Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 № 603 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ"

Санаи амалкуни: 02.07.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷети давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд, барои харидории роҳхатҳо ва нигоҳдории муассисаҳои санаторию курортӣ чораҳои зарурӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

3) Қарори мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2011 № 603

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил обеспечения инвалидов санаторно-курортным лечением

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448)

В соответствии со статьёй 16 Закона Республики Таджикистан "О социальной защите инвалидов" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Правила обеспечения инвалидов санаторно-курортным лечением (прилагаются).

2) Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан принять необходимые меры в пределах средств, ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете для приобретения путёвок и сохранности санаторно-курортных учреждений (в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448).

3) Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2012 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 3 декабря 2011 года №603

г. Душанбе