×

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013 аз 3 декабри соли 2011 № 598

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011, № 598

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013 (минбаъд-Барнома) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 апрели соли 2011, Нақшаи миллии татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 № 391 тасдиқ шудааст, Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015, ки бо қарори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 501 тасдиқ шудааст, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 № 277 тасдиқ шудааст ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007 № 704 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Барнома хусусияти иҷтимоӣ дошта, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои баъди бӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ нақши муҳим дорад ва амалӣ гаштани он дар дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, татбиқи босамари Барномаи мазкур барои коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар заминаи асосӣ мебошад.

Барнома чорабиниҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, амалисозии чорабиниҳои мутобиқнамоии захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат, мусоидат ба худиштиғоли шаҳрвандон, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва дастгирии шахсони бозори меҳнат осебпазирро дар бар мегирад.

Барнома бо замимаҳо дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ таҳия гардида, аз рӯи ҷамъбасти барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолии маҳаллӣ, ки аз ҷониби маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасдиқ гардидаанд, омода карда шудааст.

1. Вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

1) Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2011 2152,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 2098,1 ҳазор нафар (97,5 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 54,4 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 19,7 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Шумораи аҳолии машғули кор бошад, аз 2073,0 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2010 то 2087,3 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2011 афзудааст, ки сатҳи афзоиш дар давраи баррасишаванда 0,7 фоизро ташкил медиҳад.

2) Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳамаи шакли моликият дар моҳи июни соли 2011 1034,3 ҳазор нафар ё 49,3 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 0,3 фоиз ва нисбат ба моҳи майи соли2011 0,5 фоиз зиёд шудааст.

3) Дар бахши воқеии иқтисоди кишвар шумораи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 1,2 фоиз кам шуда, 621,8 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ бошад, шумораи кормандони кироя дар баррасишаванда 2,8 фоиз афзуда, 412,5 ҳазор нафарро ташкил дод. Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2011 60,1 фоизи кироякорон дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ ва 39,9 фоиз дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шуданд.

4) Тавре маълум аст, дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандони расмӣ қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта низ истифода бурда мешавад.

5) Дар моҳи июни соли 2011 дар ин шароит 30,8 ҳазор нафар шаҳрвандон машғули кор буданд, ки ин нишондиҳанда ба 3,0 фоизи шумораи ҷойҳои ишғолшудаи корӣ рост меояд.

6) Шумораи кормандони дар шароити дуҷоякорӣ ва бо қарордоди хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта коркунанда дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ 7048 нафар ва дар бахши хизматрасонӣ 23970 нафарро ташкил намуд.

7) Дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳоли охири моҳи июни соли 2011 73,1 ҳазор нафар корҷӯён бо назардошти корҷӯёни соли 2010 мавҷуд буд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузаШта 13,1 фоиз зиёд мебошад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2011 бошад, ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 36,8 ҳазор нафар корҷӯён барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2010 17,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз муроҷиаткардаҳо ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 17,1 ҳазор нафарро (47,5 фоиз) занҳо ва 17,9 ҳазор нафарро (48,5 фоиз) шаҳрвандони синни 15-29 сола ташкил медиҳанд, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул нестанд. Шумораи шаҳрвандоне, ки бори аввал барои пайдо кардани ҷойи кор ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ муроҷират намудаанд 21,9 ҳазор нафар (59,5 фоиз) ва шахсоне, ки умуман касбу ихтисос надоранд 18,0 ҳазор нафар ё 48,8 фоизро аз корҷӯён ташкил медиҳанд.

8) Ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар охири моҳи июни соли 2011 аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 12,9 ҳазор ҷойҳои кории холӣ пешниҳод шуд, ки аз ин теъдод 4,8 ҳазор ҷойҳои корӣ (37,6 фоиз аз шумораи умумии ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда) ба касбҳои коргарӣ рост меояд. Талабот ба ҳар як ҷойи кори холии пешниҳодшуда 5,7 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 6,3 фоиз афзудааст.

Дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ то охири моҳи июни соли 2011 54,4 ҳазор нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 28,6 ҳазор нафар занон (52,6 фоиз) ва 35,7 ҳазор нафар (65,7 фоиз) шаҳрвандони синни 15-29 сола мебошанд.

9) Сатҳи бекории расман бақайдгирифташуда 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил намуд. Ҳиссаи бештари бекорони расман ба қайд гирифташуда 49,2 ҳазор нафар ё 90,5 фоизро шахсоне ташкил медиҳанд, ки тайёрии касбӣ надоранд ва муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи кор мебошанд. Илова ба ин 33,4 ҳазор нафар ё 65,7 фоизи шаҳрвандони расман мақоми бекорӣ гирифта, маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи нопурра доранд. Мусаллам аст, ки ин омилҳо боиси пеш омадани мушкилиҳо дар бо кор таъмин шудани ин қабил шаҳрвандон мегардад.

10) Қайд кардан зарур аст, ки падидаи номатлуби дигар дар муносибатҳои меҳнатӣ - бекории пинҳонӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти омори расмӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2011 бо ташаббуси роҳбарияти ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандон ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд, ки аз ин шумора 6,1 ҳазор нафар (96,4 фоиз) бе ҳифзи музди кор мондаанд. Инчунин, дар реҷаи ҳафтаи нопурраи корӣ ва рӯзи кории нопурра 1,8 ҳазор нафар кор кардаанд, ки бо назардошти бекории пинҳонӣ, сатҳи расмии бекорӣ 2,9 фоизро аз аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ташкил медиҳад.

11) Воқеияти соҳа, ин вуҷуд доштани бозори меҳнати "сеҷузъа" мебошад, ки аслан онро бо ҳиссаҳои баробар шуғли расмӣ, шуғли ғайрирасмӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аксаран дар ҷойи бо кор таъминшавӣ ба қайд гирифта намешавад, ташаккул медиҳанд. Бинобар ин, мушкилоти ҳифзи иҷтимоии шахсони ба муносибатҳои меҳнатӣ дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт воридшаванда ва муҳоҷирони меҳнати ба миён меояд.1 Бозори меҳнати "сеҷузъа" ба сатҳи шуғл таъсири зиёд мерасонад, ки он дар тӯли панҷ сол қариб 4 фоиз паст шудааст. Сатҳи фарқкунандаи шуғл дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Асоси фарқиятҳои мазкур дар сатҳи шуғл рушди заиф ва нобаробари соҳаҳои иқтисод мебошад. Бинобар ин, амалӣ намудани тадбирҳои ҷиддӣ зарур мебошад, то ки вазъи бамиёномада тағйир дода шуда, сатҳи шуғл тадриҷан баланд бардошта шавад.

2. Пешгӯии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар солҳои 2012-2013

12) Мувофиқи натиҷаҳои муқаддамотии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7565,0 ҳазор нафарро ташкил намуд.

13) Дар солҳои 2012-2013 афзоиши шумораи аҳолӣ қар сол тибқи пешгӯиҳо 2,0-2,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ба ташаккули бозори меҳнат таъсири бевосита дорад. Мувофиқи пешгӯиҳо шумораи аҳолӣ дар соли 2013 нисбат ба соли 2011-ум ба 379,8 ҳазор нафар меафзояд ва дар ин ҳолат шумораи захираҳои меҳнатӣ 262,0 ҳазор нафар, аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 135,7 ҳазор нафар, ё 5,7 фоиз меафзояд.

14) Дар солҳои 2012-2013 ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олӣ 52,3 ҳазор нафар, мактабҳои миёнаи касбӣ 20,5 ҳазор нафар, мактабҳои ибтидоии касбӣ 22,2 ҳазор нафар, мактабҳои миёнаи умумӣ 220,6 ҳазор нафар, хатмкунандагони мактабҳои миёнаи асосӣ 176,0 ҳазор нафар, хизматчиёни ҳарбии аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон озодшуда 22,0 ҳазор нафар, кормандони аз корхонаҳо ихтисоргардида 11,9 ҳазор нафар, шахсони аз маҳбас озодшуда 2,2 ҳазор нафар ворид мегарданд. Теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол дар ин давра 4851,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора ба 49,5 фоизи захираҳои меҳнатӣ рост меояд.

