ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РӯЗҲОИ ИД
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод.608; с. 2012, №7, мод.684, №12, қ.1, мод. 1011, мод.1012; с. 2014, №7, қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209, №7-9, мод.706; с. 2016, №5, мод.371, №7, мод.619, №11, мод.878; с. 2017, №1-2, мод.13, №5, қ.1, мод.294)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834, аз 28.12.2012 № 917, аз 28.12.2012 № 918, аз 26.07.2014 № 1104, аз 18.03.2015 № 1187, аз 8.08.2015 № 1218, аз 14.05.2016 № 1320, аз 23.07.2016 № 1341, аз 14.11.2016 № 1362, аз 24.02.2017 № 1390, аз 30.05.2017 № 1437, аз 2.01.2018 № 1480, аз 23.12.2021 № 1819, аз 18.03.2022 № 1862, аз 08.06.2022 № 1878, аз 24.12.2022 № 1935, № 1936, аз 22.06.2023 № 1973)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:
- Соли нав - 1 январ;
- Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 10 январ
- Рӯзи кормандони мақомоти гумрук - 22 январ ;
- Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 25 январ ();
- Иди Сада - 30 январ ;
- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;
- Рӯзи Модар - 8 март;
- Рӯзи матбуот - 11 март;
- Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура - 14 март ;
хориҷ карда шуд (;
- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 март ();
- Рӯзи фарҳанг - 20 март
- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;
- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;
хориҷ карда шуд ();
- Рӯзи кормандони мақомоти иҷро - 5 апрел ();
- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;
- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ - 18 апрел;
- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми моҳи апрел;
- Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;
- Рӯзи кормандони мақомоти адлия - 20 апрел ;
- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;
- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;
- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;
- Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ - 6 май ();
- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;
- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;
- Рӯзи Шашмақом - 12 май;
- Рӯзи байналмилалии оила - 15 май;
- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;
- Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология - 25 май
- Рӯзи адвокатқо - 26 май;
- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;
- Рӯзи кормандони соҳаи кимиё - якшанбеи охири моҳи май
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;
- Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар - 1 июн ();
- Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 июн ();
- Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн ;
- Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн ;
- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;
- Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия - 6 июл ;
- Рӯзи маъюбон - 8 июл;
- Рӯзи моҳипарварон - якшанбеи дуюми моҳи июл;
- Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ - якшанбеи сеюми моҳи июл
- Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ - 25 июл ;
- Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - 26 июл ;
- Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ - 30 июл
- Рӯзи варзишгарон - 10 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август ;
- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ -17 август;
- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи тиб -18 август;
- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон - якшанбеи сеюми моҳи август;
- Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт - якшанбеи охири моҳи август
- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;
- Рӯзи дониш - 1 сентябр;
- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;
- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;
- Рӯзи китоб - 4 сентябр;
- Рӯзи кормандони саноати нафту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;
- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;
- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;
- Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
- Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;
- Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26 сентябр
- Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ - якшанбеи охири моҳи сентябр
- Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ - 29 сентябр ;
- Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;
- Рӯзи пиронсолон - 1 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);
- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;
- Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480)
- Рӯзи Фалак - 10 октябр;
- хориҷ карда шуд
- Рӯзи соҳибкорон - 14 октябр ;
- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ - 15 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);
- Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);
- Рӯзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1819);
- Рӯзи кормандони мақомоти судӣ - 26 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);
- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябр ;
- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;
- Рӯзи кормандони милитсия - 10 ноябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);
- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр ;
- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;
- Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ - 1 декабр ;
- Рӯзи геологҳо - 9 декабр ();
- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;
- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр;
хориҷ карда шуд ();
- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;
- Рӯзи кормандони соҳаи энергетика - 22 декабр;
- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ- 28 декабр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);
- Иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад ;
- Иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад .
Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ
Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
- 1 январ - Соли нав;
- 8 март - Рӯзи Модар;
- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;
- хориҷ карда шуд ;
- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Рӯзи иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад ;
- Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад .
