×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 826 "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1766, аз 08.06.2022 № 1884)

Қонуни мазкур сиёсати давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию молиявиро дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- таҳсилоти иловагӣ - низоми таълиму тарбия, ки дар асоси барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ шуда, ба омӯзиши илм, техника ва технологияи муосир, эҷодкорӣ, дарёфти ихтисоси нав, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, ки онҳоро шахс метавонад ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бе маҳдудият омӯзад, равона карда шудааст;

- муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ - муассисаҳои давлатӣ ва хусусии таълимӣ, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, маҳорат, қобилият, инчунин инкишофи зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии таълимгирандагон нигаронида шудааст;

- кормандони омӯзгорӣ - шахсони дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбияи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ машғуланд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1884);

- таълимгирандагон - шахсоне, ки аз рӯи дониш, қобилият, малакаю маҳорат ва шавқу рағбаташон ба шаклҳои гуногуни таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти иловагӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти иловагӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1766).

Моддаи 3. Мақсади таҳсилоти иловагӣ

Таҳсилоти иловагӣ ҷузъи таркибии низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади он инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Моддаи 4. Вазифаҳои асосии таҳсилоти иловагӣ

Вазифаҳои асосии таҳсилоти иловагӣ аз инҳо иборатанд:

- тарбия ва таълими шаҳрвандон;

- инкишофи озодона ва ташаккули таҷрибаи иҷтимоию ҷамъиятии шахсият;

- тарбия дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1766);

- инкишоф додани ҳисси эҳтиром ба урфу одат, расму оин, анъанаҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ;

- ташаккули муносибати эҳтиромонаи таълимгирандагон нисбат ба оила ва ҷомеа;

- фароҳам овардани шароит барои инкишофи эҷодӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии таълимгирандагон;

- ташаккули муносибати бошуурона ва масъулиятноки таълимгирандагон ба муҳити зист ва ҳифзи он;

- қонеъ гардонидани талаботи таълимгирандагон ба интихоби касб;

- дастгирии таълимгирандагони боистеъдод;

- ташаккули тарзи ҳаёти солими таълимгирандагон;

- амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотию методӣ, ташкилию оммавӣ ва фарҳангию маърифатӣ;

- такмили худфаъолиятӣ ва худидоракунии таълимгирандагон;

- фароҳам овардани шароит барои фаъолияти эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади рушди таҳсилоти иловагӣ.

Моддаи 5. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- дастрас будани таҳсилоти иловагӣ барои таълимгирандагон дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии онҳо;

- маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии давлатӣ;

- ихтиёрӣ будани интихоби шакли муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;

- хусусияти илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани таҳсилоти иловагӣ;

- ҳифзи манфиатҳои таълимгирандагон вобаста ба саъю кӯшиши онҳо дар бобати инкишофи озодона ва ҳамаҷонибаи шахсият;

- муҳайё намудани шароит барои таълимгирандагон дар гирифтани таҳсилоти иловагӣ;

- нигоҳдорӣ ва рушди шабакаи муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ташаккул ва рушди низоми таҳсилоти иловагӣ.

Моддаи 6. Тартиби гирифтани таҳсилоти иловагӣ

1. Шаҳрвандон таҳсилоти иловагиро берун аз барномаҳои асосии таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ мегиранд.

2. Гирифтани таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъҳои муассисаҳо ва намудҳои фаъолият асос ёфта, бо розигии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳо ва фондҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардонида мешавад.

3. Падару модарон бо мақсади истифодабарии самараноки вақти холии фарзандон барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ фаро гирифтани онҳо вобаста ба майлу хоҳиш, рағбат ва қобилияташон мусоидат менамоянд.

4. Тартиби гирифтани таҳсилоти иловагии калонсолон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, таҳсилоти иловагиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта метавонанд.

Моддаи 7. Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.

БОБИ 2. ТАШКИЛ ВА ИДОРАКУНИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

Моддаи 8. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бо назардошти эҳтиёҷоти иҷтимоию иқтисодӣ, миллӣ, фарҳангию таҳсилотӣ дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии таълимию методӣ, моддию техникӣ, кадрҳои омӯзгорӣ ва риояи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои санитарию гигиенӣ таъсис дода мешаванд.

3. Муассис (муассисон)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ инҳо буда метавонанд:

- мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф;

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ.

4. Муассисон метавонанд муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии муштарак таъсис диҳанд.