15) Солҳои 2012-2013 мувофиқи Барномаи мазкур 289,1 ҳазор нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд. Тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 110,0 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 67,6 ҳазор нафар дар корхонаю ташкилотҳо бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла 10,1 ҳазор нафар тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, 27,2 ҳазор нафар ба тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ, 9,0 ҳазор нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба 6,1 ҳазор нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкории инфиродӣ ва ба 10,6 ҳазор нафар кӯмакпулиҳо барои бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад.

16) Пешбинӣ мешавад, ки тайи солҳои 2012-2013 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тибқи ин Барнома ба 347,9 ҳазор нафар шаҳрвандон хизматҳои гуногуни мусоидат ба шуғл расонида мешавад. Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат дар замимаи 1 оварда шудааст.

______________________________________

1.Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Точикистон барои давраи то соли 2015

3. Вазифаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар солҳои 2012-2013

17) Барномаи мазкур ба ҳайси ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20102012 ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо аз қабили татбиқи сиёсати фаъол дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ амалӣ мегардад.

18) Дар ҳамин радиф, мувофиқи Барномаи мазкур тайи солҳои 2012-2013 чунин вазифаҳои асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ муқаррар мегарданд:

- таҳия ва роҳандозӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ дар раванди мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тавассути амалӣ намудани тадбирҳои ҷадид дар танзими масъалаҳои бозори меҳнат;

- аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ мусоидат намудан ба корҷӯен барои бо кор таъмин шудан дар сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ ва дигар иншооту корхонаҳои бунёдшаванда;

- мусоидат намудан ба таъсис додани ҷойҳои нави кори мувофиқ, тавассути ҳавасмандгардонии корфармоён;

- баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ;

- васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таълими касбии системаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муосири таълими касбӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар;

- роҳбарии методӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълими касбии хусусӣ ҷиҳати ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

- таъмини ҳамоҳангсозии татбиқи чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2012.

19) Ҳамзамон бо ин, тайи солҳои 2012-2013 афзалиятҳои зерини сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинӣ мешаванд:

- такмил додани қонунгузории ҷорӣ доир ба масъалаҳои танзими бозори меҳнат;

- таҳия ва татбиқ намудани Барномаи давлатӣ оид ба паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил додани системаи мавҷудаи иттилооти электронӣ ва тадриҷан таъсис додани шабакаи ягонаи иттилооти электронӣ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ; - таъсис додани сомонаи махсуси иттилоотӣ доир ба ҷойҳои кории холӣ;

- амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати роҳандозии мунтазами Пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

- баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкориҳои тарафайн бо корфармоён;

- тадриҷан таъмин намудани иҷрои Нақшаи татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020.

4. Чорабиниҳои асосии таъмини шуғли аҳолӣ

§1. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

20) Дар солҳои 2012-2013 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 246,3 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Аз ҷумла: - дар корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ - 22,1 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши коллективӣ

- 28,5 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои шаклхои гуногуни моликият - 43,5 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши хусусӣ 152,2 ҳазор ҷой;

21) Дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаҳои саноат 25,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, сохтмон 46,0 ҳазор, кишоварзӣ 43,3 ҳазор, нақлиёт ва алоқа 7,9 ҳазор, савдо, хӯроки умумӣ ва таъминоти моддию техникӣ 76,2 ҳазор, дигар соҳаҳо 31,5 ҳазор ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 16,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

22) Таъсиси ҷойҳои нави корӣ давоми солҳои 2012-2013 дар миқёси минтақаҳо ба таври зайл пешбинӣ мегардад: - вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 13,4 ҳазор ҷой; - вилояти Хатлон - 78,0 ҳазор ҷой; - вилояти Суғд -71,3 ҳазор ҷой; - шаҳри Душанбе - 41,7 ҳазорҷой; - шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 41,9 ҳазор ҷой.

23) Сохтори ташкилию соҳавӣ ва сохтори ташкилию минтақавии таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар замимаҳои 2 ва 3 оварда шудаанд.

