Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 № 457 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 04.10.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос, омодагии пешазмактабии кӯдакон дар сатҳи зарурӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва спонсорҳо ҷудо карда мешаванд, амалӣ мегардад.

3) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил намудани Марказҳои инкишофи кӯдакон чораҳо андешанд.

4) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардонидани Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тадбирҳо андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 октябри соли 2011 № 457

 ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Государственной программы развития сферы дошкольного образования на 2012-2016 годы в Республике Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

В целях обеспечения детских дошкольных учреждений Республики Таджикистан высококвалифицированными кадрами, подготовки детей к школе на качественном уровне и повышения охвата детей дошкольным образованием, согласно статьи 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и в соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Государственную программу развития сферы дошкольного образования Республики Таджикистан на 2012-2016 годы (прилагается).

2) Реализация Программы развития сферы дошкольного образования на 2012-2016 годы в Республике Таджикистан осуществляется в рамках средств Государственного бюджета и специальных средств, а также за счет средств, выделяемых организациями, учреждениями негосударственными организациями и спонсорами.

3) Исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов принять меры для организации при общеобразовательных учреждениях Центров развития детей.

4) Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с другими министерствами, ведомствами и местными органами государственной власти принять меры по реализации Государственной программы развития сферы дошкольного образования в Республике Таджикистан на 2012-2016 годы (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 4 октября 2011 года № 457

г. Душанбе