Моддаи 9. Сохтор ва низоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ аз рӯи шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият давлатӣ ва хусусӣ буда метавонанд.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ метавонанд дар шакли академияи хурди илмҳо, марказҳо, аз ҷумла марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, қасрҳо, хонаҳои эҷодии кӯдакону наврасон, стансияҳо, студияҳо, мактабҳои санъат, муассисаҳои таълимии ибтидоии махсуси бадеӣ, мактабхои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ, мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон, мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии кӯдакону наврасон, клубҳо, аз ҷумла, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон, варзишгоҳҳои кӯдакона, муассисаҳои солимгардонӣ фаъолият намоянд.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ метавонанд маҷмӯӣ ва соҳавӣ бошанд. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии маҷмӯӣ фаъолияти худро аз рӯи самтҳои гуногуни таҳсилоти иловагӣ (илмию техникӣ, таҷрибавию санҷишӣ, ҷамъиятию гуманитарӣ, китобдорию китобшиносӣ, сайёҳию кишваршиносӣ, бадеию эстетикӣ, экологию табиатшиносӣ, тарбияи ҷисмонию варзишӣ, ҳарбию ватандӯстӣ, солимгардонию гигиенӣ) ташкил менамоянд. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии маҷмӯӣ қасрҳо ва марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон дохил мешаванд.

4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии соҳавӣ фаъолияти худро аз рӯи самтҳои мушаххаси таҳсилоти иловагӣ ташкил мекунанд. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии соҳавӣ марказҳои илмию техникӣ, эҷодиёти бадеию эстетикӣ, хонаҳои эҷодии кӯдакону наврасон, клубҳои сайёҳию кишваршиносӣ, экологию табиатшиносӣ, варзишию солимгардонӣ, ҳарбию ватандӯстӣ, стансияҳои сайёҳони ҷавон, табиатдӯстон, техникҳои ҷавон, мактабҳои санъат, муассисаҳои таълимии ибтидоии махсусгардонидашудаи бадеӣ, студияҳо, мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон, варзишгоҳҳои кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонӣ мансуб мебошанд.

5. Иттиҳодияҳои эҷодии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ба тариқи зайл тасниф карда мешаванд:

- ибтидоӣ - намуди иттиҳодияи эҷодии самти инкишофи умумӣ, ки барои ошкор намудани қобилияту истеъдоди таълимгирандагон ва инкишофи шавқу рағбати онҳо ба фаъолияти эҷодӣ мусоидат менамояд;

- асосӣ - намуди иттиҳодияи эҷодие, ки шавқу рағбати устувори таълимгирандагонро инкишоф дода, ба онҳо дониш, маҳорату малакаҳои амалӣ медиҳад ва эҳтиёҷоти онҳоро зимни интихоби касб қонеъ мегардонад;

- олӣ - намуди иттиҳодияи эҷодие, ки аз рӯи шавқу рағбат барои таълимгирандагони қобилиятноку боистеъдод таъсис дода мешавад.

Моддаи 10. Идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Ба муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ директори он роҳбарӣ мекунад. Мақоми дастаҷамъии идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ шӯрои омӯзгорӣ мебошад.

2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бо мақсади таъминоти методӣ ва такмили раванди таълиму тарбия шӯрои методӣ таъсис дода мешавад.

Моддаи 11. Мақомоти идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ аз ҷониби мақомоти зерин идора карда мешаванд:

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар тобеияти онҳо қарор доранд;

- мақомоти маҳаллии идораи маориф.

2. Идоракунии муассисаҳои хусусии таълимии таҳсилоти иловагӣ аз ҷониби муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф якҷоя бо дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар тобеияти онҳо қарор доранд:

- сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ татбиқ менамоянд;

- барномаҳои рушди таҳсилоти иловагиро таҳия мекунанд;

- низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

- дар бораи меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва молиявии таҳсилоти иловагӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро барои муайян намудани кафолатҳои иҷтимоии кормандони омӯзгорӣ, мутахассисони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, новобаста аз тобеият, шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият таҳия мекунанд;

- роҳбарии таълимию методӣ ва назорати раванди таълимро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият амалӣ мегардонанд;

- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

2. Мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм барои фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома медиҳад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1884).

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон:

- ҳаҷми маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро бо тартиби муқарраргардида муайян ва тасдиқ менамоянд;

- нигоҳдорӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, афзоиши шабакаи онҳо, назорати истифодаи самараноки қитъаҳои замини ба онҳо вобасташударо таъмин менамоянд;

- иловапулиро ба маоши кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ муайян ва пардохт мекунанд;

- ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон, кормандони омӯзгорӣ, мутахассисон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро таъмин менамоянд.

4. Мақомоти маҳаллии идораи маориф дар доираи ваколатҳояшон:

- барои интихоби намудҳои фаъолияти эҷодии таълимгирандагон мувофиқи шавқу рағбаташон ва дархости падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда шароит муҳайё мекунанд;

- бо тартиби муқарраршуда такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагиро мегузаронанд;

- фаъолияти коллективҳои омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳо ва оиларо барои гирифтани таҳсилоти иловагии таълимгирандагон ҳамоҳанг месозанд, таҷрибаи пешқадами онҳоро ҷамъбаст ва паҳн менамоянд ва фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро танзим мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1884);

Моддаи 13. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад.

2. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, мақомоти маҳаллии идораи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар тобеияти онҳо қарор доранд, таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1766).

3. Шакли асосии назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ мебошад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

4. Аттестатсияи давлатии ғайринавбатии муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ ба таври истисно танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

5. Аттестатсияи давлатии ғайринавбатии муассисаҳои хусусии таълимии таҳсилоти иловагӣ ба таври истисно танҳо бо қарори муассис (муассисон) ё мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм гузаронида мешавад  (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1766).

6. Аттестатсияи давлатии кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар ҳар панҷ сол як маротиба мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

7. Ба кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ дараҷаи муайяни тахассусӣ дода мешавад.

БОБИ 3. РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

Моддаи 14. Самтҳои асосии таҳсилоти иловагӣ

Таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ аз рӯи самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- илмию техникӣ, ки азбар намудани маҳорату малакаҳои техникию технологӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, азхудкунии техникаю технологияи муосир ва илмҳои дақиқ, инчунин ба кори фаъолонаи илмию таҳқиқотӣ тайёр шудани таълимгирандагонро таъмин менамояд;

- таҷрибавию амалӣ, ки барои ҷалб намудани таълимгирандагон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ, конструкторӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илму техника, фарҳангу санъат, инчунин фароҳам овардани шароит барои худтакомули эҷодӣ, ошкор сохтан ва инкишофу дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат мекунад;

- ҷамъиятию гуманитарӣ, ки инкишофи қобилияту истеъдод, малака ва маҳорати амалии таълимгирандагонро дар самти азхудкунии донишҳо доир ба асосҳои илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъмин мекунад;

- китобдорию китобшиносӣ, ки барои боло бурдани шавқи маърифатӣ, фарҳангию иттилоотӣ ва такмили малакаю маҳорати таълимгирандагон баҳри муайян ва мустаҳкам кардани мавқеи онҳо дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ нигаронида шудааст;

- экологию табиатшиносӣ, ки азбар намудани донишҳоро дар бораи муҳити зист, ташаккули маърифати экологии шахс, дар бораи масъалаҳои экологӣ ва таҷрибаи ҳалли онҳо, андӯхтани донишу малакаро дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гулпарварӣ, ҷангалпарварӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ҷалб кардан ба кори амалии ҳифзи табиат ва дигар самтҳои биологиро пешбинӣ менамояд;

- сайёҳию кишваршиносӣ, ки ҷалби таълимгирандагонро барои омӯзиши таърихи кишвар ва маҳалли зист, тамаддуни ҷаҳонӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, таърихию фарҳангӣ ва зуҳуроти ҳаёти иҷтимоӣ, азбар кардани малакаҳои амалӣ ва маҳорати сайёҳию кишваршиносӣ таъмин менамояд;

- бадеию эстетикӣ, ки инкишофи истеъдоду қобилияти эҷодии таълимгирандагон, азбар намудани малакаҳои амалӣ ва дар соҳаи фарҳангу санъати ватанӣ ва ҷаҳонӣ дониш андӯхтани онҳоро таъмин менамояд;

- тарбияи ҷисмонию варзишӣ, ки инкишофи қобилияти ҷисмонии таълимгирандагон, шароити зарурӣ барои солимии мукаммал, обутобёбӣ, истироҳату фароғат, машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тайёр кардани захираҳои варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби миллӣ, азбар кардани малакаҳои тарзи ҳаёти солимро таъмин менамояд;

- ҳарбию ватандӯстӣ, ки тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва дараҷаи зарурии тайёрии таълимгирандагонро ба хизмати ҳарбӣ таъмин мекунад;

- солимгардонию гигиенӣ, ки таъмини шароити заруриро барои истироҳати бофароғат, азбар намудани донишҳо оид ба тарзи ҳаёти солим, азхуд намудани малакаи беҳдошти саломатии шахсӣ ва ташаккули фарҳанги гигиении шахсро пешбинӣ менамояд.

Моддаи 15. Шаклҳои ташкили таҳсилоти иловагӣ

1. Таҳсилоти иловагӣ дар шакли равиявӣ мувофиқи имкониятҳои фардӣ, шавқу рағбат, майлу хоҳиш, қобилият ва дараҷаи маҳорати таълимгирандагон бо назардошти дараҷаи таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор, синну сол, хусусиятҳои рӯҳию ҷисмонӣ, вазъи саломатии онҳо дар шаклҳои машғулият, маҳфил, дарс, лексия, машғулияти фардӣ, конференсия, семинар, хониш, саволу ҷавоб, консерт, мусобиқа, машқ, саёҳат, экспедитсия, кори амалӣ дар озмоишгоҳҳо, устохонаҳо, гармхона, қитъаҳои замини илмию таҷрибавӣ, дар корхонаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ, дар табиат ва дигар шаклҳои пешбининамудаи Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ гузаронида мешавад.

