ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ
(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1766, аз 08.06.2022 № 1884, аз 01.10.2025 № 2198)
Қонуни мазкур сиёсати давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию молиявиро дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таҳсилоти иловагӣ - низоми таълиму тарбия, ки дар асоси барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ шуда, ба омӯзиши илм, техника ва технологияи муосир, эҷодкорӣ, дарёфти ихтисоси нав, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, ки онҳоро шахс метавонад ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бе маҳдудият омӯзад, равона карда шудааст;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ - муассисаҳои давлатӣ ва хусусии таълимӣ, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, маҳорат, қобилият, инчунин инкишофи зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии таълимгирандагон нигаронида шудааст;
- кормандони омӯзгорӣ - шахсони дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбияи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ машғуланд ();
- таълимгирандагон - шахсоне, ки аз рӯи дониш, қобилият, малакаю маҳорат ва шавқу рағбаташон ба шаклҳои гуногуни таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти иловагӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти иловагӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад
Моддаи 3. Мақсади таҳсилоти иловагӣ
...