Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163)
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва бо мақсади ҳалли масъалаҳои демографӣ, тақвияти муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ ва дар заминаи он таъсис додани шаҳраку деҳаҳои нав, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва шароити моддию маишӣ ба шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Кӯчонидани 500 оилаи муҳоҷирони дохилӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол дар давоми солҳои 2010-2016 ба анҷом расонида шавад .
2) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани миқдори зарурии заминҳои обёришаванда, гузаронидани ташхиси муҳандисию геологӣ, инчунин таҳияи нақшаи генералӣ ва корҳои аксбардорию топографии маҳалро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот ба анҷом расонанд ва назорати доимиро вобаста ба корҳои сохтмони манзили истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ, маданию равшаннамоӣ пурзӯр намоянд .
3) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зарурии хаймаҳоро барои ҷойгиронии муҳоҷирони дохилӣ ҷудо намояд .
4) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли муҳоҷирони дохилӣ нақлиёт ҷудо намояд .
5) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони муҳоҷирони дохилиро бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, мутахассисон ва маводи дорувории зарурӣ таъмин намуда, интиқоли бехатари корвони мазкурро аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба ноҳияи Ҷиргатол ташкил диҳанд .
6) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол ва дигар вазорату идораҳои дахлдор корҳои оид ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои таҳсилоти умумиро барои фарзандони муҳоҷирони дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд .
7) Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирони дохилӣ бо оби нӯшокӣ, об барои обёрӣ ҷиҳати сохтани хатти қубури об аз ҳисоби маблағҳои барои ин мақсад ҷудошуда тадбирҳо андешанд .
8) Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол корҳои оид ба сохтани хатти интиқоли барқ, алоқа ва сохтмони бунгоҳи тиббиро аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонанд .
9)Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии тарафҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ ва вазорату идораҳои дахлдор кӯчонидани саривақтии муҳоҷирони дохилиро таъмин намоянд .
10) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои муҳоҷирати дохилӣ пешбинишуда маблағгузории саривақтии пардохти қарзҳои имтиёзнокро таъмин намояд .
11) Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мутобиқи дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти саривақтии қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ дар асоси шартномаҳо анҷом диҳад .
12) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" истифодаи мақсадноки маблағҳои барои муҳоҷирони дохилӣ ҷудошударо назорат ва таъмин намоянд .
13) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол якҷоя бо Кумитаи давлатии идорати замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби муҳоҷирони дохилӣ ва дастгирии молиявии онҳо дар доираи барномаҳои сармоягузории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд .
14) Раисони ноҳияҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ, ноҳияи Ҷиргатол ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул, ҷойгиронӣ, ободонӣ ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони дохилӣ чораҳои зарурӣ андешанд .
15) Вазорату идораҳои дахлдор тавассути сохторҳои зертобеи худ дар маҳалҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ ва ноҳияи Ҷиргатол ҷараёни иҷрои қарори мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2009 № 430
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внутренней миграции населения с территории Джиргатальского района и районов Раштской долины в Ляхшскую зону Джиргатальского района
(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163)
В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О миграции" и в целях решения демографических проблем, усиления внутренней миграции трудоспособного населения из густонаселенных и малоземельных регионов в долины республики, имеющие залежные земли и создания на этой основе новых поселков и сел, организации новых рабочих мест и материально-бытовых условий гражданам, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Завершить переселение 500 семей внутренних мигрантов с территории Джиргатальского района и районов Раштской долины в Ляхшскую зону Джиргатальского района в течении 2010-2016 гг
2) Государственному комитету земельного управления и геодезии Республики Таджикистан, Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан , Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан решить вопрос об отводе необходимых орошаемых земель, в установленном порядке проводить инженерно-геологические работы, а также завершить разработку генерального плана и проводить топографическую съемку местности и вести постоянный контроль за ходом работ по строительству жилья и социальных объектов за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан .
3) Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, согласно заявке Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан выделить необходимое количество палаток для размещения внутренних мигрантов .
4) Министерству транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан по заявкам Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан выделять транспорт для перевозки внутренних мигрантов .
5) Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан обеспечить колонну внутренних мигрантов бригадой скорой помощи, со специалистами и необходимыми медикаментами, организовать безопасное её передвижение из районов Раштской долины в Джиргатальский район .
6) Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с исполнительным органом государственной власти Джиргатальского района и соответствующими министерствами и ведомствами завершить работы по строительству и ремонту общеобразовательных учреждений для детей внутренних мигрантов за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан .
7) Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, совместно с исполнительным органом государственной власти Джиргатальского района в целях обеспечения внутренних мигрантов питьевой и оросительной водой принять меры по установке водопроводной линии за счет средств, предусмотренных для этих целей .
8) Министерствам энергетики и водных ресурсов, здравоохранения и социальной защиты населения и транспорта Республики Таджикистан совместно с исполнительным органом государственной власти Джиргатальского района завершить работы, по установке линии электропередач, связи и строительства медпунктов за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан .
9) Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан совместно с исполнительными органами государственной власти, отправляющими и принимающими внутренних мигрантов сторон и соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить своевременное переселение внутренних мигрантов .
10) Министерству финансов Республики Таджикистан по предложению Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в пределах средств предусмотренных для внутренней миграции, обеспечить своевременное финансирование выплат льготных кредитов .
11) Государственному сберегательному банку Республики Таджикистан "Амонатбонк", согласно предложениям Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан осуществлять своевременную выдачу льготных кредитов внутренним мигрантам на основе договоров .
12) Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и Государственному сберегательному банку Республики Таджикистан "Амонатбонк" обеспечить контроль целевого использования выделенных внутренним мигрантам средств .
13) Исполнительному органу государственной власти Джиргатальского района совместно с Государственным комитетом земельного управления и геодезии Республики Таджикистан принять необходимые меры по созданию дехканских хозяйств из числа внутренних мигрантов и по оказанию им финансовой поддержки за счет действующих инвестиционных программ и предусмотренных бюджетных средств .
14) Председателям районов отправления внутренних мигрантов, Джиргатальского района и Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан принять необходимые меры по приёму, размещению, обустройству и обеспечению занятости внутренних мигрантов .
15) Министерствам и ведомствам через свои соответствующие структуры на местах, исполнительным органам государственной власти районов отправления внутренних мигрантов, Джиргатальского района, взять на постоянный контроль ход выполнения данного постановления и каждое полугодие представлять информацию о проделанной работе в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 28 июля 2009 года № 430
г. Душанбе