§2. Миёнаравӣ дар бозори меҳнат

24) Яке аз самтҳои муҳимтарин ва асосии фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ миёнаравӣ дар бозори меҳнат мебошад, ки ба талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ асос меёбад. Фаъолияти босамари мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар ин самт ба тавозуни ин ду қисми таркибии бозори

меҳнат қаробати зич дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли тавозун бештар ба пешниҳоди қувваи корӣ рост меояд. Ба таври дигар, дар Тоҷикистон пешниҳоди қувваи корӣ нисбати талабот ба он якчанд маротиб зиёд аст, зеро ҷумҳурии мо дорои захираҳои рӯзафзунӣ меҳнатӣ мебошад.

25) Дар вазъи кунунии иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ имконияти пурра ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат вуҷуд надорад ва барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозори меҳнат масъалаи истифодаи оқилонаи имкониятхои мавҷуда, алалхусус ҷойҳои кори холии аз ҷониби корфармоён ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ пешниҳодшаванда ба мадди аввал мебарояд. Ин масъала дар навбати худ ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан сӯдмандро миёни мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва корфармоён тақозо менамояд.

26) Бо назардошти он, ки дар айни замон чунин ҳамкориҳо миёни мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва корфармоён ба беҳбудӣ эҳтиёҷ дорад, дар доираи амали Барномаи мазкур тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- таҳия ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳавасмандгардонии корфармоён дар таъсиси теъдоди ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ ва пешниҳоди пурраи ҷойҳои кори холии мавҷуда ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

- такмил додани механизми баҳисобгирии ҷойҳои нави корӣ ва ҷойҳои кории холӣ;

- такмил додани махзани маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ ва таъмини дастрасии мукаммали корҷӯён ба ин маълумот; - васеъ ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди масъалаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар байни бекорон ва корҷӯён;

- тақвият бахшидани таҷрибаи ташкили ярмаркаҳои соҳавии ҷойҳои кории холӣ.

27) Дар доираи Барнома пешбинӣ мешавад, ки давоми солҳои 2012-2013 аз ҷониби корфармоён новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мутаносибан 26053 ва 26636 ҷойҳои кории холӣ (вакансия) пешниҳод мешавад ва тавассути роҳхатҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ давоми ин солҳо 52,7 ҳазор шаҳрвандони бекор ба шуғл ҷалб карда мешаванд.

§3. Мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат рақобатнопазир

28) Бо пешрафти ҷомеа ва ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави иқтисодӣ ва дар ин замина ворид гардидани технологияҳои муосир дар истеҳсолот талаботи рӯзафзунро ба сатҳи тахассуси касбии корҷӯён ва шаҳрвандони бекор пеш мегузорад. Дар ин шароит масъалаи дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат рақобатнопазир дар масъалаи таъмини онҳо бо ҷойи кор аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.

29) Ба ин гурӯҳ асосан волидайни танҳо ва серфарзанд, ки дар тарбияашон фарзандони маъюб доранд, шахсони аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ ва табобати маҷбурӣ озодшуда, маъюбон, шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ аз хизмати ҳарби озод шудаанд, дохил мешаванд ва барои бо кор таъмин намудани онҳо дар доираи Барномаи мазкур имтиёзҳои зерин пешбинӣ мегардад:

- банд намудани ҷойҳои махсуси корӣ (квотаҳо);

- сафарбаркунӣ ба курсҳои кӯтоҳмӯҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- мусоидат дар ташкили фаъолияти инфиродӣ тавассути таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ бо роҳи ҷудо намудани қарзхои хурди имтиёзнок;хизматрасонии тавонбахшӣ тавассути роҳнамоии касбӣ.

30) Дар баробари ин тадбирҳо, таъсис додани ҷойҳои кории субсидияшуда барои ин табақаи аҳолӣ дар фаъолияти минбаъда тадриҷан амалӣ мешавад.

