Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2012, № 130
тасдиқ шудааст
Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017
1. Муқаддима
Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017 (минбаъд-Барнома) дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси ҳуҷҷатҳои бунёдии зерин таҳия гардидааст:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ";
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд";
- Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 368 тасдиқ карда шудааст;
- Тавсияҳои CINDI (Барномаи байналмилалии маҷмӯии мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ). Копенгаген, с. 1991;
- Эъломияи Ҷаласаи якуми глобалии вазирони тандурустӣ оид ба тарзи ҳаёти солим ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ. Москва, с.2011;
- Эъломияи сиёсии Ҷаласаи сатҳи олии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ. Ню-Йорк, с.2011;
- Эъломияи ҷаласаи навбатии вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ. Остона, с.2011.
Барномаи мазкур барои сифатан тағйир додани хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори диабети қанд равона гардидааст.
Барнома барои солимгардонии миллат, коҳиш додани маъюбӣ ва фавти ин гурӯҳ беморон мусоидат менамояд.
2. Таҳлили вазъ
1. Хусусиятҳои вазъи демографии ҷумҳурӣ ба тағйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии баъди ҷанги шаҳрвандӣ бавуҷудомада, бад шудани шароити зиндагии мардум, ташаккули муносибатҳои бозорӣ, қисман вайрон шудани сохтори ҷинсию синнусолии аҳолӣ, заиф шудани ҳифзи иҷтимоии оилаҳои серфарзанд ва тағйир ёфтани сохтори миллии аҳолӣ алоқаманданд.
2. Аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳолати то 1 январи соли 2011 7 616 764 нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши таббии аҳолӣ дар соли 2010 25,1 ба 1000 нафар аҳолиро ташкил дод ва дар муқоиса бо соли 2006 (22,1 ба 1000 аҳолӣ) зиёд гардид. Беш аз 73,5 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва 26,5 фоиз дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. Вазъи умумии демографӣ ба дараҷаи баланди таваллуд (29,3 ба 1000 аҳолӣ) ва фавти нисбатан ками аҳолӣ (4,2 ба 1000 аҳолӣ), фавти баланди кӯдакон (16,8 ба 1000 аҳолӣ) ва модарон (45 ба 100 ҳазор тифлони зиндатаваллудшуда), дараҷаи пасти шаҳрнишинӣ, шумораи зиёди муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ хос аст.
3. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бемориҳои ғайрисироятӣ сабаби асосии фавт дар ҷаҳон буда, беморшавӣ аз онҳо сол аз сол меафзояд. Масалан, дар соли 2008 36,1 млн нафар фавтиданд аз чунин бемориҳо, ба монанди бемориҳои дилу рагҳо 17 млн нафар, бемориҳои онкологӣ (саратон) 4,2 млн, бемориҳои музмини шуш 4,2 млн нафар ва диабети қанд 1,3 млн нафар. Тақрибан 80 фоизи ҳолатҳои фавт дар ҷаҳон ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ рост меояд.
4. Айни замон, дар тамоми сайёра танҳо аз рӯи муроҷиат 246 млн беморони гирифтори диабети қанд ба қайд гирифта шуда, қариб 50 фоизи онҳо ба синну соли нисбатан фаъол ва қобили меҳнати 40-59 сола рост меоянд. Ҳанӯз 20 сол қабл, шумораи беморони гирифтори диабети қанд дар ҷаҳон аз 30 млн нафар зиёд набуд. Бо дарназардошти суръати инкишофи паҳншавии ин беморӣ, коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ менамоянд, ки шумораи беморони гирифтори диабети қанд то соли 2025 1,5 маротиб зиёд шуда, ба 380 млн нафар мерасад, ки асосан аз ҳисоби беморони диабети қанди навъи 2 шакл гирифта, дар калонсолон инкишоф меёбад ва пеш аз ҳама бо вазни зиёди бадан алоқаманд аст. Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии диабетӣ, ҳамарӯза дар тамоми ҷаҳон, қариб 200 нафар кӯдакон гирифтори бемории диабети қанд мегарданд. Ҳамзамон, маълум аст, ки диабети қанди дар синни кӯдакӣ инкишофёбанда, давомнокии миёнаи ҳаётро то 20 сол кам мекунад.
