ОИННОМАИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКСУҒУРТА
1. Муқаррароти умумӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2022 № 460)
1) Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" (минбаъд - Тоҷиксуғурта) шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳамаи амалиёти суғуртавии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" пешбинигардидаро анҷом медиҳад.
2) Тоҷиксуғурта фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд ().
3) Шакли ташкилию ҳуқуқии Тоҷиксуғурта-Корхонаи воҳиди давлатӣ.
4) Муассиси Тоҷиксуғурта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
5) Тоҷиксуғурта аз рӯи ӯҳдадориҳои худ ба тамоми молу мулки худ масъулият дорад.
6) Тоҷиксуғурта тавозуни мустақили худро дошта, ба ҳисоби хоҷагидорӣ тааллуқ дорад ва ба истиснои маблағҳое, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамчун корхонаи худмаблағгузор амал мекунад.
7) Номи расмии Тоҷиксуғурта: бо забони давлатӣ - Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта";
бо забони русӣ - Государственное унитарное предприятие Тоҷиксуғурта;
бо забони англисӣ - Stale unitary enterprise of insurance of Tajikistan Tojiksugurta.
8) Номи мухтасари Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта":
бо забони давлатӣ - КВД "Тоҷиксуғурта";
бо забони русӣ - ГУП "Тоҷиксуғурта";
бо забони англисӣ - SUE "Tojiksughurta".
9) Тоҷиксуғурта шахси ҳуқуқӣ буда, суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳои бонкӣ, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, штамп, варақаҳои расмӣ, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) дорад.
10) Маҳали ҷойгиршавии Тоҷиксуғурта: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон, 21 ().
2. Мақсад ва намудҳои фаъолияти Тоҷиксуғурта
11) Мақсади асосии фаъолияти Тоҷиксуғурта анҷом додани шаклҳои суғуртаи ҳатмӣ, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, суғуртаи ихтиёрӣ, суғуртаи муштарак, инчунин азнавсуғуртакунӣ мебошад.
12) Тоҷиксуғурта фаъолияти суғуртавиро тибқи иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ анҷом медиҳад ().
13) хориҷ карда шуд ().
3. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои Тоҷиксуғурта
14) Вазифаҳои Тоҷиксуғурта
Барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар банди 12-и Оинномаи мазкур зикрёфта Тоҷиксуғурта бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- тарифҳои суғуртавиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод менамояд;
- бо ташкилотҳои азнавсуғуртакунии ватанӣ ва хориҷӣ амалиёти азнавсуғуртакуниро мегузаронад;
- бо ҳамроҳии ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ амалиёти суғуртаи муштаракро мегузаронад;
- бо ташкилотҳои брокерии суғуртавӣ ва актуарийҳои суғуртавӣ ҳамкорӣ мекунад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмӣ ва ҳатмии давлатиро мегузаронад;
- тартиби танзим ва ба роҳ мондани муомилоти суғуртавиро муқаррар менамояд;
- оид ба объектҳои суғурташуда тадбирҳои эҳтиётӣ андешида, захираи зарурии маблағро ташкил медиҳад;
- барои фаъолияти мӯътадил пас аз пардохти андозҳо захираю фондҳои зарурӣ ташкил менамояд;
Тоҷиксуғурта барои амалӣ гардонидани фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" фоидаи бадастомадаро бо мақсадҳои зайл истифода мебарад:
- харидани амволи ғайриманқул ва манқул, коғазҳои қимматнок ва маблағҳои саҳмияи ҷамъиятҳо ва корхонаҳои гуногун;
- намояндагӣ дар робитаҳои иқтисодии берунии кишвар вобаста ба масъалаҳои фаъолияти Тоҷиксуғурта ва баамалбарории муомилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодии берунӣ мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ;
- амалигардонии ҳар гуна фаъолияте, ки ба фаъолияти суғуртавӣ вобастагӣ дошта, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.