31) Дар амал татбиқ намудани имтиёзҳои пешбинигардида имконият фароҳам меорад, ки давоми амали Барнома дар маҷмӯъ 4,9 ҳазор нафар шаҳрвандонӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

§4. Мусоидат ба шуғли ҷавонон

32) Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 №372 "Дар бораи тасдиқи Барномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2010-2012" барои бо шӯғл таъмин намудани ҷавонон тайи солҳои 2012-2013 тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини ҷавонон бо ҷойи кор аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (28,8 ҳазор нафар);

- расонидани хизмати роҳнамоии касбӣ ва маслиҳатию машваратӣ (7,7 ҳазор нафар);

- сафарбар намудани ҷавонон ба курсҳои кӯтоҳмӯҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар (18,5 ҳазор нафар);

- ҷалби ҷавонон дар иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок (5,7 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо (2,4 ҳазор нафар);

- роҳандозӣ намудани тадбирҳо дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон доир ба масъалаҳои бозори меҳнат.

33) Давоми солҳои 2012-2013 тавассути татбиқи ин тадбирҳо 63,1 ҳазор нафар ҷавонон ба намудҳои гуногуни шӯғл фаро гирифта мешаванд.

§5. Мусоидат ба шуғли занон

34) Мусаллам аст, ки истиқлолияти иқтисодии занон яке аз шартҳо ва нишонаҳои асосии баробарҳуқуқии занон бо мардон мебошад. Дар ҳамин радиф фаъолияти занон дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар омили асосӣ дар истиқлолияти иқтисодии занон ба шумор рафта, тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат ҷихати расидан ба ин ҳадаф пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

35) Ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 № 391 "Дар бораи Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010" далели ин гуфтаҳо мебошад.

36) Аз ин лиҳоз, дар пайравӣ ва дастгирии сиёсати давлат оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Точикистон дар доираи Барнома барои ба шӯғл ҷалб намудани занон тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини занон бо ҷои кори доимӣ аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (29,8 ҳазор нафар);

- гузаронидани корҳои машваратию маслиҳатӣ оид ба роҳнамоии касбӣ (6,0 ҳазор нафар);

- фарогирӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат (13,7 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва худиштиғолӣ (3,9 ҳазор нафар);

- ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятии музднок (6,2 ҳазор нафар);

- бокортаъминкунии занону духтароне, ки қурбони хушунат ва зӯроварӣ гардидаанд;

- ба роҳ мондани фаъолияти иттилоотӣ ва тарбияи ҳуқуқии занон; - ҷалби қувваи кории занон ба шаклҳои гуногуни корҳои хонагӣ.

37) Ҳамагӣ мувофиқи Барнома тайи солҳои 2012-2013 59,6 ҳазор нафар занон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда мешаванд.

38) Нишондиҳандаҳои Барнома дар самти бо кор таъмин намудани бекорон, аз ҷумла шахсони дар бозори меҳнат осебпазир дар замимаҳои 4 ва 5 оварда шудаанд.

§6. Мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат

39) Дар шароити рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни иқтисод, ворид ва мавриди истифода қарор гирифтани технологияҳои муосир дар истеҳсолот масъалаи мутобиқшавии қувваҳои корӣ ба ин шароит аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад, ки бевосита ба раванди таълими касбӣ алоқаманд мебошад. Аз ин хотир, бо мақсади таъмини рушди босамари қувваҳои корӣ ва мутобиқшавии онҳо ба талаботи муосири бозори меҳнат ва бо назардошти Консепсияи таълим дар давоми ҳаёт дар Барнома тадбирҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:

- таъмини иҷрои Барномаи рушди таълими калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015;

- ба роҳ мондани раванди таълими касбӣ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат дар заминаи муайян намудани талаботи воқеӣ ба қувваи корӣ;

- таҳия, тасдиқ ва мавриди омӯзиш қарор додани барномаҳои муосири таълими касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат; - таъмини рушди устувори технологияи модулии таълими калонсолон; -ташкили раванди шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

- мустаҳкам ва васеъ намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълими касбӣ тавассути ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

- таъмини иҷрои Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015;

40) Давоми солҳои 2012-2013 дар натиҷаи татбиқи Барнома 27,2 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ фаро гирифта мешаванд. Дар баробари ин малакаҳои касбии наздик 5,0 ҳазор нафар шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд.

