Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.11.2012 № 655)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми танзим, назорат ва ҳамоҳангсозии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад().
3) Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2011 № 643
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Концепции формирования электронного правительства в Республике Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 15.11.2012г.№655)
Согласно статьи 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Концепцию формирования электронного правительства в Республике Таджикистан (прилагается).
2) Определить Информационно-технический центр Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан органом регулирования,контроля и координации Концепции формирования электронного правительства в Республике Таджикистан
3) Министерствам и ведомствам, местным органам государственной власти принять необходимые меры по реализации указанной Концепции.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 декабря 2011 года № 643
г. Душанбе