Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2012, № 91
тасдиқ шудааст
Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014
1. Муқаррароти умумӣ
Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 (минбаъд-Барнома) сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, аз ҷумла дохилӣ ва экологӣ муайян намуда, қисми таркибии сиёсати давлат дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳсуб ёфта, ба самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.
Муҳоҷирати дохилии аҳолӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба танзим дароварда мешавад.
Муҳоҷирати дохилии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи даҳсолаҳо дошта, аввалин муҳоҷирони ихтиёрӣ ҳанӯз солҳои 20-уми асри гузашта пайдо гардида буданд. Сипас, солҳои 1954-1959 аз водиҳои Қаротегин ва Дарвоз ба заминҳои бекорхобидаи соҳилҳои дарёҳои Кофарниҳону Вахш ва Панҷ зиёда аз 20 ҳазор хоҷагиҳо кӯчонида шуда буданд. Инчунин, дар нимаи аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар шимоли Тоҷикистон аз ҳисоби аҳолии Кӯҳистони Мастчоҳ заминҳои бекорхобидаи дашти Дилварзин обод гардиданд. Давраи дигари муҳоҷиркунии аҳолӣ ба ободкунии заминҳои ноҳияҳои имрӯзаи Ёвон ва Қубодиён, мавзеъҳои Гараутию Обикиик рост меояд. Дар заминаи муҳоҷиркунонӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои инсонии меҳнатии мавзеъҳои камзамин ва ноободи кишвар пайдошавии як қатор шаҳраку деҳаҳои замонавӣ ба миён омад.
Раванди муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар марҳилаи навини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии давлат баъд аз ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ такмил ёфта, сабки тоза касб намуд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати аҳолӣ бо истифода аз меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътирофгардида такмил ёфт.
Робитаи мутақобилаи рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои кишвар бо муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои демографӣ ва таъмини фаъолияти пурмаҳсули аҳолӣ масъалаи такмил додани механизми муҳоҷиркунониро ба миён овард.
Таъмини банақшагирӣ ва муайянсозии дурнамои муҳоҷиркунонии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамини сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида, инчунин кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба ҷойҳои бехавф ва фароҳамсозии шароити мутобиқи зиндагӣ дар мавзеъҳои нави зисти муҳоҷиргаштагон мақсадҳои асосии Барнома ҳисобида мешавад.
Қабули Барномаи давлатии муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ин равандро ба рушди марҳилаи кунунии ҷомеа алоқаманд сохта, идоракунии онро аз ҷониби давлат мукаммалтар мегардонад ва як қатор норасогию душвориҳои дар муҳоҷиркунонии аҳолӣ мавҷударо ҳаллу фасл менамояд.
2. Вазъи кунунии муҳоҷирати дохилӣ ва экологии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он
1. Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" муайян гардида, иҷрои он тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ба салоҳияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, ин мақом дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи Барномаи мазкур мебошад.
3. Кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар танҳо дар ҳолати мавҷудияти кафолатномаи расмии тарафи қабулкунандаи муҳоҷирон барои ҷойгиркунонии онҳо дар хонаҳои истиқоматӣ ва ё ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили зисти доимӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, барқ, сохтмони роҳҳои дохилихоҷагӣ, хизматрасонии тиббӣ, ҷойи корӣ барои аъзои оилаашон, ҳолати санитарии муносиб ва тибқи имкониятҳои мавҷуда барпо намудани иншооти иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.
4. Кӯчонидани хоҷагиҳои ба муҳоҷирати экологӣ шомилбуда бо тартибе, ки онро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 211 "Дар бораи Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян кардааст, танзим мегардад. Нақшаи ҳозираи кӯчонидани хоҷагиҳо аз ҷойҳои хавфнок бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011, №332 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013" сурат гирифта истодааст ва мувофиқи он дар давоми се сол 900 хоҷагӣ, яъне соле 300 хоҷагӣ бояд аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешавад.
5. Муҳоҷирати дохилӣ низ бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
6. Нақшаи амалкунандаи кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 530 "Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012" бо кӯчонидани 3019 оила дар давоми се сол ва аз 28 июли соли 2009, № 430 "Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол" бо кӯчонидани 500 оила дар давоми 4 сол муайян карда шудааст.
Инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, № 75 "Дар бораи кӯчонидани 1000 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода" мавриди амал қарор дорад ва мутобиқи он дар шаҳри Турсунзода аз ҳисоби оилаҳои муҳоҷирони кӯчонидашуда чор деҳаи нав бунёд гардидааст. Айни замон дар маҳалҳои нави зист қариб 900 оила зиндагӣ дорад ва нисбати иҷрои пурраи қарор тадбирҳои иловагӣ андешида шудаанд.
7. Тибқи муқаррарот ба ҳар оилаи муҳоҷирони бо сабабҳои экологӣ кӯчонидашуда, аз ҷониби давлат кӯмаки якдафъаина дар ҳаҷми 300 сомонӣ ва қарзи имтиёзнок ба андозаи 3000 сомонӣ ва ба муҳоҷирони дохилӣ бошад, ин қарз дар ҳаҷми 1500 сомонӣ муайян шудааст. Инчунин ба ҳар як оила аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ба миқдори аз 0,08 то 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо карда мешавад.
8. Барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 - 5088987,0 сомонӣ, аз ҷумла барои муҳоҷирони экологӣ 2591036,0 сомонӣ қарзи имтиёзнок ва 181206,0 сомонӣ кӯмаки якдафъаина, барои муҳоҷирони дохилӣ қарзи имтиёзнок ба миқдори 1801770,0 сомонӣ ва хароҷоти нақлиётӣ барои интиқоли онҳо 514975,0 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
9. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 20012010 бо мақсади танзими масоили муҳоҷирати дохилию экологӣ ва фароҳам овардани шароити мутобиқи кӯчонидан, як катор қарорҳои дахлдор қабул кард, ки дар натиҷа 6611 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 6122 оилаи муҳоҷирони экологи кӯчонида шудаанд ва дар ҷойҳои нави зист истиқомат мекунанд. Шумораи оилаҳои муҳоҷирони дохилии кӯчонидашуда дар давоми солҳои 2001-2010 (ба ҳисоби оила) 10000 1403
10. Тибқи пешгӯиҳо шумораи аҳолӣ дар охири соли 2011 ба 7,62 миллион нафар расида, аҳолии синни то 16-сола, қариб 36 фоизро ташкил медиҳад. Новобаста аз камшавии коэффитсиенти таваллуд, афзоиши табиии оилаҳо миқдори аҳолиро зиёд мекунанд ва шумораи аҳолӣ ҳамасола дар доираи 2,0-2,1 фоиз бемайлон афзоиш ёфта, бо чунин тамоюл, шумораи тахминшудаи аҳолӣ дар соли 2014 ба зиёда аз 8,100 миллион нафар мерасад. Ҳамзамон, шумораи аҳолии қобили меҳнат ба 509 ҳазор нафар зиёд мешавад. Дар баробари ин таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, аз соли 2007 инҷониб, мунтазам паст шуда истодааст.
Шумораи қиёсии аҳолии қобили меҳнат дар давраи ҳисоботи ва дурнамоҳо барои соли 2014 (бо фоиз)
+--+---------------+--------------------------------------+----------ҷ
|р/|Нишондиҳандаҳо | Солҳо |Дар соли |
|т | +-------+-----+-----+-----+-----+------+2014 бо |
| | | 2005 |2006 |2007 |2008 |2009 |2014 |муқоисаи |
| | | | | | | | |соли 2010,|
| | | | | | | | |фоиз |
+--+---------------+-------+-----+-----+-----+-----+------+----------+
|1 |Ҳамагӣ аҳолӣ, | | | | | | | |
| |дар охири сол |100,0 |100,0|100,0|100,0|100,0|100,0 |+6,3 |