5. Диабети қанд бо оризаҳои минбаъдаи худ хеле хатарнок мебошад. Тибқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар як 10 сония дар ҷаҳон 1 нафар бемори диабети қанд ба ҳалокат мерасад. Ҳамасола, қариб 4 млн беморон фавтида - ин ба шумораи фавтидагон аз сирояти вируси норасоии масунияти одам ва гепатити вирусӣ баробар аст. Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 1 млн ампутатсияи пойҳо гузаронида шуда, зиёда аз 600 000 беморон пурра биноии худро аз даст медиҳанд ва тақрибан дар 500 000 ҳолатҳо гурдаҳои беморон аз кор мемонанд, ки муолиҷаи гаронарзиши ҳемодиализ ва ҳатман иваз намудани гурдаро талаб мекунад.
6. Чунин вазъияти ташвишовари тандурустиро, ки аз сабаби бемории қанд ба амал омадааст, ба назар гирифта, Федератсияи байналмилалии диабетӣ моҳи июни соли 2006 ба ҳукуматҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тамоми ҷаҳон барои муттаҳид намудани саъю кӯшишҳо дар мубориза алайҳи диабети қанд муроҷиат намуд. Ин ташаббус аз тарафи ҷамъиятҳои касбии аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла 150 мамлакати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, 133 ҷамъиятҳои мамлакатҳои мутараққӣ дастгирӣ карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин ташаббуси муҳимро ҷонибдорӣ намуда, соли 2006 Барномаи мубориза бар зидди диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010-ро қабул намуд.
7. Таҳлили вазъи мушкилоти дибети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки тибқи омори расмӣ сол аз сол шумораи беморони гирифтори диабети қанд зиёд мегардад. Масалан, соли 2007 - 16 816 нафар беморони гирифтори диабет ба қайд гирифта шуд, соли 2009 бошад, то 18 953 ва соли 2010 то 21 836 нафар зиёд гардид. Аз ҷумла, миқдори беморони гирифтори диабети қанди навъи 1 (инсулинвобаста) дар соли 2010 2086 нафарро ташкил дод. Нишондиҳандаи беморшавии умумии диабети қанд мувофиқан соли 2007 - 231,6, соли 2009 - 254,3, соли 2010 бошад, - 293,0 нафарро ба 100 ҳазор аҳолӣ ташкил дод.
8. Сабаби асосии маъюбшавии барвақтӣ ва фавт ин оризаҳои рагии диабети қанд мебошад. Дар байни беморони диабети қанд, фавт аз бемориҳои дил ва мағзи сар 2-3 маротиба зиёдтар, нобиноӣ 20 маротиба, нефропатия (иллати гурдаҳо) 12-15 маротиба, гангренаи дасту пойҳо 20 маротиба зиёдтар мушоҳида карда мешавад.
9. Дар Тоҷикистон солҳои охир миқдори ампутатсияҳои пойҳо бо сабаби диабети қанд сол ба сол зиёд шуда истодааст. Агар дар соли 2009 дар кишвар 104 ампутатсия гузаронида шуда бошад, дар соли 2010 ва 2011 ин миқдор мутаносибан ба 114 ва 174 расидааст. Дар шаҳри Душанбе нишондоди ампутатсия бо сабаби ангиопатияи диабети пой 4- 4,5 ба 100 ҳазор аҳолиро ташкил дод. Далелҳои зикршуда зарурати таҳия намудани чораҳои пешгирӣ ва паст намудани шумораи ампутатсияро дар байни беморони диабети қанд ногузир мегардонад.