15) Тоҷиксуғурта ҳуқуқ дорад:
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар ҳама гуна доду гирифт ва дигар амалиёти ҳуқуқиро, ки барои иҷрои фаъолияти суғуртавӣ заруранду ба ҳамин Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, анҷом диҳад ();
- молу мулки наҷотдодашудаи боқимондаро баъди пардохт аз рӯи ҳодисаи суғуртавӣ қабул кунад ва фурӯшад, инчунин ба ҷои дар шакли маблағ пардохтани ҷуброни суғуртавӣ амволро барқарор намояд ва ё қисман, ё ки пурра иваз кунад;
- молу мулки суғурташавандаро аз назар гузаронида, нарх монад ва амволи пештар суғурташударо, дар ҳолатҳои зарурӣ аз нав нархгузорӣ намояд;
- барои рушди фаъолияти суғуртавӣ аз ҳисоби маблағҳои озод дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми дар кишвари хориҷӣ мавҷуд будани филиал, дар бонкҳои ин кишвар маблағҳоро ба пасандоз гузорад;
- аз маблағҳои фоидаи соф вобаста ба фаъолияти худ намоишгоҳҳо ташкил намояд;
- дар иттиҳодияву ассотсиатсияҳои байналмилалии суғуртавӣ иштирок намояд.
4. Филиалҳо ва намояндагиҳои Тоҷиксуғурта
16) Тоҷиксуғурта филиалу намояндагиҳояшро дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода, онҳоро бо молу мулк таъмин менамояд. Филиалу намояндагиҳои он дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Тоҷиксуғурта амал карда, аз номи Тоҷиксуғурта фаъолият мекунанд.
17) Филиалу намояндагиҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин филиалу намояндагиҳое, ки дар хориҷа амал мекунанд, сохтори ягонаи Тоҷиксуғуртаро ташкил дода, шахси ҳуқуқӣ намебошанд.
18) Филиалҳо ва намояндагиҳои дар хориҷа будаи Тоҷиксуғурта мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории давлате, ки филиал ва ё намояндагӣ дар он ҷо воқеъ мебошанд, фаъолият менамоянд.
19) Филиалҳо ва намояндагиҳо бо иҷозати Тоҷиксуғурта воситаҳои асосӣ ва гардон доранд, ки дорои тавозунҳои худи мебошанд ва ба таркиби ягонаи тавозуни Тоҷиксуғурта дохил мешаванд.
20) Филиалҳо ва намоядагиҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта дар доираи маблағҳое, ки ба фондҳои марказонидашуда гузаронида шудаанд ва Тоҷиксуғурта бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо дар доираи фонди умумии марказонидашуда масъул мебошанд.
5. Сармояи оинномавӣ, маблағҳо ва молу мулки Тоҷиксуғурта
21) Сармояи оинномавӣ 10000000 (даҳ миллион) сомониро ташкил медиҳад ().
22) Сармояи оинномавӣ ба мақсадҳои пешбининамудаи ҳамин Оиннома ва ҷиҳати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта дар назди суғурташавандагон дар ҳолати нокифоя будани маблағҳои ҷорӣ ва захираҳои суғуртавӣ истифода бурда мешавад.
23) Сармояи оинномавӣ аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо аз фоида, инчунин бо дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, зиёд ва ё кам карда мешавад.
24) Ташкил ва истифодаи захираҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
25) Натиҷаи асосии фаъолияти суғуртавии Тоҷиксуғурта даромад мебошад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобӣ карда мешавад.
26) Фоидае, ки Тоҷиксуғурта баъди пардохти андозҳо ба даст меорад, аз ҷониби он бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
6. Муносибати Тоҷиксуғурта бо Муассис ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ
27) Муассис дар ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта масъулият надорад, ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ тааллуқ дошта, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохта мешавад.
28) Тоҷиксуғурта аз рӯи ӯҳдадориҳои Муассис масъулият надорад.