§7. Хизматрасонии машваратӣ ва дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор дар рушди соҳибкории хурду миёна

41) Дар шароити рақобати шадид дар бозори меҳнат ва бо назардошти имкониятҳои маҳдуди иқтисодиёт таъсис додани ҷойҳои кории иловагӣ тавассути пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок, яъне ташаккули худиштиғолӣ аҳамияти муҳим дошта, тайи солҳои охир ин раванд бемайлон ривоҷ дорад.

42) Бо мақсади дастгирии минбаъдаи ин раванд дар Барномаи мазкур амалӣ намудани тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- расонидани хизматҳои машваратӣ дар ташкил намудани фаъолияти соҳибкорӣ;

- дастгирии молиявии ҳама гуна ташаббусҳои асосноки шаҳрвандони бекор дар рушди соҳибкории хурду миёна;

- мунтазам гузаронидани мониторинги истифодаи мақсадноки кӯмакҳои молиявӣ барои соҳибкорӣ;

- дастгирии афзалиятноки шаҳрвандони бекор аз ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати ташкили соҳибкорӣ;

- ташкили раванди таълим оид ба омӯзиши "Асосҳои соҳибкорӣ" дар муассисаҳои таълими касбии системаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ.

43) Давоми солҳои 2012-2013 тавассути татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда 6,1 ҳазор нафар шаҳрвандон ба соҳибкорӣ ҷалб карда мешаванд.

§8. Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок

44) Барои бо ҷойҳои кори муваққатӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва корҷӯй нақши ташкили корҳои ҷамъиятӣ хеле назаррас мебошад. Ташкили корҳои ҷамъиятӣ яке аз самтҳои фаъоли бокортаъминкунии шаҳрвандон буда, дар фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ васеъ

истифода мешавад. Дар баробари ин, ташкил намудани корҳои ҷамъияти усули зудтаъсир дар коҳиш додани шиддатнокӣ дар бозори меҳнат буда, дар ташкили ин чорабиниҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён низ масъул мебошанд. Бо дарназардошти муҳим будани нақши ин чорабиниҳо дар коҳиш додани шиддат дар бозори меҳнат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 №121 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ" иҷрои 53 номгӯи корҳои ҷамъиятӣ тасдиқ карда шудааст.

45) Аз ин хотир, бо мақсади идома додани сиёсати фаъол дар танзими масъалаи бокортаъминкунии шаҳрвадони бекор ва корҷӯй дар доираи Барнома тайи солҳои 2012-2013 ҷалб намудани 9,0 ҳазор шаҳрвандон ба иҷрои ин корхо пешбинӣ шудааст.

§9. Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ

46) Дар ҷараёни татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷихати дастгирии молиявии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо дар давраи бекорӣ амалӣ мегардад. Пардохти кӯмакпулиҳо дар давраи бекорӣ чорабинии ғайрифаъоли барномаҳои мусоидат ба шуғл буда, танҳо моҳияти иҷтимоӣ дорад. Бинобар ин, бо мақсади таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии аҳолӣ дар доираи Барнома ба 10,6 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор таъин ва пардохт намудани чунин кӯмакпулиҳо пешбинӣ мегардад.

47) Илова ба ин, дар Барнома тадбирҳо оид ба пардохти маблағҳои иловагӣ дар асоси қарори Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳар як нафар аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекор ва расонидани ёрии моддӣ барои дафни шаҳрвандони расман мақоми бекорӣ дошта, ки кӯмакпулӣ мегирифтанд, низ ба назар гирифта шудааст.

§10. Такмили фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ

48) Давоми солҳои охир босуръат идома ёфтани ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ташаккулёбии муносибатҳои нави иқтисодӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар заминаи сиёсати геополитикӣ ба бозори меҳнат низ таъсири бевосита расонид. Дар ин марҳила, танзими масъалаҳои бозори меҳнат хеле ҳассос гардида, роҳандозии сиёсати босамарро дар низоми муносибатҳои меҳнатӣ, ташаккули бозори меҳнатӣ рақобатпазир тақозо менамояд, ки бевосита ба имкониятҳои ташкилию захираҳои меҳнатии ҳар як кишвар алоқаи зич дорад.

