявӣ маҳдуд буда, дар натиҷаи он дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои зерин ба мушоҳида мерасанд:

- сатҳи пасти рушди корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ;

- истифодаи техника ва таҷҳизоти истеҳсолии кӯҳнашуда;

- сатҳи пасти истеҳсолоти технологӣ;

- сифати паст ва рақобатнопазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

10. Мақсади Барнома таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

11. Вазифаҳои Барномаи мазкур чунинанд:

- таъсиси фонди маблағгузорӣ барои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ;

- дастгирии моддию техникии соҳибкорӣ аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзноки таҷҳизот, биноҳои истеҳсолӣ ва технологияҳо;

- ташаккули инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсиси мақоми дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва зиёд намудани ваколатҳои он;

- кам намудани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми ташкил ва пешбурди тиҷорат;

- дастгирии давлатии самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ;

- рушди шаклҳои хоҷагидории хурду миёна;

- ҳавасмандгардонии таъсиси институтҳои худдастгирии соҳибкорӣ дар шакли кооперативҳои истеҳсолӣ, фурӯшӣ ва қарзӣ;

- дастгирии соҳибкории инноватсионӣ;

- таъмини дастгирии иттилоотӣ ва машваратии соҳибкорӣ;

- мусоидат дар омода ва такмили ихтисоси кадрҳо барои соҳибкорӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои соҳибкорӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.

3. Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

12. Таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди бахши соҳибкориро танзим менамоянд ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо.

13. Таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди бахши соҳибкориро танзим менамоянд, зеро дар доираи санадҳои мавҷудаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкорӣ масъалаҳои зиёде ҳалли худро наёфтааст. Аз ҷумла, дар самти иҷозатномадиҳӣ ва санҷишҳо монеаҳои зиёд ҷой доранд ва дар мавриди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор натиҷаҳои зерин ба даст меоянд:

- соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ, аз ҷумла соддагардонии тартиби додани иҷозатномаҳо, ихтисори намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда, кам кардани мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои иҷозатномагиранда, ихтисори шумораи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома лозиманд, таҳия ва ҷорӣ намудани регистри электронӣ, ворид намудани принсипи "хомӯшӣ - аломати ризо" ба тартиби иҷозатномадиҳӣ ва механизми "худиҷозатномадиҳӣ" (шарҳи принсипи "худиҷозатномадиҳӣ" дар лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки минбаъд таҳия мегарданд, пешбинӣ карда мешавад) ба баъзе намудҳои фаъолият бо омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо;

-соддагардонии низоми санҷишҳо, ихтисори миқдори мақомоти давлатие, ки гузаронидани санҷишҳоро амалӣ менамоянд.

14. Тавассути воситаҳои ахбори омма гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди бахши соҳибкориро танзим менамоянд.

4. Мусоидат ба мустаҳкамгардонии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ

15. Гузаронидани баҳодиҳии рушди соҳибкорӣ дар ҳама сатҳ ба мустаҳкамгардонии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мусоидат мекунад.

16. Васеъ намудани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

- пешниҳоди карзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

- паст намудани меъёри андозҳо барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

- соддагардонии тартиби содироти мол;

- мусоидат дар навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он;

- мукаммалгардонии тартиби иҷораи моликияти давлатӣ;

- мукаммалгардонии тартиби ҷалб ва иштироки соҳибкорон дар тендерҳои давлатӣ, савдо ва фармоишҳои давлатӣ;

- гузаронидани вохӯриҳои мунтазам бо намояндагони бахши хусусӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор ва ҳал намудани мушкилиҳое, ки ба рушди соҳибкорӣмонеа мебошанд;

- гузаронидани намоишгоҳҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ярмаркаҳои маҳсулоти ватанӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он.

5. Баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон

17. Бо роҳи ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо, курсҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва дигар барномаҳои иттилоотию таълимӣ оид ба рушди соҳибкорӣ иқтидори соҳибкорон зиёд мешавад.

18. Ташкил намудани бизнес - инкубаторҳо(1) барои соҳибкорон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Кӯлоб чунин имконотро медиҳанд:

- ба иҷора додани биноҳо бо шартҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкорӣ;

- ташкили хизматрасонии босифат ва касбӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар зинаҳои гуногуни тараққиёт тавассути дастгирии суроғавии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, омӯзишӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ байни субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна;

- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҳуқуқии соҳибкорон дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна;

- ташкили ҳамкории мутақобилаи субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

- муайян ва ҳал кардани масъалаҳои мавҷуда дар фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.

6. Дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ

19. Мақоми ваколатдори дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо кӯмаки техникии ташкилотҳои донории байналмилалӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ сайти махсуси иттилоотӣ дар шабакаи "Интернет" таъсис медиҳад. Сайти мазкур соҳибкорони ватанӣва хориҷиро бо маълумот оид ба истеҳсоли молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

20. Тафсироти масъалаҳои рушди соҳибкорӣ тавассути васоити ахбори омма гузаронида мешавад.