10. Диабети қанд - одилона ба бемориҳои ғайрисироятии эпидемиологӣ дохил карда мешавад ва миқдори беморон дар курраи замин ҳар 10-15 сол ду баробар зиёд мешавад. Паҳншавии диабет бо дарназардошти синну сол зиёд мегардад. Масалан, дар гурӯҳи синнусолии 0-17-сола он - ба 1,2 ба 1000 аҳолӣ баробар буда, дар гурӯҳи 18-24-сола - 8,9, дар гурӯҳи 25-34-сола - 18,6, дар гурӯҳи 35-44-сола - 31,5, дар гурӯҳи 45-54-сола - 60,2, дар гурӯҳи 55-62-сола - 107,4, дар гурӯҳи 65-74-сола - 166,8 ва дар гурӯҳи синнусолии 75-сола ва калонтар - 143,3 ба 1000 аҳолиро ташкил медиҳад.
11. Ретинопатияи диабетӣ- оризаи микрорагии диабети қанд дар 85 фоизи беморони диабети қанди навъи 1 бо собиқаи 20-солаи беморӣ мушоҳида карда мешавад. Қариб 20 фоизи беморони диабети қанди навъи 2 аллакай дар лаҳзаи ташхис кардани "диабети қанд" ретинопатия доранд. Ретинопатияи диабетӣ сабаби аз ҳама бештар дучоршавандаи нобиноӣ дар беморони диабети қанд мебошад. Пешгирии аввалияи ретинопатияи диабетӣ ба пешгирӣ намудани инкишофи иллати рагҳои шабакия дар байни бемороне, ки гирифтори ретинопатияи диабетӣ нашуданд, равона карда шудааст. Пешгирии дуюмини ретинопатияи диабетӣ ин муолиҷаи беморони гирифтори ретинопатия бо мақсади пешгирӣ намудани нобиноӣ мебошад. Барои муолиҷаи марҳилаҳои гуногуни ретинопатияи диабетӣ якчанд усули муолиҷаи ҷарроҳӣ истифода бурда мешавад: фотокоагулятсияи лазерӣ, криокоагулятсия ва витроэктомия. Фотокоагулятсияи лазерӣ усули нисбатан самараноки муолиҷаи иллати рагҳои шабакия ҳангоми диабети қанд мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фотокоагулятсияи лазерӣ, факоэмулсификатсияи оризаҳои катаракта, витрэктомия дар беморони гирифтори диабети қанд фақат бо харидори намудани таҷҳизоти ҳозиразамон имконпазир гардид. Таҷҳизоти муосири офталмологӣ ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм ва марказҳои хусусии офталмологии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дастрас карда шудааст, ки дар муолиҷаи ин оризаи мудҳиши диабети қанд имкониятҳои навро фароҳам меоварад.
12. Ҳоло беморони гирифтори ретинопатияи диабетӣ дар муассисаҳои гуногуни тиббии ҷумҳурӣ табобат карда мешаванд. Зарурати ташкил намудани маркази махсусгардонидашудаи офталмоэндокринологӣ ба миён омадааст, ки дар он беморон таҳти назорати эндокринологҳо қарор дошта, табобати саривақтии терапевтӣ, ҷарроҳӣ ва лазерӣ мегиранд. Ин Марказ метавонад функсияҳои ташкилӣ ва солимгардониро иҷро намояд. Қисми зиёди таҷҳизоти зарурӣ ва мутахассисони тахассуснок дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм мавҷуданд.
13. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2,1 млн. занони синни репродуктивӣ ҳастанд, ки 27,2 фоизи тамоми аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ба ин шумора қариб 7 ҳазор занони синни репродуктивии аллакай гирифтори диабети қанд дохил карда шудааст, ки 0,3 фоизи ҳамаи занони синни репродуктивиро ташкил медиҳад. Диабети қанд ҳангоми ҳомиладорӣ, бо вазнинии беморӣ ва ноустувории ҷараён, тамоюл ба кетоатсидоз ва ҳолатҳои гипогликемӣ, имконияти шиддат ёфтани оризаҳои рагии диабет фарқ мекунад. Бояд қайд намуд, ки ҳангоми муолиҷаи занони ҳомиладори гирифтори диабети қанд, дараҷаи дониши кормандони тиб оид ба масъалаҳои диабети қанд ҳангоми ҳомиладорӣ баланд нест, инчунин протоколҳои клиникӣ (стандартҳо) оид ба муолиҷаи диабети қанд ҳангоми ҳомиладорӣ вуҷуд надорад. Диабети гестатсионӣ ва вайроншавии тести тобоварӣ ба глюкоза дар давоми ҳомиладорӣ ошкор карда мешавад. Маълум аст, ки паҳншавии диабети қанди гестатсионӣ дар тамоми ҷаҳон бемайлон зиёд шуда истодааст ва вобаста ба шумораи аҳолӣ, мансубияти этникӣ ва усули ташхиси диабети қанд аз 1 фоиз то 14 фоизро ташкил медиҳад. Паҳншавӣ ва сохтори омилҳои хатари диабети қанди гестатсионӣ, дар байни занони ҳомиладори Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта нашудааст.
14. Аз соли 2006 дар кишвар "Барномаи мубориза бар зидди диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" амалӣ гардида, тибқи нақша як қатор чорабиниҳо анҷом дода шудааст. Аз ҷумла беморони гирифтори диабети қанди навъи 1 дар солҳои амалигардии Барномаи мазкур бо маблағи 29 млн. 299 ҳазор сомонӣ бо дастгирии Лоиҳаи "ХОУП" бо инсулин ва дигар доруҳои қандпасткунанда таъмин гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикони байналмилалӣ, барои татбиқи Барнома зиёда аз 44 миллион сомонӣ маблағ ҷалб ва сарф карда шуд. Инчунин, ҳолати моддию техникии марказҳои эндокринологӣ беҳтар гардид, аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар солҳои 2007-2009 ба маблағи 947 427 сомонӣ 2 шӯъбаи нави ҳозиразамон сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида ва мавриди истифода қарор дода шудааст.
15. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ташхису табобат дар Маркази тиббии шаҳрӣ Шӯъбаи ҷарроҳии эндокринологӣ барои 30 кат, Шӯъбаи эндокринологӣ дар шаҳри Кӯлоб барои 15 кат ва Шӯъбаи эндокринологӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои 20 кат таъсис дода шуд. Дар ин давра ба муассисаҳои эндокринологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 1 адад дастгоҳи Допплер, 2 адад дастгоҳи ултрасадо, 2 адад нақлиёти санитарӣ, 3 адад дастгоҳи сабти барқии дил, якчанд яхдонҳо ва компютерҳо дастрас карда карда шуд.
16. Дар доираи татбиқи Барнома 6785 табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо усулҳои ташхису табобати беморони диабети қанд дар дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ омӯзонида шуданд.
17. Дар марказҳои эндокринологӣ "Ҳуҷраҳои фаҳмондадиҳӣ барои беморони диабети қанд" ба роҳ монда шудааст, ки дар он 8921 беморон омӯзонида шуданд. Ҳамзамон, корҳои иттиоолотӣ дар якҷоягӣ бо марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шудааст.
18. Ба ин дастовардҳо нигоҳ накарда, якчанд бандҳои Барномаи мазкур амалӣ нагардидаанд, ки сабаби он набудани маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаи эндокринологӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, зарурати таҳияи Барномаи нав дар кишвар ба миён омадааст.
3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
19. Барномаи мазкур ба беҳтар намудани вазъи эпидемиологии диабети қанд дар мамлакат, паст намудани шумораи гирифторони ин беморӣ, сафарбар намудани захираҳои мавҷуда барои ташхиси барвақти диабети қанд, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани оризаҳои диабети қанд, такмили ёрии махсусгардонидашудаи эндокринологӣ, аз ҷумла ёрии таъҷилӣ ба беморони диабети қанд, барои тамоми беморони диабети қанд таъмин намудани муолиҷаи дастрас, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии соҳаи эндокринологӣ, тайёр намудани мутахассисони амалию илмӣ, равона шудааст.
