Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2012-2015 аз 1 марти соли 2012 № 94

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012 № 94

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2012-2015

1. Муқаррароти умумӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди иқтисодӣ дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин инкишофи соҳаи аграриро пеш гирифтааст, чунки иқтидори иқтисодии мамлакат аз соҳаи кишоварзӣ вобастагии зиёд дошта, аҳолиро бо маводи ғизоӣ ва корхонаҳоро бо ашёи хом таъмин мекунад. Бинобар он Тоҷикистон, ки пеш аз ҳама давлатӣ аграрӣ мебошад, инкишофу вусъат додани соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва гузаронидани ислоҳот дар соҳаи агросаноатӣ таҳлил ва такмили қонунгузориро дар ин соҳа талаб мекунад. Аз ин сабаб зарур аст, ки қонунгузории амалкунандаи соҳаи аграрӣ бо пуррагӣ аз таҳлил гузаронида, роҳҳои такмили он бо дарназардошти муносибатҳои навин дар ин соҳа муайян карда шавад.

Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз равандҳои сиёсати давлатӣ таъмини истиқлолияти озуқаворӣ буд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии он давра барои таъмини сиёсати мазкур равона шуда буданд. Дар тӯли 20 соли истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати рушди истеҳсолот дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар имконияти мусоид фароҳам омад.

Дар шароити имрӯза сиёсати давлатӣ оид ба таъмини истиқлолияти озуқаворӣ инкишофи соҳаи кишоварзӣ на дар шакли ашёи хом, балки истеҳсоли маҳсулоти ниқоие, ки бевосита ба истеъмолкунандагон пешкаш карда мешавад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, вусъат ва инкишофи боғдорӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, моҳипарварӣ, вусъат додани истеҳсолоти пахта ва дигарҳо равона гардидааст. Чунин талабот истеҳсоли на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, балки саноати коркарди маҳсулоти кишоварзиро низ тақозо менамояд. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои мазкур инкишоф ва такмили заминаҳои ҳуқуқии ин соҳаҳои номбаршуда зарур аст.

Дигар масъалае, ки ба он бояд аҳамият дод, ҳифзи муҳити зист мебошад. Мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Илова бар ин, ҳифзи табиат вазифаи констиутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад.

2. Мақсад ва вазифаҳо

1. Мақсади асосии Барнома аз такмил ва тақвияти санадҳои қонунгузории танзимкунандаи соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист иборат мебошад. Ноилшавӣ ба мақсадҳои асосии барнома ҳалли вазифаҳои зеринро тақозо менамояд:

- истифодаи самараноки замин; - таъсис додани инфрасохтори пешқадам дар соҳаи аграрӣ;

- аз байн бурдани миёнаравон аз байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;

- таъмини сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва мутобиқат ба стандартҳои ҷаҳонӣ;

- паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни аҳолии шаҳрак ва деҳаҳо, инчунин таъмини даромаднокии баланди онҳо;

- ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти ҷумҳурӣ;

- ба вуҷуд овардани муҳити мусоиди экологӣ дар шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин, майдончаҳои назди биноҳои баландошёна;

- таъмини хуби фазои мӯътадили сармоягузорӣ ва ҷалби он дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати истифодаи технологияҳои навин ва иноватсионӣ дар соҳаи аграрӣ.

2. Барои бомуваффақият амалӣ намудани Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист (минбаъд Барнома) зарур аст, ки дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист байни муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифаҳо баробар тақсим карда шаванд.

3. Дар иҷроиши Барнома бояд мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ фаъолона иштирок намоянд.

3. Самтҳои асосии такмили қонунгузории аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист

4. Қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз соҳаҳои рушдёбанда дар замони ҳозира ба ҳисоб меравад. Такмили қонунгузорӣ дар ин самт бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда, қабули қонунҳои нав, мураттабсозии санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва дигар фаъолиятҳо амалӣ мегардад.

5. Яке аз самтҳои дигари такмили қонунгузории аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист аз байн бурдани мухолифатҳое мебошад, ки дар қонунгузории ин соҳа ба назар мерасад. Аз ҷумла:

- аз байн бурдани мухолифатҳо байни меъёрҳои як санади қонунгузорӣ;

- аз байн бурдани мухолифатҳо байни санадҳои қонунгузории як соҳа;

- аз байн бурдани мухолифатҳо байни санадҳои қонунгузории соҳаҳои гуногун;

- мутобиқгардонии қонунгузории аграрӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;

- мутобиқгардонии санадҳои зерқонунӣ бо санадҳои қонунгузории аграрӣ;

- мураттабсозии санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳа;

- мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда ба шароити иқтисодию иҷтимоии муосир.

6. Самти дигари такмили қонунгузории аграрӣ ин аз байн бурдани номувофиқатҳо байни матнҳои тоҷикӣ ва русии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

4. Қонунгузории аграрӣ

7. Соҳаи аграрӣ соҳаи муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон буда, такмили қонунгузории он дар асоси фароҳам овардани шароити хуб барои инкишофи иқтисодиёти бозаргонӣ дар ин соҳа амалӣ гардонида мешавад.

