Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 № 537 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тартиби замимагардидаи ба иҷора супоридани амволи давлатӣ тасдиқ карда шавад.

2) Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 100 фоизро ташкил медиҳад, ҳар сол то 1 апрел рӯйхати воситаҳои асосии ба иҷора супоридашавандаро ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 515 "Дар бораи Тартиб ва шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2011 № 537

ш. Душанбе