Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 № 483 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқасозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 161 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқасозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ба танзим даровардани тартиби ташаккул ва мувофиқасозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқасозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ-сохташаванда тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (фармоишгарон) Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқасозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташавандаро мавриди амал қарор дода, иҷрои қатъии онро таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 октябри соли 2011 № 483

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 27 марта 2018 года, №161

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил формирования и согласования Перечня объектов, строящихся за счет средств государственного бюджета

В соответствии со статьей 13 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью регулирования порядка формирования и согласования Перечня объектов, строящихся за счет средств государственного бюджета, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Правила формирования и согласования Перечня объектов, строящихся за счет средств государственного бюджета (прилагаются).

2) Министерствам, ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти областей, городов и районов (заказчикам) применять на практике Правила формирования и согласования Перечня объектов, строящихся за счет средств государственного бюджета и обеспечить их строгое выполнение.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 4 октября 2011 года № 483

г. Душанбе