29) Муассис барои ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта, ки дар натиҷаи иҷрои супориши ӯ ба вуҷуд омадааст, дар ҳаҷми чунин ӯҳдадориҳои бавуҷудомада масъулият дорад.
30) Муносибатҳои Тоҷиксуғурта ва Муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супоришҳои Муассис ба роҳ монда мешаванд.
31) Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои ваколатҳои Тоҷиксуғурта ва воҳидҳои сохтории он ҳуқуқи беасос дахолат карданро надорад.
7. Идоракунии Тоҷиксуғурта
32) Сохтори Тоҷиксуғурта аз Дастгоҳи марказӣ, филиалу намояндагиҳо дар вилояту минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад.
32(1)) Мақомоти Тоҷиксуғурта инҳоянд ():
- мақоми болоӣ - муассис;
- мақоми идоракунӣ - шӯрои нозирон;
- мақоми иҷроия - директори генералӣ.
32(2)) Шӯрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти Тоҷиксуғуртаро анҷом медиҳад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ба салоҳияти муассиси корхонаи давлатӣ ё мақоми ваколатдори он дохил мешаванд, ё ин ки ба зиммаи роҳбари корхона вогузор шудаанд.
32(3)) Ҳайат, мақом, салоҳият, ташкили фаъолият, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои шӯрои нозирон тибқи низомномаи шӯрои нозирон муайян карда мешаванд ().
33) Тоҷиксуғуртаро Директори генералӣ роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
34) Директори генералӣ дар назди Муассис оид ба фаъолияти Тоҷиксуғурта масъулияти шахсӣ дорад.
35) Директори генералӣ фаъолияти худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба Тоҷиксуғуртаро мустақилона дар доираи ваколатҳое, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян шудаанд, амалӣ менамояд ().
36) Директори генералӣ бе ваколатнома аз номи Тоҷиксуғурта амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳояш бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд ва дигар аҳду амалҳоро, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд, анҷом медиҳад.
37) Директори генералии Тоҷиксуғурта се муовин дорад (аз ҷумла муовини якум ва ду муовин), ки онҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
38) Дар мавриди набудани Директори генералӣ ҳуқуқу вазифаҳои ба зиммаи муовини якум гузошта мешаванд.
39) Директори генералӣ фаъолияти зайлро анҷом медиҳад:
- вазифаҳоро дар байни муовинони худ тақсим мекунад;
- иҷрои саривақтии қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои суғуртакунонии ҳатмии давлатӣ таъмин менамояд;
- амволу маблағҳои Тоҷиксуғуртаро бо дарназардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамин Оиннома идора менамояд:
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони худ барои иштирок намудан дар баррасии парвандаҳо дар судҳо ваколатномаҳо медиҳад;
- мувофиқи тартиби муқарраршуда кормандонро (аз ҷумла дар асоси шартнома) ба кор қабул мекунад ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбати корманд чораҳои ҳавасмандкунӣ ва муҷозоти интизомӣ меандешад, кормандонро бо мукофот сарфароз мегардонад ва танбеҳ медиҳад;
- фаъолияти филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар қисмҳои таркибии Тоҷиксуғуртаро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мекунад;
- ҳуҷҷатҳои меъёриеро, ки фаъолияти молиявию хоҷагии филиалҳо ва намояндагиҳоро оид ба фаъолияти суғуртавӣ танзим мекунанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- самтҳои асосии рушди фаъолияти автоматикунонӣ ва компютерӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ барои давраҳои минбаъда бастани шартномаҳо барои барномаҳои дахлдорро, муайян мекунад;
- ба тариқи мутамарказ филиалҳоро бо полисҳои суғуртавӣ, маводи таблиғотӣ, воситаҳои нақлиётӣ ва техника таъмин менамояд;
- роҳбарон ва сармуҳосибони филиалҳо ва намояндагиҳоеро, ки ба таркиби Тоҷиксуғурта дохил мешаванд, таъин ва озод мекунад;
- самтҳои асосии рушди фаъолияти Тоҷиксуғуртаро муайян менамояд;
- оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Тоҷиксуғурта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дастурамал, қоида, тартиб ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии фаъолияти Тоҷиксуғуртаро тасдиқ менамояд;
- дигар масъалаҳои Тоҷиксуғуртаро, ки дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд, пешниҳод менамояд.
8. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии Тоҷиксуғурта
40) Дар Тоҷиксуғурта баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ, фаврӣ ва оморӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Гардиши ҳуҷҷатҳоро дар Тоҷиксуғурта муҳосиботи марказӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо амалӣ менамоянд.
41) Масъулият барои назорати вазъи ҳисоботдиҳӣ, саривақт пешниҳод кардани ҳисоботҳои муҳосибӣ ва дигар ҳисобу китоб ба зиммаи Директори генералии Тоҷиксуғурта гузошта мешавад.
42) Тоҷиксуғурта пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро тибқи тартиби муйяннамудаи қонунгузории андоз амалӣ менамояд.
9. Санҷиши фаъолияти Тоҷиксуғурта
43) Санҷиши фаъолияти Тоҷиксуғурта бо мақсади назорати ҳифзи маблағу маводи қимматнок, риояи қоидаҳои ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои захиравӣ, истифодабарии мақсадноки пардохтҳои маблағҳои суғуртавӣ, воситаҳои асосӣ ва молу ашёи камарзиш, эҳтиётӣ ва дигар фондҳо гузаронида мешавад.
44) Барои пардохти ҷуброни зарар Тоҷиксуғурта фаъолияти сохторҳои зертобеашро мунтазам санҷиш менамояд.
45) Санҷиши фаъолияти молиявии Тоҷиксуғурта тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Тоҷиксуғурта
46) Тоҷиксуғурта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар мавридҳо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
47) Аз лаҳзаи таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ҳаман ваколатҳои он оид ба идораи Тоҷиксуғурта ба зиммаи комиссия мегузарад.
ОИННОМАИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКСУҒУРТА
1. Муқаррароти умумӣ
1) Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" (минбаъд - Тоҷиксуғурта) шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳамаи амалиёти суғуртавии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" пешбинигардидаро анҷом медиҳад.
2) Тоҷиксуғурта фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд.
3) Шакли ташкилию ҳуқуқии Тоҷиксуғурта-Корхонаи воҳиди давлатӣ.
4) Муассиси Тоҷиксуғурта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
5) Тоҷиксуғурта аз рӯи ӯҳдадориҳои худ ба тамоми молу мулки худ масъулият дорад.
6) Тоҷиксуғурта тавозуни мустақили худро дошта, ба ҳисоби хоҷагидорӣ тааллуқ дорад ва ба истиснои маблағҳое, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамчун корхонаи худмаблағгузор амал мекунад.
7) Номи расмии Тоҷиксуғурта: бо забони давлатӣ - Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта";
бо забони русӣ - Государственное унитарное предприятие Тоҷиксуғурта;
бо забони англисӣ - Stale unitary enterprise of insurance of Tajikistan Tojiksugurta.
8) Номи мухтасари Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта":
бо забони давлатӣ - КВД "Тоҷиксуғурта";
бо забони русӣ - ГУП "Тоҷиксуғурта";
бо забони англисӣ - SUE "Tojiksughurta".
9) Тоҷиксуғурта шахси ҳуқуқӣ буда, суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳои бонкӣ, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, штамп, варақаҳои расмӣ, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) дорад.
10) Маҳали ҷойгиршавии Тоҷиксуғурта: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Деҳлавӣ, 4 "а".
2. Мақсад ва намудҳои фаъолияти Тоҷиксуғурта
11) Мақсади асосии фаъолияти Тоҷиксуғурта анҷом додани шаклҳои суғуртаи ҳатмӣ, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, суғуртаи ихтиёрӣ, суғуртаи муштарак, инчунин азнавсуғуртакунӣ мебошад.