8. Пеш аз ҳама такмили қонунгузории аграрӣ дар асоси мутобиқ будани он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

9. Бо мақсади амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бояд ҳамаи санадҳои қонунгузории амалкунанда ба он мутобиқ карда шаванд.

10. Бо мақсади вусъат додани рушди истеҳсолотии хоҷагиҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо зарур аст, ки ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар карда шавад. Бинобар ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ" аз нав мавриди таҳлил қарор дода шуда, мехнизмҳои татбиқкунии он амалӣ гардонида шавад.

11. Дар натиҷаи омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи кишоварзӣ муайян карда шуд, ки дар баъзе қонунҳо мухолифатҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)" пешбинӣ менамояд, ки узви

хоҷагии деҳқонии фардӣ ва аъзои хоҷагии деҳқонии оилавӣ метавонанд мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи молу мулки хоҷагӣ ширкати хоҷагидорӣ ва ё кооперативи истеҳсолии (кишоварзии) дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳанд. Аммо таҳлили қонунгузории гражданӣ нишон медиҳад, ки ин меъёр ба талаботи Кодекси гражданӣ мутобиқ нест, зеро Кодекси гражданӣ пешбинӣ менамояд, ки ширкатҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби ду ва зиёда шахс таъсис дода мешаванд. Дар ин ҳолат талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)" ба талаботи Кодекси гражданӣ мутобиқ нест, чунки хоҷагиҳои деҳқонии фардӣ аз ҷониби як шахс таъсис дода мешаванд.

12. Бинобар ин, дар ин замина қабули қонунҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ".

5. Қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист

13. Воситаи асосии таъмини ҳифзи муҳити зист танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар ин соҳа мебошад, ки он бо роҳи қабул ва мавриди амал қарор додани қонунҳо амалӣ гардонида мешавад. Аз ин рӯ зарур аст, ки санадҳои қонунгузории дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалкунанда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда, он ихтилофоте, ки байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ мавҷуданд, бартараф карда шаванд. Қабули қонунҳои нав дар ин соҳа яке аз бандҳои алоҳидаи Консепсияи пешгӯии қонунгузорӣ ба ҳисоб мераванд.

14. Дар шароити имрӯза зарур аст, ки ҷамъи худсаронаи растаниҳои хусусияти табобатӣ дошта тариқи қонунгузорӣ манъ карда шавад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши растаниҳои дорои хусусиятҳои табобатӣ" қабул карда шавад.

15. Дар даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи танзими ҳуқуқии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки аз тарафи шаҳрвандон партофта мешаванд, масъалаи доғи рӯз мебошад. То имрӯз шароити экологии шаҳрҳо, аз ҷумла дар маҳалҳои аҳолинишин ва биноҳои бисёрошёна, дар сатҳи паст қарор дорад. Шаҳрвандон аз сабаби сатҳи пасти дониши экологӣ партовҳои худро дар ҷойҳои дилхоҳашон мепартоянд, ки ин боиси ба амал омадани бемориҳои сирояткунанда мегардад. Аз ҷумла, партовгоҳҳое, ки аз тарафи корхонаҳои коммуналӣ ташкил карда шудаанд, то имрӯз ба ягон талаботи санитарӣ ҷавобгӯ намебошанд. Дар қонунгузории маъмурии ҷумҳурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (аз ҷумла барои партовҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ) ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин ҷо зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" низ такмил дода шавад. Дар Қонуни мазкур на фақат роҳҳои ҳифзи табиат, балки роҳҳои таъмини муҳити хуби экологӣ дар маконҳои зисти одамон, риояи талаботи экологӣ аз тарафи корхонаҳо, муасиссаҳо ва ташкилотҳо, инчунин меъёрҳо ва лимитҳои партовҳои зарарнок ба муҳити зист, тартиби кашонидан, коркард ва истифодабарии партовҳои саноатию маишӣ ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа, тартиби идоракунии партовҳои маишӣ ва механизми танзими иқтисодии муомилот бо партовҳои саноатию маишӣ, хусусан дар самти ҷамъоварӣ ва ҷойгиронии партовҳо низ пешбинӣ шаванд.

16. Зарурати таҳия ва қабули Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза бо сабабҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва қоидаҳои ҳуқуқӣ алоқаманд мебошад. Василаи иҷтимоию иқтисодии қабули Кодекси мазкур ҳолати экологию иқтисодиро дар замони муосир инъикос мекунад, ки аз омилҳои зерин иборат мебошад:

- бӯҳрони экологӣ, ки боиси рад кардани талаботи амнияти экологии ҷамъиятӣ гаштааст;

- касодии иқтисодӣ ва тезутундшавии проблемаи озуқаворӣ;

- гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ.

17. Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологӣ" тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ бояд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқ карда шавад. Аммо тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист" муайян намудани тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки ин номутобиқатиро байни санадҳои қонунгузорӣ ба вуҷуд меорад.

18. Ҳамин тавр, қабули қонунҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши растаниҳои дорои хусусиятҳои табобатӣ";

- Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист".

Ниг. ба Замима  