4. Вазифаҳои Барнома
20. Вазифаҳои Барнома иборатанд:
- баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд ва оризаҳои он;
- беҳтар намудани сифати ташхис ва расонидани ёрии таъҷилӣ ба беморони диабети қанд дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бахши госпиталӣ тавассути таҳия ва истифодаи дастуру протоколҳои клиникӣ, ки дар асоси тибби далелнок таҳия гардидааст;
- беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ оид ба ташхиси барвақти диабети қанд ва оризаҳои он дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бахши госпиталии тандурустии ҷумҳурӣ;
- беҳтар намудани сифат ва дастрасии кӯмаки махсусгардондашудаи эндокринологӣ ба тамоми беморони диабети қанд (хусусан кӯдакон, ноболиғон, занони ҳомиладор);
- ташкили чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ ва ташхиси барвақти оризаҳои диабети қанд (ретинопатия, ангиопатияи рагҳои пойҳо, нефропатия ва попанҷаи диабетӣ) равона шудаанд;
- беҳтар намудани заминаи моддию техникии марказҳои махсусгардондашудаи эндокринологӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бахши госпиталӣ;
- ҷалби кӯмакхои беғаразона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори диабети қанд.
5. Чорабиниҳо
21. Такмили соҳаи эндокринология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи тақвияти заминаи моддию техникӣ ва инфрасохтор:
- дар доираи таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ташкил намудани Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ бо статсионари дорои шӯъбаҳои диабетологӣ барои калонсолон ва кӯдакон;
- ташкил намудани шӯъбаҳои махсусгардонидашудаи диабетологӣ дар марказҳои эндокринологӣ (шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб);
- такмили хизматрасониҳои озмоишӣ ва вазифавӣ дар соҳаи эндокринологӣ;
- таъмини дастгирии моддию техникии ҳуҷраҳои "Диабети пой";
- беҳтар намудани вазъи бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани "ҳуҷраҳои фаҳмондадиҳӣ барои беморони гирифтори диабети қанд".
22. Такмили хизматрасониҳои тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхиси бармаҳал ва табобати диабети қанд ва оризаҳои он:
- истифода ва татбиқи дастовардҳои навтарини илм дар соҳаи пешгирӣ, ташхиси барвақт, муолиҷа ва оризаҳои диабети қанд (ретинопатияи диабетӣ, нефропатия ва нейропатия);
- татбиқи технологияҳои нав дар ҷарроҳии рагҳои хунгард ҳангоми муолиҷаи аломатҳои попанҷаи диабетӣ;
- татбиқи технологияи муосири лазеркоагулятсия барои муолиҷаи ретинопатияи диабетӣ;
- таҳияи нақшаи ошкор намудани диабети гестатсионӣ ва табобати бемории диабети қанд ҳангоми ҳомиладорӣ, ташкил намудани ҳуҷраҳои "Диабети қанд ва ҳомиладорӣ";
- дар марказҳои эндокринологӣ ба роҳ мондани усули санҷиши гемоглобини гликолизатсияшуда ва микроалбумин дар пешоб;
- такмил додани барномаи регистри (бақайдгирии) беморони гирифтори диабети қанд, аз ҷумла оризаҳои он;
- ба роҳ мондани муоинаи оммавии пешгирии аҳолӣ барои ошкор намудани оризаҳои диабети қанд, аз ҷумла ретинопатияи диабетӣ;
- дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо мақсади пешгирӣ намудани нобиноӣ аз оризаҳои диабети қанд ба роҳ мондани ташхиси ҳатмии қаъри чашм;
- таҳти назорати қатъӣ қарор додани оилаҳои гирифтори бемории диабети қанд ва расонидани кӯмакҳои аввалия аз ҳисоби маблағҳои Барнома.
