Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 753 "Дар бораи рӯзҳои ид"

Санаи амалкуни: 24.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РӯЗҲОИ ИД

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод.608; с. 2012, №7, мод.684, №12, қ.1, мод. 1011, мод.1012; с. 2014, №7, қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209, №7-9, мод.706; с. 2016, №5, мод.371, №7, мод.619, №11, мод.878; с. 2017, №1-2, мод.13, №5, қ.1, мод.294)

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834, аз 28.12.2012 № 917, аз 28.12.2012 № 918, аз 26.07.2014 № 1104, аз 18.03.2015 № 1187, аз 8.08.2015 № 1218, аз 14.05.2016 № 1320, аз 23.07.2016 № 1341, аз 14.11.2016 № 1362, аз 24.02.2017 № 1390, аз 30.05.2017 № 1437, аз 2.01.2018 № 1480, аз 23.12.2021 № 1819, аз 18.03.2022 № 1862, аз 08.06.2022 № 1878, аз 24.12.2022 № 1935, № 1936, аз 22.06.2023 № 1973)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:

- Соли нав - 1 январ;

- Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 10 январ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1390);

- Рӯзи кормандони мақомоти гумрук - 22 январ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 25 январ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 917);

- Иди Сада - 30 январ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;

- Рӯзи Модар - 8 март;

- Рӯзи матбуот - 11 март;

- Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура - 14 март (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1218, аз 14.11.2016 № 1362);

хориҷ карда шуд ((Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 март (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1878);

- Рӯзи фарҳанг - 20 март (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1437)

- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;

- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834);

- Рӯзи кормандони мақомоти иҷро - 5 апрел (Қонуни ҶТ аз 24.12.2024 № 1936);

- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;

- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;

- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ - 18 апрел;

- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми моҳи апрел;

- Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;

- Рӯзи кормандони мақомоти адлия - 20 апрел (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1862);

- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;

- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;

- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;

- Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ - 6 май (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1935);

- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;

- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;

- Рӯзи Шашмақом - 12 май;

- Рӯзи байналмилалии оила - 15 май;

- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;

- Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология - 25 май (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1104);

- Рӯзи адвокатқо - 26 май;

- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;

- Рӯзи кормандони соҳаи кимиё - якшанбеи охири моҳи май (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;

- Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар - 1 июн (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1878);

- Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 июн (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 918);

- Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;

- Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия - 6 июл (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи маъюбон - 8 июл;

- Рӯзи моҳипарварон - якшанбеи дуюми моҳи июл;

- Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ - якшанбеи сеюми моҳи июл(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ - 25 июл (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - 26 июл (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1862);

- Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ - 30 июл (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи варзишгарон - 10 август;

- Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ -17 август;

- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;

- Рӯзи кормандони соҳаи тиб -18 август;

- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон - якшанбеи сеюми моҳи август;

- Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт - якшанбеи охири моҳи август (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;

- Рӯзи дониш - 1 сентябр;

- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;

- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;

- Рӯзи китоб - 4 сентябр;

- Рӯзи кормандони саноати нафту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;

- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;

- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;

- Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

- Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;

- Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26 сентябр (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1973);

- Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ - якшанбеи охири моҳи сентябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ - 29 сентябр (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1341);

- Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;

- Рӯзи пиронсолон - 1 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;

- Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480)

- Рӯзи Фалак - 10 октябр;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1862);

- Рӯзи соҳибкорон - 14 октябр (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1187);

- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ - 15 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1819);

- Рӯзи кормандони мақомоти судӣ - 26 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябр (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;

- Рӯзи кормандони милитсия - 10 ноябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1320);

- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;

- Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ - 1 декабр (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1973)

- Рӯзи геологҳо - 9 декабр (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834);

- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;

- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.08.2015 № 1218);

- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;

- Рӯзи кормандони соҳаи энергетика - 22 декабр;

- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ- 28 декабр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ

Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:

- 1 январ - Соли нав;

- 8 март - Рӯзи Модар;

- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1390);

- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

- 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 4. Афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ид

Дар рӯзҳои ид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Моддаи 5. Чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рӯзҳои ид

1. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

2. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ дар рӯзҳои ид бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешаванд.