Моддаи 4. Афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ид
Дар рӯзҳои ид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Моддаи 5. Чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рӯзҳои ид
1. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
2. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ дар рӯзҳои ид бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешаванд.
Моддаи 5(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартаби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Моддаи 6. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи рӯзҳои ид" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод.237; с. 1998, №10, мод.125; №23-24, мод.338; с. 1999, №5, мод.76; №12, мод.308; с. 2002, №4, қ.1, мод.191; мод.194; мод.197; с. 2003, №4, мод. 132; №8, мод.449; №12, мод.678; с. 2004, №5, мод.350; №12, қ. 1, мод.697; с. 2005, №3, мод.131; №12, мод.658; с. 2008, №1, қ.2, мод.9; №3, мод. 188; №12, қ.1, мод.988; с. 2009, №5, мод.319; №7-8, мод.493; №11, мод.698; мод.699; с. 2010, №7, мод.544; мод.548) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 августи соли 2011 № 753
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 3 ноябри соли 1995, №99 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 238) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 22 июни соли 2011, № 481
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоыикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 июли соли 2011 № 201
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РӯЗҲОИ ИД
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684; №12, қ. 1, мод. 1011; мод. 1012)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:
- Соли нав - 1 январ;
- Рӯзи кормандони гумрук - 22 январ;
- Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 25 январ ();
- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;
- Рӯзи Модар - 8 март;
- Рӯзи матбуот - 11 март;
- Иди Сада - якшанбеи дуюми моҳи март;
- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;
- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;
- хориҷ карда шуд ();
- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;
- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ - 18 апрел;
- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми моҳи апрел;
- Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;
- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;
- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;
- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;
- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;
- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;
- Рӯзи Шашмақом - 12 май;
- Рӯзи байналмилалии оила - 15 май;
- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;
- Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология - 25 май
- Рӯзи адвокатқо - 26 май;
- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;
- Рӯзи кимёгарон - якшанбеи охири моҳи май;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;
- Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 июн ();
- Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн;
- Рӯзи кормандони саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн;
- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;
- Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия - 6 июл;
- Рӯзи маъюбон - 8 июл;
- Рӯзи моҳипарварон - якшанбеи дуюми моҳи июл;
- Рӯзи металлург - якшанбеи сеюми моҳи июл;
- Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ - 25 июл;
- Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ - 30 июл;
- Рӯзи варзишгарон -10 август;
- Рӯзи кормандони сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август;
- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ -17 август;
- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи тиб -18 август;
- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон - якшанбеи сеюми моҳи август;
- Рӯзи ангиштканон - якшанбеи охири моҳи август;
- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;
- Рӯзи дониш - 1 сентябр;
- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;
- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;
- Рӯзи китоб - 4 сентябр;
- Рӯзи кормандони саноати нафту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;
- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;
- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;
- Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
- Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;
- Рӯзи мошинсозҳо - якшанбеи охири моҳи сентябр;
- Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;
- Рӯзи кӯҳансолон - 1 октябр;
- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;
- Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;
- Рӯзи кишоварзӣ - 8 октябр;
- Рӯзи Фалак - 10 октябр;
- Рӯзи кормандони адлия ва суд - якшанбеи дуюми моҳи октябр;
- Рӯзи кинои тоҷик -16 октябр;
- Иди Меҳргон - якшанбеи сеюми моҳи октябр;
- Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябр;
- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;
- Рӯзи милитсия - 10 ноябр;
- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;
- Рӯзи геологҳо - 9 декабр ();
- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;
- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр;
- Рӯзи кормандони прокуратура -14 декабр;
- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;
- Рӯзи энергетика - 22 декабр;
- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ- 28 декабр;
- Иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
- Иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.
Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ
Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
- 1 январ - Соли нав;
- 8 март - Рӯзи Модар;
- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;
- 1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;
- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Рӯзи иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
- Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.