|2 |Аз ҷумла: | | | | | | | |
| |аз синни қобили| | | | | | | |
| |меҳнат хурдтар | | | | | | | |
| |(0-14) |37,1 |36,4 |35,9 |35,6 |35,0 |34,8 |+6,7 |

|3 |қобили меҳнат |57,6 |58,4 |58,9 |59,3 |59,9 |60,1 |+10,8 |

|4 |аз синни | | | | | | | |
| |қобили меҳнат | | | | | | | |
| |калонтар |5,3 |5,2 |5,2 |5,1 |5,1 |5,4 |+13,6 |

11. Таҳлили зичии аҳолӣ нишон медиҳад, ки дар соли 1989 дар ҳар як км. кв. 35,6 нафар истиқоматкунанда рост меояд, дар соли 2005 ин нишондод ба 48,4 нафар ва дар соли 2010 дар як км. кв. 53,4 нафар истиқоматкунанда рост меояд.
Нишондодҳо оид ба шумораи аҳолии истиқоматкунанда дар ҷумҳурӣ
+--+--------------+--------------------------------------------------ҷ
|р/|Нишондиҳандаҳо| Солҳо |
|т | +------+--------+--------+--------+--------+-------+
| | |2005 | 2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 |
+--+--------------+------+--------+--------+--------+--------+-------+
|1.|Шумораи аҳолии| | | | | | |
| |доимӣ | | | | | | |
| |(ҳазор нафар) |6920,3|7063,8 |7215,7 |7373,8 |7529,6 |7616 |

|2.|Шумораи | | | | | | |
| |истиқоматмат- | | | | | | |
| |кунандагон, | | | | | | |
| |нафар дар | | | | | | |
| |1 км. кв |48,4 |49,4 |50,4 |51,5 |52,6 |53,4 |