Моддаи 5(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартаби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 6. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи рӯзҳои ид" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод.237; с. 1998, №10, мод.125; №23-24, мод.338; с. 1999, №5, мод.76; №12, мод.308; с. 2002, №4, қ.1, мод.191; мод.194; мод.197; с. 2003, №4, мод. 132; №8, мод.449; №12, мод.678; с. 2004, №5, мод.350; №12, қ. 1, мод.697; с. 2005, №3, мод.131; №12, мод.658; с. 2008, №1, қ.2, мод.9; №3, мод. 188; №12, қ.1, мод.988; с. 2009, №5, мод.319; №7-8, мод.493; №11, мод.698; мод.699; с. 2010, №7, мод.544; мод.548) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

2 августи соли 2011 № 753

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 3 ноябри соли 1995, №99 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 238) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш.Душанбе, 22 июни соли 2011, № 481

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоыикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011 № 201

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РӯЗҲОИ ИД

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.608; с.2012, №7, мод.684, №12, қ.1, мод.1011, мод.1012; с.2014, №7, қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209, №7-9, мод.706; с.2016, №5, мод.371, №7, мод.619; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1362) 

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834, аз 28.12.2012 № 917, аз 28.12.2012 № 918, аз 26.07.2014 № 1104, аз 18.03.2015 № 1187, аз 8.08.2015 № 1218, аз 14.05.2016 № 1320, аз 23.07.2016 № 1341, аз 14.11.2016 № 1362, аз 24.02.2017 № 1390)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:

- Соли нав - 1 январ;

- Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 10 январ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1390);

- Рӯзи кормандони мақомоти гумрук - 22 январ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 25 январ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 917);

- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;

- Рӯзи Модар - 8 март;

- Рӯзи матбуот - 11 март;

- Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура - 14 март (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1218, аз 14.11.2016 № 1362);

- Иди Сада - якшанбеи дуюми моҳи март;

- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;

- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834);

- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;

- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;

- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ - 18 апрел;

- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми моҳи апрел;

- Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;

- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;

- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;

- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;

- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;

- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;

- Рӯзи Шашмақом - 12 май;

- Рӯзи байналмилалии оила - 15 май;

- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;

- Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология - 25 май (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1104);

- Рӯзи адвокатқо - 26 май;

- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;

- Рӯзи кимёгарон - якшанбеи охири моҳи май;

- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;

- Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 июн (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 918);

- Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;

- Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия - 6 июл (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи маъюбон - 8 июл;

- Рӯзи моҳипарварон - якшанбеи дуюми моҳи июл;

- Рӯзи металлург - якшанбеи сеюми моҳи июл;

- Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ - 25 июл (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ - 30 июл;

- Рӯзи варзишгарон - 10 август;

- Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ -17 август;

- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;

- Рӯзи кормандони соҳаи тиб -18 август;

- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон - якшанбеи сеюми моҳи август;

- Рӯзи ангиштканон - якшанбеи охири моҳи август;

- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;

- Рӯзи дониш - 1 сентябр;

- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;

- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;

- Рӯзи китоб - 4 сентябр;

- Рӯзи кормандони саноати нафту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;

- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;

- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;

- Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

- Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;

- Рӯзи мошинсозҳо - якшанбеи охири моҳи сентябр;

- Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ - 29 сентябр (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1341);

- Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;

- Рӯзи кӯҳансолон - 1 октябр;

- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;

- Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;

- Рӯзи кишоварзӣ - 8 октябр;

- Рӯзи Фалак - 10 октябр;

- Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва суд - якшанбеи дуюми моҳи октябр (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи соҳибкорон - 14 октябр (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1187);

- Рӯзи кинои тоҷик -16 октябр;

- Иди Меҳргон - якшанбеи сеюми моҳи октябр;

- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябр (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;

- Рӯзи милитсия - 10 ноябр;

- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1320);

- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;

- Рӯзи геологҳо - 9 декабр (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834);

- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;

- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр;

- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;

- Рӯзи энергетика - 22 декабр;

- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ- 28 декабр;