Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шавад (замима мегардад) ().
2. Дипломи дараҷаи илмии доктор аз рӯи ихтисос ва дипломи дараҷаи илмии номзади илм баробарарзиш дониста шаванд ().
3. Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ва додани дараҷаи илмии мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2012 № 127
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)
Мутобиқи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Дипломи дараҷаи илмии доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва дипломи дараҷаи илмии номзади илм баробарарзиш дониста шаванд.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктор аз рӯи ихтисос (PhD), доктори фалсафа (PhD) ва додани дараҷаҳои илмии мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2012 № 127
ш. Душанбе