21. Бо мақсади дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори дастгирии давлатии соҳибкорӣ маводи зерин ба табъ расонида мешаванд:

- маводи иттилоотӣ ва дастурҳои методӣ дар бораи субъектҳои соҳибкорӣ;

- бюллетенҳои иттилоотӣ;

- феҳристи (каталоги) молҳои аз тарафи субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда.

7. Дастгирии субъектҳои соҳибкорие, ки бо истеҳсол ва (ё) фурӯши мол, корҳо ва хизматрасониҳо машғул мебошанд.

22. Пешниҳоди дастгирии давлатии молиявӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна тавассути пешниҳоди субсидияҳо, имтиёзҳои андозӣ ва сабукиҳои (преференсияҳои) гумрукӣ гузаронида мешавад.

8. Такмилдиҳии низоми қарздиҳӣ-молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна

23. Андешидани чораҳои зарурӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи ташкил намудани Фонди муштараки қарздиҳии хурд барои соҳибкорон.

24. Такмили механизмҳои ворид намудани институти кафолатдиҳӣ ҳамчун варианти имконпазири таъмини гарав.

25. Таҳияи пешниҳодҳои асоснок оид ба паст намудани меъёрҳои фоизи қарзҳое, ки аз тарафи бонкҳо ва дигар институтҳои молиявӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳод мешаванд.

26. Нав кардани механизмҳо ва сохторҳои қарздиҳӣ ва худмаблағгузории субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна (кооперативҳои қарздиҳӣ).

27. Такмили механизми маблағгузории давлатии қисми меъёри фоизи тиҷоратии қарзҳои бонкӣ, ки ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳод карда мешаванд.

28. Таҳияи низоми ҷуброни давлатии фоизҳои бонкии қарзҳое, ки барои харидорӣ намудани таҷҳизоти инноватсионӣ ва баланди технологӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешбинӣ шудаанд.

29. Таҳия ва пешниҳоди механизми самараноки лизинги таҷҳизот ва технологияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30. Рушди механизмҳо ва сохторҳои қарздиҳии хурд ва худмаблағгузории субъектҳои соҳибкории хурду миёна (кооперативҳои қарздиҳӣ).

31. Баррасии имконияти пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозӣ ба сармоягузороне, ки лоиҳаҳои дарозмӯҳлат ва ё лоиҳаҳои нави субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи ба рӯйхати намудҳои афзалиятноки фаъолияти соҳибкорӣ дохилшуда, хусусан ба соҳаи инноватсионӣ ва технологияҳои баланд алоқадоштаро маблағгузорӣ мекунанд.

32. Мутобиқгардонии қонунгузории бонкӣ бо чорабиниҳои Барномаи мазкур барои татбиқи такмилдиҳии низоми қарздиҳӣ ва дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкории хурду миёна.

9. Мӯҳлати татбиқи Барнома

33. Барномаи мазкур дар се марҳила дар асоси нақшаҳои чорабиниҳое, ки барои татбиқи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, татбиқ мегардад.

Ҷадвали 2.

Ниг. ба Замима

10. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома

34. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетии вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ давра ба давра амалӣ гардонида мешавад. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо ва Нақшаи маблағгузории татбиқи Барномаи мазкур муайян карда мешавад.

35. Ҳаҷми зарурии маблағҳо барои татбиқи марҳилаи аввали Барнома барои солҳои 2012-2014 6500800 (шаш миллиону панҷсад ҳазору ҳаштсад) сомониро ташкил медиҳад, аз онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ - 5834100 (панҷ миллиону ҳаштсаду сию чор ҳазору сад) сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ -666700 (шашсаду шасту шаш ҳазору ҳафтсад) сомонӣ. Ҳамин тариқ, маблағгузорӣ дар соли 2012 - 2258700 (ду миллиону дусаду панҷоҳу ҳашт ҳазору ҳафтсад) сомонӣ, дар соли 2013 - 1905700 (як миллиону нӯҳсаду панҷ ҳазору ҳафтсад) сомонӣ ва дар соли 2014 - 2336400 (ду миллиону сесаду сию шаш ҳазору чорсад) сомониро ташкил медиҳад (мутобиқи замимаи № 2).

36. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои маблағгузории буҷетии Барномаи мазкур дархост - таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Дархост барои маблағгузории буҷетии Барнома на дертар аз 10 августи соли муносиб пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи дархости молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста мешавад. Дархост барои маблағгузории буҷетии Барнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли оянда ба инобат гирифта мешавад.

37. Дар ҳолатҳои мувофиқ омадани ҳадаф, вазифа ва чорабиниҳои Барнома бо ҳадаф, вазифа ва чорабиниҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, онҳо метавонанд дар чорчӯбаи имкониятҳои молиявии хеш Барномаро маблағгузорӣ намоянд.