49) Дар робита ба ин, дар доираи барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои зерин аҳамияти махсус дода мешавад:

- амалӣ намудани тадбирҳо ҷихати ҳифз намудани бозори меҳнати Тоҷикистон аз қувваи кории хориҷӣ;

- пайваста такмил додани сиёсати давлатӣ дар самти муносибатҳои мехнатӣ;

- таҷдиди сохтори мавҷудаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо;

- ташаккул ва такмил додани системаи ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат;

- баланд бардоштани иқтидори молиявӣ ва техникии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина афзун намудани шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолии бекор;

- ҷорӣ намудани таҷрибаи мунтазам гузаронидани тадқиқотҳо оид ба нишондиҳандаҳои бозори меҳнат;

- омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар самти танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ барои рушди имкониятҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ.

5. Натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2012-2013

50) Пешбинӣ мегардад, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2012-2013:

- дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби манбаъҳои гуногун 246,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда мешаванд;

- дар ҷойҳои кории холии ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ пешниҳодгашта 52,7 ҳазор нафар корҷӯён бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) 4,9 ҳазор нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд;

- зиёда аз 27,2 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корчӯӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи касбҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат фаро гирифта мешаванд;

- 10,6 ҳазор бекорон кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегиранд;

- малакаҳои касбии наздик 5,0 ҳазор шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд;

- 9,0 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар мешаванд;

- ба 6,1 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок барои ташкили корҳои фардӣ пешниҳод мегардад; - 840 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад;

- ба 43,2 ҳазор нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шуғл хизматҳои маслиҳатӣ ва машваратӣ расонида мешавад;

- дар сатҳи ҷумҳурӣ ду маротиба пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ гузаронида мешавад;

- мониторинги ҷараёни татбиқ ва натиҷаи чорабиниҳои Барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ гузаронида мешавад;

- системаи ҷамъовари ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат ташаккул меёбад;

- таҷдиди сохтори маҳаллии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ гузаронида мешавад.

51) Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барнома сатҳи шуғлнокии аҳолӣ нисбат ба соли 2011 ба андозаи 0,9 фоиз зиёд мегардад. Барнома имконият медиҳад, ки дар ин муддат 289,1 ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 110,0 ҳазор нафар бевосита тавассути мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ҷалб карда шаванд.

6. Татбиқи Барнома ва назорати иҷрои он

52) Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби бахши суғуртаи иҷтимоии буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ амалӣ мегардад.

53) Ҳаҷми умумии буҷети Барнома 25282,0 ҳазор сомониро ташкил дода, интизор меравад, ки аз он:

- 24000,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши суғуртаи иҷтимоии буҷети ҷумҳуриявӣ (замимаи 8);

- 1282,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва самоягузории ватанию хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

54) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйирёбии ғайримунтазираи вазъи бозори меҳнат маблағҳои пешбинишударо аз рӯи самтҳо ва чорабиниҳои Барнома қисман аз нав тақсим менамояд’.

55) Дар буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои татбиқи чорабиниҳои Барнома маблағҳо пешбинӣ карда мешаванд.

56) Масъулини таъмини иҷрои Барнома вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки ҷараёни иҷрои онро ҳар нимсола дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъбаст ва пешниҳоди минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол менамоянд.

57) Назорати иҷрои Барномаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо анҷом медиҳанд.

Ниг. ба Замимаҳои 1-8

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Государственной программы содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2012-2013 годы

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О содействии занятости населения" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Государственную программу содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2012-2013 годы (прилагается).

2) Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить своевременное и полное выполнение мероприятий Государственной программы содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2012-2013 годы.

3) Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения рассматривать ход выполнения Государственной программы занятости населения Республики Таджикистан на период 2012-2013 годов и об итогах каждый квартал представлять информацию в Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

4) Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан о ходе реализации настоящей Государственной программы каждое полугодие представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 3 декабря 2011 года № 598

г. Душанбе