Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 06.07.2012 № 354)
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои қарор мекунад:
1) Дар Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ҳоҷагии манзилию коммуналӣ", ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, № 357 тасдиқ шудааст, тағйироти зайл ворид карда шавад:.
- сархати шашуми банди 18 хориҷ карда шавад;
- аз сархати нӯҳуми банди 19 калимаҳои "инвентаризатсияи техникӣ" хориҷ карда шаванд;
- аз Сохтори Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" банди 9 "Шӯъбаи инвентаризатсияи техникӣ" хориҷ карда шавад.
2) Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
а) дар сархати шашуми банди 5 калимаҳои "шартномаҳои гарав" ба "ӯҳдадориҳои гарави" иваз карда шаванд;
б) дар зербанди 4) банди 6:
- аз сархати чорум калимаҳои "шартномаҳои гарави амволи ғайриманқулро аз қайди давлатӣ мегузаронад ва" хориҷ карда шаванд;
- сархати панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравиро вобаста ба амволи манқул пеш мебарад";
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"тартиби бақайдгирии гарави амволи манқул ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравиро вобаста ба амволи манқул тасдиқ мекунад".
3) Қарори мазкур аз 31 декабри соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад ().
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 декабри соли 2011 № 626
ш. Душанбе

3) Қарори мазкур аз 1 июли соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.