11. Номгӯи намудҳои афзалиятноки фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

38. Бо мақсади дастгирии молиявӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои афзалиятноки фаъолияти соҳибкории хурду миёна муайян карда шудаанд:

- соҳаи кишоварзӣ;

- истеҳсол ва коркарди маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, маводи хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ;

- сохтмон, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нерӯгоҳҳои баркию обии хурд;

- нобудсозии партовҳои саноатӣ ва маишӣ;

- хоҷагии манзилию - коммуналӣ;

- ташкили таълиму омӯзиши касбҳои техникӣ;

-туризм;

- фаъолияти инноватсионӣ.

12. Механизм ва идораи татбиқи Барнома

39. Идораи умумии рафти татбиқи Барномаи мазкурро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

40. Барои мусоидат ба татбиқи Барнома, чорабиниҳои он ва мониторинги рафти татбиқи Барнома Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати амали Барнома гурӯҳи мутахассисонро, ки иборат аз 3 нафар мебошанд, доимӣ ҷалб менамояд.

41. Гурӯҳи мутахассисон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун таъин карда мешавад.

42. Ин гурӯҳ ӯҳдадорӣ ва вазифаҳоеро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Барномаи мазкур муайян шудаанд, ба ӯхда дорад.

43. Маблағгузории фаъолияти гурӯҳи мазкур аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида шуда, имкониятҳои кӯмакҳои молиявӣ ва техникии ташкилотҳои хориҷӣ низ истифода бурда мешаванд.

13. Мониториг

44. Мониторинг ва ҳамоҳангсозии раванди татбиқи Барномаро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.

45. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои хурди навтаъсисшуда ва корхонаҳои соҳаи инноватсиониро, ки дар шакли субсидия кӯмаки молиявӣ гирифтаанд, мунтазам мониторинг намуда, ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранокии иқтисодии ин шакли дастгирӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.

46. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти татбиқи Барнома ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ҳисоботи солона таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Ҳисоботи мазкур дар сомонаи интернетии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

14. Индикаторҳо

47. Индикаторҳои асосии самаранокии татбиқи Барнома инҳоянд:

- зиёд намудани миқдори субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба 50 фоиз;

- зиёд намудани миқдори ҷойҳои нави корӣ на камтар аз 25 фоиз;

- зиёд намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба 30 фоиз;

- зиёд намудани сармоягузории ватанӣ ба 40 фоиз;

- зиёд намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба 30 фоиз;

- зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот на камтар аз 50 фоиз;

- зиёд намудани андозаи субсидияҳои давлатие, ки ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳод мешаванд, ба 100 фоиз;

- зиёд намудани миқдори қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба 100 фоиз.

15. Натиҷаҳои пешбинишуда

48. Натиҷаҳои пешбинишуда аз татбиқи Барнома:

- афзоиши назарраси миқдори субъектҳои соҳибкорӣ;

- такмили имкониятҳои дастрас намудани ёрии молиявӣ, моддию техникӣ ба соҳибкорон;

- афзоиши умумии маҳсулоти дохилӣ, даромади Буҷети давлатӣ ва ҷойҳои нави корӣ;

- таҷдиди паркҳои технологӣ ва таҷҳизоти истеҳсолӣ;

- таъсиси инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;

- беҳтар гардидани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва рақобатпазир гардидани он;

- афзун гардидани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ;

- зиёд гаштани иқтидор ва маълумотнокии соҳибкорон дар соҳаи ташкил ва ба роҳ мондани тиҷорат;

- бартараф гардонидани монеаҳои маъмурии сунъӣ, ки ҳангоми таъсис ва пешбурди тиҷорат ба вуҷуд меоянд;

- такмили тартиби иҷозатномадиҳӣ ва санҷишҳо;

- ташкил шудани бизнес инкубаторҳо ва марказҳои дастгирии соҳибкорӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат.

_______________________

* (1) Бизнес-инкубатор - объекти ннфрасохтори дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна мебошад, ки дастгирии соҳибкоронро дар марҳилаи ибтидоии фаъолияти онҳо тавассути ба иҷора додани биноҳо,расониданн кӯмаки машваратӣ, муҳосибавӣ, хукукӣ ва дигар хизматрасониҳо амалӣ мегардонад.

Замимаи № 2

Бо қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели   соли 2012, №201

тасдиқ шудааст

Нақшаи чорабиниҳо барои амалӣ намудани Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 барои се соли аввал

Замимаи № 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012,№201

тасдиқ шудааст

Нақшаи маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 барои 3 соли аввал

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

30 апрели соли 2012, №201

тасдиқ шудааст

Нақшаи муфассали молияиии ҳарсолаи Нақшаи ҷорабиниҳои Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 (бо сомонӣ)

Ниг. ба Замимаи № 2, 3, 4