12. Илова бар ин, таҳлили шароити манзилии аҳолӣ нишон медиҳад, ки ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар нафар 8,7 м.кв. майдони истиқоматӣ рост меояд. Ин нишондод ба ҳар як нафар сокини аҳолии деҳот дар даҳсолаи охир кам шуда, 6,8 м.кв - ро ташкил медиҳад. Махсусан, ин нишондод дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбатан паст буда, мутаносибан 6,4 ва 8,0 м. кв-ро ташкил медиҳад.
13. То соли 2014 бозори меҳнат аз ҳисоби афзудани пешниҳоди қувваи корӣ меафзояд. Талабот нисбати ин қувваи корӣ чи гуна хоҳад буд, аз сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоию меҳнатии давлат вобастагӣ дорад.
14. Номутобиқатии дараҷаи афзоиши нишондодҳои иқтисодӣ бо чунин дараҷаи баланди зиёдшавии аҳолӣ ба нарасидани ҷойҳои корӣ оварда, пайдоиши монеаҳои ҷиддӣ дар ҳалли масъалаҳои ба инкишофи ҷамъият вобаста аз эҳтимол дур нест.
15. Дар ин раванд ташкили муҳоҷирати дохилии аҳолӣ барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва танзими бозори меҳнат, тақсими самараноки қувваҳои корӣ барои истифодаи заминаҳои моддии мавҷуда, метавонад таъсири назаррас дошта бошад. Албатта, он ҳам аз чигунагии банақшагирӣ ва танзими давлатии ин раванд вобаста аст.
16. Раванди кунунии муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ мушкилоти зайл дорад:
- набудани нақшаи пешомади (5-10-15 сола) оиди миқдор ва (мавзеъҳо) ҷойҳои кӯчонидани оилаҳои муҳоҷирон;
- пайваст набудани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба ояндабинию дурнамоии тараққиёти ҷомеа.
- набудани маълумот оид ба ҳаҷми маблағҷудокуниҳо барои сохтмони инфраструктураи (таъмини об, сохтмони мактабҳо, роҳҳо, хатти барқ ва ғ.) мавзеъҳои навбунёди муҳоҷирнишин;
- нокифоя будани ҳаҷми маблағҳои молиявии ҷудошуда ба оилаҳои муҳоҷирон чун дастгирии моддӣ ба сифати кӯмакпулиҳои яквақта ва қарзи имтиёзнок, ки барои сохтмони манзили нави зист равона мешавад;
- номукаммалии низоми ҳамкории вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла сари вақт ҷудо нагардидани қитъаи замин, иҷро нашудани корҳо нисбати сохтмони роҳҳо, таъмини барқ, об, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ғайра;
- риоя нагардидани шартҳо ва талаботи асосии тартиби муҳоҷиркунонӣ махсусан, ҳангоми интихоби муҳоҷирони дохилӣ;
- дуруст ба роҳ намондани корҳои таблиғотию ташвиқоти миёни аҳолӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои муҳоҷирони дохилӣ;
- бе иҷро мондани чорабиниҳо нисбати таъмини шуғли аҳолӣ ва таъмин нагардидани иштироки муҳоҷирон дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт;
3. Мақсаду афзалиятҳои Барнома
17. Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати ба низом даровардани ҷараёни муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ва татбиқи иҷрои яке аз самтҳои сиёсати дохилии давлат мебошад.
18. Мувофиқи нақшаи аз ҷониби давлат муайяншуда яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи мазкур ба таври муташаккилона ва ба ҷойҳои муайянгардида кӯчонидани оилаҳо, инчунин кӯчонидан аз ҷойҳои хавфнок, ки дар онҳо эҳтимоли дучори ярч, фурӯравии замин, сел ва дигар офатҳои табиӣ дида мешаванд, мебошад.
19. Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба:
- обод намудани заминҳои бекорхобида дар ноҳияҳои серзамин;
- инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ бо истифодабарии захираҳои меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекор;
- мусоидат намудан ба баланд бардоштани шароити зисти аъзои оилаи муҳоҷирон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;
- пешгирии муҳоҷирати дохилии ғайрирасмӣ;
- таҳкими - дӯстии миёни миллатҳо ва халқиятҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон;
- ҷалби оилаҳои ҷавон ба барпо кардани инфраструктураи деҳот;
- муҳоҷиркунонии аҳолӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф нигаронида шуда, бо ин восита ситемаи самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин менамояд.
20. Барои расидан ба ин ҳадафҳо сараввал бояд нақшаи дурнамои муҳоҷирати дохилӣ ва экологии аҳолӣ, ки ин равандро ба рушди иқтисодию сиёсии ҷомеа мепайвандад, муайян карда шавад. Дурнамои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ барои давраи то соли 2014 бо дарназардошти талабот ва имконоти мавҷуда чунин аст:
+--+---------------+---------------+---------------------------------ҷ
|р/|Номгӯи вилоят, |Номгӯи вилоят, | Мӯҳлати кӯчонидан ва |
|т |шаҳру ноҳияҳое,|шаҳру ноҳияҳое,| теъдоди оилаҳои муҳоҷирон |
| |ки муҳоҷиронро |ки муҳоҷиронро +-------+-------+-------+---------+
| |ирсол менамоянд|қабул менамоянд|2012 |2013 |2014 |ҳамагӣ |
+--+---------------+---------------+-------+-------+-------+---------+
| Муҳоҷирони экологӣ |