12) Фаъолияти Тоҷиксуғурта дар гурӯҳҳои зерин анҷом дода мешавад:
- суғуртаи ҳаёт;
- суғуртаи ҳангоми фарорасии ягон ҳодиса дар ҳаёт;
- суғуртаи аннуитетӣ;
- суғурта аз ҳодисаҳои нохуш;
- суғурта ҳангоми беморӣ;
- суғуртаи нақлиёти автомобилӣ;
- суғуртаи нақлиёти роҳи оҳан;
- суғуртаи нақлиёти ҳавоӣ;
- суғуртаи нақлиёти обӣ;
- суғуртаи борҳо;
- суғуртаи молу мулк аз зарар;
- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти автомобилӣ;
- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти ҳавоӣ;
- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти обӣ;
- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ;
- суғуртаи қарзҳо;
- суғуртаи ипотекӣ;
- суғуртаи кафолатҳо;
- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ;
- суғуртаи хароҷоти судӣ
13) Тоҷиксуғурта метавонад ба дигар намудҳои фаъолияти суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул шавад.
3. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои Тоҷиксуғурта
14) Вазифаҳои Тоҷиксуғурта
Барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар банди 12-и Оинномаи мазкур зикрёфта Тоҷиксуғурта бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- тарифҳои суғуртавиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод менамояд;
- бо ташкилотҳои азнавсуғуртакунии ватанӣ ва хориҷӣ амалиёти азнавсуғуртакуниро мегузаронад;
- бо ҳамроҳии ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ амалиёти суғуртаи муштаракро мегузаронад;
- бо ташкилотҳои брокерии суғуртавӣ ва актуарийҳои суғуртавӣ ҳамкорӣ мекунад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмӣ ва ҳатмии давлатиро мегузаронад;
- тартиби танзим ва ба роҳ мондани муомилоти суғуртавиро муқаррар менамояд;
- оид ба объектҳои суғурташуда тадбирҳои эҳтиётӣ андешида, захираи зарурии маблағро ташкил медиҳад;
- барои фаъолияти мӯътадил пас аз пардохти андозҳо захираю фондҳои зарурӣ ташкил менамояд;
Тоҷиксуғурта барои амалӣ гардонидани фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" фоидаи бадастомадаро бо мақсадҳои зайл истифода мебарад:
- харидани амволи ғайриманқул ва манқул, коғазҳои қимматнок ва маблағҳои саҳмияи ҷамъиятҳо ва корхонаҳои гуногун;
- намояндагӣ дар робитаҳои иқтисодии берунии кишвар вобаста ба масъалаҳои фаъолияти Тоҷиксуғурта ва баамалбарории муомилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодии берунӣ мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ;
- амалигардонии ҳар гуна фаъолияте, ки ба фаъолияти суғуртавӣ вобастагӣ дошта, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.
15) Тоҷиксуғурта ҳуқуқ дорад:
- дар қаламравт Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар ҳама гуна доду гирифт ва дигар амалиёти ҳуқуқиро, ки барои иҷрои фаъолияти суғуртавӣ заруранду ба ҳамин Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, анҷом диҳад;
- молу мулки наҷотдодашудаи боқимондаро баъди пардохт аз рӯи ҳодисаи суғуртавӣ қабул кунад ва фурӯшад, инчунин ба ҷои дар шакли маблағ пардохтани ҷуброни суғуртавӣ амволро барқарор намояд ва ё қисман, ё ки пурра иваз кунад;
- молу мулки суғурташавандаро аз назар гузаронида, нарх монад ва амволи пештар суғурташударо, дар ҳолатҳои зарурӣ аз нав нархгузорӣ намояд;
- барои рушди фаъолияти суғуртавӣ аз ҳисоби маблағҳои озод дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми дар кишвари хориҷӣ мавҷуд будани филиал, дар бонкҳои ин кишвар маблағҳоро ба пасандоз гузорад;
- аз маблағҳои фоидаи соф вобаста ба фаъолияти худ намоишгоҳҳо ташкил намояд;
- дар иттиҳодияву ассотсиатсияҳои байналмилалии суғуртавӣ иштирок намояд.
