Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ, маъюбшавӣ ва фавт аз бемориҳои узвҳои ҳозима, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда таъмин намоянд.
3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро таъмин намояд;
б) дар бораи натиҷаҳои татбиқи Барнома ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2011 № 639
ш. Душанбе