23. Захираҳои кадрӣ ва кор бо аҳолӣ:
- такмил додани барномаҳои омӯзиш ва бозомӯзии касбии табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва донишҷӯён оид ба диабетшиносӣ;
- такмили ихтисоси мутахассисони соҳа дар кишвар ва хориҷа;
- омӯзиши мутахассисони марказҳои эндокринологӣ оид ба истифодаи технологияҳои муосири истифодашаванда барои муайян намудани диабети қанд;
- тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва амалӣ дар соҳаи диабетшиносӣ;
- таҳия ва нашри дастурҳо оид ба диабети қанд барои кормандони тиб ва беморон;
- гузаронидани семинарҳо барои баланд намудани савияи дониши мутахассисон (табибони оилавӣ, педиатрҳо, мутахассисоне, ки дар кори худ бо диабети қанд дучор мегарданд);
- такмили ҳуҷҷатҳои оморӣ оид ба диабети қанд ва ташкил намудани регистри беморони диабети қанд.
6. Ташаккули Барнома ва ӯҳдадориҳо
24. Роҳбарии умумии Барномаро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва ба он ваколати ҳамоҳанг сохтани татбиқи Барнома аз рӯи чорабиниҳое, ки иҷрои онҳо ба ваколати дигар вазорату идораҳо дохил мешавад, дода шудааст.
25. Дар сатҳи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамоҳангсозии Барномаро муовинони раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки масъулони соҳа мебошанд, ба ӯҳда доранд. Муовинони ҳамоҳангсозон сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳои (мудирони бахшҳои) тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, менеҷерони шӯъбаҳои госпиталӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар маҳалҳо мебошанд.
26. Барои амалӣ намудани Барномаи мазкур ҷалби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур мебошад.
27. Барои татбиқи вазифаҳои асосии Барнома инчунин дигар мутахассисон ҷалб карда мешаванд, ки онҳо оризаҳои диабети қандро табобат менамоянд (табибони бемориҳои чашм, дил, гурда, ҷарроҳон ва акушер-гинекологҳо).
28. Иҷрои Барнома дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ, ширкатҳои дорусозӣ ва вазорату идораҳои алоқаманд ба роҳ монда мешавад.
7. Ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо
29. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати татбиқи Барнома:
- дар барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ масъалаҳои пешгирии бемории диабети қанд ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дохил менамояд;
- ҷиҳати гузаронидани муоинаи устодон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ мусоидат менамояд.
30. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома:
- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба маъюбиро дар байни беморони диабети қанд таҳти назорати пайваста қарор дода, мунтазам маълумотро оид ба масъалаи мавриди назар ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Барнома пешниҳод ирсол менамояд;
- ҷиҳати таъмини ҳимояи иҷтимоии беморони гирифтори диабети қанд барои ташкил намудани солимгардонии онҳо дар муассисаҳои санаторӣ-осоишгоҳӣ мусоидат менамояд.
31. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома:
- лоиҳаҳои сармоягузориро оид ба таҷдид ва ҷиҳозонидани соҳаи эндокринология, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудан ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои оянда пешниҳод карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода, мусоидат менамояд;
- дар шабакаи муассисаҳои соҳаи савдо бахшҳои махсуси фурӯши маҳсулоти парҳезиро ташкил менамояд.
32. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома оид ба парвариши навъҳои зироатҳои лӯбиёгӣ ва дигар зироатҳои сабӯсдор барои ғизои сифатноки парҳезии беморони диабети қанд чораҳо меандешад.
33. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома дар байни ҷавонон бо мақсади пешгирии бемории диабети қанд ва омилҳои ба ин беморӣ боисшаванда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
34. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни занон ва оилаҳо оид ба пешгирии бемории диабети қанд ба роҳ мемонад.
35. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома дар кори тарғиботии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он оид ба пешгирии диабети қанд дар байни аҳолӣ мунтазам мусоидат менамояд.