|1 |Вилояти Мухтори|Вилояти Мухтори| | | | |
| |Кӯҳистони |Кӯҳистони | | | | |
| |Бадахшон |Бадахшон |49 |50 |50 |149 |

|2 |Вилояти Суғд |Вилояти Суғд |48 |66 |66 |180 |

|3 |Вилояти Хатлон |Вилояти Хатлон |104 |108 |108 |320 |

|4 |Ноҳияҳои тобеи |Ноҳияҳои тобеи | | | | |
| |ҷумҳурӣ |ҷумҳурӣ |639 |616 |616 |1871 |

| |Дар ҷумҳурӣ |Дар ҷумҳурӣ |840 |840 |840 |2520 |

| Муҳоҷирони дохилӣ |

|1 |Вилояти Мухтори|Вилояти Хатлон,| | | | |
| |Кӯҳистони |ноҳияҳои тобеи | | | | |
| |Бадахшон |ҷумҳурӣ |- |10 |10 |20 |

|2 |Вилояти Суғд |Вилояти Суғд |512 |512 |512 |1536 |

|3 |Вилояти Хатлон |Вилояти Хатлон,| | | | |
| | |ноҳияҳои тобеи | | | | |
| | |ҷумҳурӣ |120 |120 |120 |360 |

|4 |Ноҳияҳои тобеи |Вилояти Хатлон,| | | | |
| |ҷумҳурӣ |ноҳияҳои тобеи | | | | |
| | |ҷумҳурӣ |319 |319 |319 |957 |

| |Дар ҷумҳурӣ | |951 |961 |961 |2873 |

4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
21. Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои Буҷети давлатӣ дар самтҳои зерин анҷом дода мешавад:
- маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ;
- маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор;
- маблағҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ (сармоягузориҳо, грантҳо, маблағгузориҳои хориҷӣ).
Маблағгузории муҳоҷирати дохилӣ ва экологии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 (ба ҳисоби ҳазор сомонӣ)
+---+--------------------+----------------------------------+--------ҷ
|т/р| Номгӯи самтҳои | Солҳои молиявӣ, | Ҳамагӣ |
| | фаъолият | маблағҳои буҷетӣ | |
| | | | |
| | +-----------+----------+-----------+ |
| | | 2012 | 2013 | 2014 | |
+---+--------------------+-----------+----------+-----------+--------+
|1. |Муҳоҷирати дохилӣ |2571,6 |2533,5 |2441,5 |7546,6 |

| |Қарзи имтиёзнок |1426,5 |1441,5 |1441,5 |4309,5 |

| |Хизматҳои нақлётӣ |1145,1 |1092,0 |1000,0 |3237,1 |

|2. |Муҳоҷирати экологӣ |3077,1 |2814,0 |2814,0 |8705,1 |

| |Қарзи имтиёзнок |2769,4 |2520,0 |2520,0 |7809,4 |

| |Кӯмакпулиҳои яквақта|307,7 |294,0 |294,0 |895,7 |

22. Ҳисоби хароҷотҳои додани қарзи имтиёзнок, хизматҳои нақлиётӣ ва кӯмакҳои яквақтаина мувофиқи "Барномаи миёнамӯҳлати хароҷотҳои давлатӣ барои солҳои 2011-2013", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2010, № 315 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тибқи муқаррарот маблағгузорӣ мешаванд.
5. Татбиқи Барнома ва назорати иҷрои он
23. Масъули таъмини иҷрои Барнома вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол менамоянд.
24. Татбиқи Барнома тавассути иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо амалӣ мегардад.
25. Назорати иҷрои Барномаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом медиҳанд.
Ниг. ба Замима.