Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, № 1878 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РУЗҲОИ ИД"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2022, № 719

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2022, № 265

ҷонибдорӣ гардидааст

Моддаи 1.

Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод. 1011, 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1, мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1-3, мод. 13) сархатҳои даҳум ва сивудуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 март;";

"- Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар - 1 июн;".

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 8 июни соли 2022, № 1878

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРАЗДНИЧНЫХ ДНЯХ"

Принят постановлением

Маджлиси намояндагон МОРТ 

от 11 мая 2022 года №719

Одобрен постановлением

 Маджлиси милли МОРТ

от 30 мая 2022 года №265

Статья 1. Статью 2 Закона Республики Таджикистан "О праздничных днях" от 2 августа 2011 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №7-8, ст. 608; 2012 г., №7, ст. 684; №12, ч. 1, ст. 1011, 1012; 2014 г., №7, ч. 2, ст. 401; 2015 г., №3 ст.209, №7-9, ст. 706; 2016, №5, ст. 371, №7, ст. 619, №11, ст. 878; 2017 г., №1-2, ст. 13, №5, ч. 1, ст. 294; 2018 г., №1, ст.12; 2021 г., №12, ч. 2, ст. 693; 2022 г., №1-3, ст. 13) дополнить абзацами десятым и тридцать вторым следующего содержания:

"- Всемирный день защиты прав потребителей - 15 марта;";

"- День работников органов по контролю за наркотиками - 1 июня;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 8 июня 2022 года, №1878