Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини рушди минбаьдаи соҳаи картошкапарварӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи буҷети давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани маблағҳои барои рушди соҳаи картошкапарварӣ муайяншударо ҳар сол таъмин намуда, ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, барои татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2012 № 128
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Государственной программы развития отрасли картофелеводства в Республике Таджикистан на 2012-2016 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и с целью дальнейшего развития отрасли картофелеводства. Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу развития отрасли картофелеводства в Республики Таджикистан на 2012-2016 годы (прилагается).
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в пределах государственного бюджета Республики Таджикистан на 2012-2016 обеспечить ежегодное выделение Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан ассигновании для развития отрасли картофелеводства, одновременно принять конкретные меры по привлечению отечественных и зарубежных инвестиций для выполнения данной Программы.
3. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, председателям областей, городов и районов, предприятиям, opганизациям, независимо от формы собственности, принять меры для реализации данной Программы ежегодно до 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о выполненных работах.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 3 апреля 2012 года № 128
г. Душанбе