ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 429
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 429 "Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта"" тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 2) калима ва аломати "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- дар банди 10) калима ва рақами "А.Деҳлавӣ, 4 "а"" ба калима ва рақами "Теҳрон, 21" иваз карда шаванд;
- банди 12) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"12) Тоҷиксуғурта фаъолияти суғуртавиро тибқи иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ анҷом медиҳад.";
- банди 13) хориҷ карда шавад;
- дар сархати якуми банди 15) калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар банди 21) рақам ва калимаҳои "5200000 (панҷ миллиону дусад ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "10000000 (даҳ миллион)" иваз карда шаванд;
- бандҳои 32(1)), 32(2)) ва 32(3)) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"32(1)) Мақомоти Тоҷиксуғурта инҳоянд:
- мақоми болоӣ - муассис;
- мақоми идоракунӣ - шӯрои нозирон;
- мақоми иҷроия - директори генералӣ.
32(2)) Шӯрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти Тоҷиксуғуртаро анҷом медиҳад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ба салоҳияти муассиси корхонаи давлатӣ ё мақоми ваколатдори он дохил мешаванд, ё ин ки ба зиммаи роҳбари корхона вогузор шудаанд.
32(3)) Ҳайат, мақом, салоҳият, ташкили фаъолият, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои шӯрои нозирон тибқи низомномаи шӯрои нозирон муайян карда мешаванд.";
- банди 35) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"35) Директори генералӣ фаъолияти худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба Тоҷиксуғуртаро мустақилона дар доираи ваколатҳое, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян шудаанд, амалӣ менамояд.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 сентябри соли 2022, № 460
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2011 года, №429
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Устав Государственного унитарного предприятия "Точиксугурта", утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2011 года, №429 "О Государственном унитарном предприятии "Точиксугурта", следующие изменения и дополнения:
- в пункте 10) слова и цифру "А. Дехлави, 4 "а", заменить словами и цифрой "Техрон, 21";
- пункт 12) изложить в следующей редакции:
"12) Точиксугурта осуществляет страховую деятельность на основании лицензии органа страхового надзора.";
- пункт 13) исключить;
- в пункте 21) цифры и слова "5200000 (пять миллионов двести тысяч)" заменит цифрами и словами "10000000 (десять миллионов)"";
- дополнить пунктами 32(1)) 32(2)) и 32(3)) следующего содержания:
"32(1)) Органами Точиксугурта являются:
- вышестоящий орган - учредитель;
- орган управления - наблюдательный совет;
- исполнительный орган - генеральный директор.
32(2)) Наблюдательный совет осуществляет общее руководство деятельностью Точиксугурта, за исключением решения вопросов, входящих согласно Закону Республики Таджикистан "О государственных предприятиях" в компетенцию учредителя государственного предприятия или его уполномоченного органа, либо возложенных на руководителя предприятия.
32(3)) Состав, статус, компетенция, организация деятельности, порядок созыва, организации и проведения заседаний, права и обязанности членов наблюдательного совета определяются положением о наблюдательном совете.";
- пункт 35) изложить в следующей редакции;
"35) Генеральный директор самостоятельно осуществляет свою деятельность и решает все вопросы, касающиеся Точиксугурта, в соответствии с полномочиями, определёнными законами Республики Таджикистан "О государственных предприятиях", "О страховой деятельности", иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Уставом.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 22 сентября 2022 года, №460