Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаҳои 3, 5, 7, 13 ва 21 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз замимаҳои 3, 5 ва 7 калимаҳои "Шӯъбаи асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ" хориҷ карда шаванд;
- аз замимаи 13 калимаҳои "Бахши асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ" хориҷ карда шаванд;
- замимаи 21 дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).
2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида гузаронидани маблағгузории хонаҳои ақди никоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2012 № 72
ш. Душанбе
Ниг. ба Замима