Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2012, № 93
тасдиқ шудааст
Барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015
1. Муқаррароти умумӣ
Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияи Барнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва Консепсияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
2. Зарурати қабул ва татбиқи Барнома
Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия, аз ҷумла тарбияи насли наврас ба ҳисоб рафта, татбиқи Барнома ба фаъолияти бонизом ва мақсадноки сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар самти ташаккули тафаккури баланд ва тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, эҳтирому садоқат ба Ватан, омодагӣ барои ҳимояи манфиатҳои халқи он мусоидат менамояд.
Ҷаҳони имрӯза, ки пур аз зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, таассуби динӣ, ҷараёнҳои бунёдгароӣ, амалиёти мафиозӣ, интиқолу истеъмоли маводи мухаддир, дахолати нерӯҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои дигар, хусусан ҷаҳони исломӣ, табадуллотҳои низомӣ ва давлатӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва ғайраҳо мебошад, ҳар як давлатро водор месозад, ки ҷиҳати мустаҳкам кардани марзу буми кишвар ва бехатарии он чораҳои қотеона ва зарурӣ андешад.
Зарурати таҳия ва татбиқи Барномаи тарбияи ҳарбӣватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 аз барномаҳои сиёсии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи тарбияи ҳарбӣватанпарастии наврасону ҷавонон, ки дар вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар иброз намудаанд, ҷараёни иҷрои барномаҳои мухталифи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ бо иштироки бевоситаю фаъолонаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.
Ҳадаф аз амалигардонии Барномаи мазкур фарогирии армияи сершумори наврасону ҷавонон, бедор ва тарбия намудани ҳисси ватанпарастӣ ва интернатсионалистӣ, садоқат ба Ватан-модар, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар онҳо мебошад.
3. Пешбинӣ, мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома
Барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани тарбияи ҳарбӣватанпарастии наврасону ҷавонон, омода намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ, мутахассисони касбҳои оммавӣ-техникӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёти механикӣ, инчунин барои рушди намудҳои техникӣ ва ҳарбӣ - амалии варзиш, ки аҳамияти ҳарбӣ-амалӣ доранд ва ҳамчунин бо мақсади мукаммалгардонии эҷодиёти техникии ҷавонон мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва тартиботи муқарраргардида таҳия шудааст.
Вазифаи Барномаи мазкур амалӣ намудани барномаҳои ҷумҳуриявӣ, давлатӣ, маҳаллӣ ва чорабиниҳои тарбиявии ҳарбӣватанпарастии наврасон ва омода намудани ҷавонон ба меҳнат ва ҳифзи Ватан, инчунин мусоидат ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, мукаммалгардонии ҳифозати шаҳрвандӣ ва маъмурӣ ва масъалаҳои дигари зерин аст:
- омода намудани аҳолӣ ба муҳофизати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- корҳои ҳарбӣ-ватанпарастӣ дар байни аҳолӣ ва таблиғоти тадбирҳои андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мустаҳкам намудани амнияти давлатӣ, ҳифзи анъана ва инъикоси ҳаматарафаи таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои қудратӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмили (бозомӯзӣ) омодагии мутахассисон ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои қудратӣ, мутахассисони касбҳои оммавии техникӣ, ки аҳамияти ҳарбӣ-амалӣ доранд, ҳамчунин ронандагони воситаҳои нақлиёти механикӣ дар асоси аризаҳои шахсии шаҳрвандон ва дархости роҳбарони сохторҳои қудратӣ аз маблағҳои ҳисоби хоҷагӣ;
- баргузории чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои варзиши техникӣ, ҳавопаймоӣ, ҳарбӣ
- амалӣ, таъмини иштироки варзишгарон, мураббиён ва доварони варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабиниҳо.
4. Воситаҳои амалигардонии Барнома
Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши роҳбарикунандаро дар ташкил ва таъмини корҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худогоҳии ҷавонон ва наврасон дар рӯҳи ватандӯстӣ ва шомилшавии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму хоҳиши худ, ташкили иттиҳодияҳои варзишӣ, маҳфилу сексияҳое, ки равияи техникӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ доранд, таблиғоти ҳисси ватанпарастӣ ва интернатсионалистӣ байни наврасон ва ҷавонон ба дӯш мегирад.
Зимни корҳои омодагии интишор, чоп ва зиёд намудани рӯихат ва нақшаҳо, дастурамал ва дигар чорабиниҳои Барнома мутахассисони зарурӣ даъват карда мешаванд. Барнома дар маркази вилоятҳо, минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар Барномаи мазкур фарогирии 300 000 нафар ҷавонон дар назар дошта мешавад.
5. Манбаъҳои маблағгузорӣ
Маблағгузории Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 аз ҳисоби маблағҳои пешбинишавандаи Буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар татбиқи Барнома ширкаткунанда, аз ҳисоби худмаблағгузорӣ, маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мегардад. 6. Натиҷаҳои ниҳоие, ки аз татбиқи Барнома ба даст меоянд
Татбиқи ин Барнома бояд амалигардонии чорабиниҳоро оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии наврасону ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва ватанпарастӣ, рушди намудҳои варзиши техникӣ ва ҳарбӣ-амалӣ, ки аҳамияти ҳарбӣ-амалӣ доранд, шомилшавии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ бо азму хоҳиши худ, таблиғи ҳисси ватанпарастӣ ва интернатсионалистӣ байни наврасон ва ҷавонон, ташкили иттиҳодияҳои варзишӣ ва маҳфилу сексияҳое, ки равияи техникӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ доранд ва фарогирии наврасону ҷавононро ба ин чорабиниҳо мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва тартиботи муқарарраргардида натиҷа диҳад.
Дар Барнома зиёда аз 300000 нафар ҷавонону наврасони синни аз 14 то 30 - сола, аз он ҷумла хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, илм, маориф, фарҳанг, хизматчиёни ҳарбӣ ва давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта мешаванд.
Инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарастии наврасону ҷавонон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ташаккули тафаккури баланди садоқат ба Ватан ва ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз аҳдофи Барномаи мазкур аст.
Ниг. Ба Замима № 2