4. Филиалҳо ва намояндагиҳои Тоҷиксуғурта
16) Тоҷиксуғурта филиалу намояндагиҳояшро дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода, онҳоро бо молу мулк таъмин менамояд. Филиалу намояндагиҳои он дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Тоҷиксуғурта амал карда, аз номи Тоҷиксуғурта фаъолият мекунанд.
17) Филиалу намояндагиҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин филиалу намояндагиҳое, ки дар хориҷа амал мекунанд, сохтори ягонаи Тоҷиксуғуртаро ташкил дода, шахси ҳуқуқӣ намебошанд.
18) Филиалҳо ва намояндагиҳои дар хориҷа будаи Тоҷиксуғурта мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории давлате, ки филиал ва ё намояндагӣ дар он ҷо воқеъ мебошанд, фаъолият менамоянд.
19) Филиалҳо ва намояндагиҳо бо иҷозати Тоҷиксуғурта воситаҳои асосӣ ва гардон доранд, ки дорои тавозунҳои худи мебошанд ва ба таркиби ягонаи тавозуни Тоҷиксуғурта дохил мешаванд.
20) Филиалҳо ва намоядагиҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта дар доираи маблағҳое, ки ба фондҳои марказонидашуда гузаронида шудаанд ва Тоҷиксуғурта бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо дар доираи фонди умумии марказонидашуда масъул мебошанд.
5. Сармояи оинномавӣ, маблағҳо ва молу мулки Тоҷиксуғурта
21) Сармояи оинномавӣ 5200000 (панҷ миллиону дусад ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
22) Сармояи оинномавӣ ба мақсадҳои пешбининамудаи ҳамин Оиннома ва ҷиҳати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта дар назди суғурташавандагон дар ҳолати нокифоя будани маблағҳои ҷорӣ ва захираҳои суғуртавӣ истифода бурда мешавад.
23) Сармояи оинномавӣ аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо аз фоида, инчунин бо дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, зиёд ва ё кам карда мешавад.
24) Ташкил ва истифодаи захираҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
25) Натиҷаи асосии фаъолияти суғуртавии Тоҷиксуғурта даромад мебошад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобӣ карда мешавад.
26) Фоидае, ки Тоҷиксуғурта баъди пардохти андозҳо ба даст меорад, аз ҷониби он бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
6. Муносибати Тоҷиксуғурта бо Муассис ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ
27) Муассис дар ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта масъулият надорад, ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ тааллуқ дошта, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохта мешавад.
28) Тоҷиксуғурта аз рӯи ӯҳдадориҳои Муассис масъулият надорад.
29) Муассис барои ӯҳдадориҳои Тоҷиксуғурта, ки дар натиҷаи иҷрои супориши ӯ ба вуҷуд омадааст, дар ҳаҷми чунин ӯҳдадориҳои бавуҷудомада масъулият дорад.
30) Муносибатҳои Тоҷиксуғурта ва Муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супоришҳои Муассис ба роҳ монда мешаванд.
31) Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои ваколатҳои Тоҷиксуғурта ва воҳидҳои сохтории он ҳуқуқи беасос дахолат карданро надорад.
7. Идоракунии Тоҷиксуғурта
32) Сохтори Тоҷиксуғурта аз Дастгоҳи марказӣ, филиалу намояндагиҳо дар вилояту минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад.
33) Тоҷиксуғуртаро Директори генералӣ роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
34) Директори генералӣ дар назди Муассис оид ба фаъолияти Тоҷиксуғурта масъулияти шахсӣ дорад.
35) Директори генералӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ фаъолият мекунад ва ҳама масъалаҳои фаъолияти Тоҷиксуғуртаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" ва Оинномаи мазкур муайян мешаванд, мустақилона ҳал менамояд.