2. Шумораи таълимгирандагон дар гурӯҳҳо вобаста ба соҳа ва имкониятҳои ташкили раванди таълиму тарбия, инчунин тартиби ташкили корҳои фардӣ ва гурӯҳӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тибқи талаботи Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ муайян карда мешавад.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ба хатмкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф оид ба таҳсилоти иловагӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор медиҳанд. Намунаи шаҳодатнома (сертификат)-ро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад.

4. Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо барои муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии хусусӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) тайёр карда мешаванд.

БОБИ 4. СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

Моддаи 16. Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ инҳо мебошанд:

- таълимгирандагон;

- директор, муовин (муовинон)-и директор;

- кормандони омӯзгорӣ, равоншиносон, китобдорон ва дигар мутахассисоне, ки ба раванди таълиму тарбия ҷалб шудаанд;

- падару модарони таълимгирандагон ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд;

- намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар раванди таълиму тарбия иштирок мекунанд.

Моддаи 17. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни мазкур, Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1766).

2. Давлат ҳуқуқҳои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро ҳимоя намуда, ташкили таълиму тарбияи кӯдакони ноболиғи оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, кӯдакони маъюб, ятимон ва кӯдакони бепарасторро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад.

3. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, инчунин нафақахӯроне, ки қаблан кормандони омӯзгории чунин муассисаҳо буданд, ба имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ намудааст, ҳуқуқ доранд.

Моддаи 18. Тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ тайёр мекунанд.

2. Такмили ихтисоси кормандони омӯзгории муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ дар ҳар панҷ сол на камтар аз як маротиба аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

3. Такмили ихтисоси кормандони омӯзгории муассисаҳои хусусии таълимии таҳсилоти иловагӣ дар ҳар панҷ сол на камтар аз як маротиба аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.

БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГӢ ВА ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

Моддаи 19. Фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

2. Маблағгузории муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва муассисаҳои хусусии таълимии таҳсилоти иловагӣ аз ҳисоби муассис (муассисон) сурат мегирад.

3. Муассисаҳои давлатӣ ва хусусии таълимии таҳсилоти иловагӣ метавонанд инчунин аз ҳисоби манбаъҳои иловагӣ, ки истифодабарии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда шаванд.

4. Кӯдакони оилаҳои камбизоат, кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ ба таври ройгон таҳсил мекунанд.

5. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ инҳоянд:

- воситаҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ барои расонидани хизматҳои иловагии таҳсилотӣ, аз иҷрои корҳо тибқи фармоиши корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инчунин даромад аз фурӯши маҳсулоти худӣ ба даст овардаанд;

- кӯмаки башардӯстона;

- маблағҳои эҳсонкорӣ, сарватҳои моддӣ, ки аз корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеии алоҳида қабул шудаанд;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

6. Маблағҳои иловагии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ мутобиқи тартиби муайяннамудаи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" танҳо барои фаъолияти оинномавӣ истифода бурда мешаванд.

Моддаи 20. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

1. Ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ биною иншоот, таҷҳизот, воситаҳои алоқа, нақлиёт, қитъаҳои замин, дигар молу мулки манқул ва ғайриманқул дохил мешаванд.

2. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ барои амалӣ намудани корҳои таълимию тарбиявӣ иншоотҳои варзишӣ, фарҳангӣ, солимгардонӣ ва дигар иншоот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода мешаванд.

3. Талабот нисбат ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ аз рӯи меъёрҳои дахлдори сохтмонӣ ва санитарию гигиенӣ, қоидаю стандартҳои сохтмон ва нигоҳдории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва нақшаю барномаҳои таълимӣ муайян карда мешавад.

4. Ҳуқуқи муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ба истифодаи қитъаҳои замине, ки дар ҳудуди он ҷойгир шудаанд, мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраргардида муайян карда мешавад.

5. Фондҳои асосӣ ва дигар молу мулки муассисаҳои давлатӣ ва хусусии таълимии таҳсилоти иловагӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусодира карда намешаванд.

6. Молу мулки муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ аз ҷониби муассис (муассисон) танҳо бо мақсадҳое, ки дар Оинномаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, барои рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ истифода бурда мешаванд.

7. Истифодаи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бо мақсадҳои хилофи вазифаҳои асосӣ ва манфиатҳои таълим манъ аст.

Моддаи 21. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1884)

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии давлатӣ ва хусусӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд фаъолияти пулакиро ба роҳ монанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1884).

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 22. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ

Мақомоти идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ҳуқуқ доранд бо мақомоти идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилоту фондҳои байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ созишномаҳо баста, робитаҳои бевосита муқаррар намоянд.

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1884)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1884).

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

16 апрели соли 2012 № 826

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 15 феврали соли 2012, № 695

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 300