Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012, № 227 "Дар бораи Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 169 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бомақсади танзими сохтори муассисаҳои таълимӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бо роҳи муттаҳидсозии Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон" ва Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон" дар доираи воҳидҳои корӣ ва маблағҳои пешбинишудаи донишкадаҳои мазкур Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон"-ро ҳал намояд ва санади супоридани муассисаҳои таълимии мазкурро тартиб дода, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд.

3. Вазорати маорифм Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии давлатии мазкурро бо стандартҳои давлатӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии дахлдор таъмин намояд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва молия аз соли таҳсили 2012-2013 оғоз карда, барои ин муассисаи таълимӣ нақшаи қабули донишҷӯёнро пешбинӣ намояд.

5. Дар Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон".

6. Дар Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои сеҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон";

- сархати "Коллеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе"хориҷкарда шавад.

7. Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати "Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон"хориҷ карда шавад.

8. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 3 октябри соли 2006, №466 "Дар бораи Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон";

- аз 18 июни соли 2009, №345 "Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

11 маӣи соли 2012 №227,

ш.Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 27.03.2018г.№169

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном образовательном учреждении "Финансово-экономический институт Таджикистана "

В соответствии со статьей 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьями 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах " и в целях урегулирования структуры учебных заведений Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Путем объединения Государственного образовательного учреждения "Таджикский финансовый институт " и Государственного образовательного учреждения "Институт экономики Таджикистана " в рамках штатной численности и предусмотренных средств указанных институтов образовать Государственное образовательное учреждение

"Финансово-экономический институт Таджикистана ".

2. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок решить организационно-правовые вопросы данного образовательного учреждения составить акт передачи указанных образовательных учреждений и в установленном порядке представить его на утверждение Правительства Республики Таджикистан.

3. Министерству образования Республики Таджикистан обеспечить данное образовательное учреждение соответствующими образовательными стандартами, учебными планами и программами.

4. Министерству экономики и торговли Республики Таджикистан совместно с министерствами образования и финансов начиная с 20122013 учебного года, предусмотреть план приёма студентов в данное образовательное учреждение.

5. Абзац первый Перечня организаций и учреждении системы Министерства финансов Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006, года №588 "О Министерстве финансов Республики Таджикистан ", изложить в следующей редакции:

" Государственное образовательное учреждение "Финансово-экономический институт Таджикистана ".

6. В Перечень государственных и негосударственных образовательных учреждений, осуществляющих свою деятельность в сфере образования на основе трехстороннего соглашения с Министерством образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан ", внести следующие изменения и дополнения:

- дополнить новым абзацем следующего содержания: постановлением от 28 декабря 2006 года, №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан",внести следующие изменения и дополнения:

"Государственное образовательное учреждение "Финансовоэкономический институт Таджикистана ";

- исключить абзац "Душанбинский финансово-экономический колледж ".

7. Из Перечня образовательных учреждений системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594 "О Министерстве образования Республика Таджикистан ", исключить абзац "Институт экономики Таджикистана ".

8. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- от 3 октября 2006, №466 "О Государственном образовательном учреждений "Институт экономики Таджикистана ";

- от 18 июня 2009, №345 "Об учреждении Государственного образовательного учреждения "Таджикский финансовый институт ". 

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                      Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 11 мая 2012 года, №227