36. Иттифоқи "Тоҷикматлубот" дар доираи татбиқи Барнома ҷиҳати ташкил намудани ғизои парҳезӣ дар ошхонаҳо ва дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ барои беморони гирифтори диабети қанд мусоидат менамояд.
37. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома тавассути Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо сохторҳои мушобеҳи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани таҳия, нашр ва дастрас намудани маводи иттилоотӣ, аз ҷумла дастурамал, буклет, овезаҳо оид ба истифодаи ғизои парҳезӣ вобаста ба пешгирии диабети қанд муосидат мекунад.
38. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи татбиқи Барнома мутобиқи шароит ва имконияти мавҷуда аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ ва дастгирии иҷтимоии беморони гирифтори диабети қандро таъмин менамоянд.
8. Ташкили хизматрасонии эндокринологӣ
39. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 126 нафар, аз ҷумла дар муассисаҳои тандурустии ҷойгир дар шаҳри Душанбе 45 нафар, дар вилояти Суғд 36 нафар, дар вилояти Хатлон 25 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 нафар, дар ноҳиҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 нафар табиби эндокринолог фаъолият менамоянд, ки 65 фоизи онҳо дорои дараҷаи тахассусӣ мебошанд.
40. Барои татбиқи самтҳои асосии стратегӣ ҷиҳати ташкили хизматрасониҳои эндокринологӣ дар ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, Маркази эндокринологии шаҳрӣ, шӯъбаҳои эндокринологӣ барои калонсолон дорои 40 кат, барои кӯдакон дорои 25 кат ва Шӯъбаи ҷарроҳии эндокринологӣ дорои 30 кат дар Маркази тиббии шаҳрӣ, кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва курси эндокринологии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд - Маркази вилоятии клиникии эндокринологӣ дорои 80 кат (70 кат барои калонсолон ва 10 кат барои кӯдакон), дар шаҳри Қӯргонтеппаи вилояти Хатлон - Маркази вилоятии эндокринологӣ дорои 20 кат, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маркази вилоятии эндокринологӣ дорои 15 кат, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонМаркази вилоятии эндокринологӣ ва дар сохтори шӯъбаи муолиҷавии Беморхонаи вилоятӣ 15 катҳои вобасташудаи эндокринологӣ, ғайр аз ин, ҳуҷраҳои эндокринологӣ дар марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, озмоишгоҳҳои клиникию биохимиявӣ, аз ҷумла гормоналӣ, дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ (аз ҷумла Допплер) ва томографияи компютерӣ мавҷуданд.
41. Тарбияи заминавии кадрҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, коллеҷҳои тиббӣ ва баъдан дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Тарбияи баъдидипломии мутахассисон, такмили ихтисоси роҳбарони барномаро дар зинаҳои гуногун ва мутобиқи консепсияи нави таълими табибони амалияи умумӣ, табибони оилавӣ, кормандони миёнаи тиббӣ, табибони дигар ихтисосҳо, инчунин тайёрии махсуси табибон-парҳезшиносон, табибони ташхиси вазифавӣ, кормандони миёнаи тибби хадамоти озмоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои диабети пойро (подиатриро) пешбинӣ менамояд.
42. Тарбияи кадрҳо аз рӯи азхудкунии усулҳои муосири пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд ва оризаҳои он гузаронида мешавад. Фаъолияти ба кормандони тиб омӯзонидани усулҳои худназораткунии беморони диабети қанд, тайёр намудани дастурдиҳандаҳои чорабиниҳои пешгирии диабети қанд ва парҳезшиносон ва ғайра идома дода мешавад. Дар рафти таълим истифода бурдани талаботи тибби далелнок ба нақша гирифта шуда, барои зиёдшавии давомнокӣ ва сифати ҳаёти беморони диабети қанд мусоидат менамояд.
9. Маблағгузории Барнома
43. Барнома дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шудаанд ва кӯмаки ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Ниг. ба Замима.